ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар вақти таҳлили “Комде ва Мудан” муаллифи китоб ана ҳамин ҷиҳат, яъне характери тамсили доштани асарро ба эътибор нагирифта, онро ҳамчун достони мустақиле, ки саропо зодаи табъи шоъир аст, баррасӣ намудааст. Дар натиҷа таҳлили ӯ ғайриқонунӣ ва аз мақсади аслии муаллиф фарсахҳо дур афтодааст. Гузашта аз ин, ӯ ҳангоми таҳлили асар кӯшиш кардааст, ки бо ҳар роҳе, ки бошад, сохти ҷамъиятии замони шоъирро сиёҳ кунад, ҷамъияти “пӯсида ва тираву тори феодалӣ”
-ро танқиду мазаммат намояд. “Бехирадию ҷоҳилӣ ва золимию мардумбадбинӣ”
-и шоҳони гузаштаро фош созад. Муаллиф аз ҷумла навиштааст:
Бедил ба ин восита (ба воситаи образҳои Комде ва Мудан-Б.Р.) нишон додааст, ки ҳунар ва аҳли ҳунар дар рӯзгори шоъир қадру қимате надорад. Онҳо аз ҳуқуқи ишқ варзидан маҳруманд”.
Суоле ба миён меояд, ки агар ҳунар ва ҳунарвар, воқеъан, қадру қимат намедошт, Комде ба туфайли кадом фазилаташ ба дарбор роҳ ёфт? Подшоҳ гарданбанди хоси худро ба хотири чӣ ба Мудан тақдим намуд? Сабаби хориву зорӣ ва азобу уқубати Мудан на он аст, ки ӯ аҳли ҳунар ё аз табақаи ноёни ҷамъият мебошад. Иллати сарсониву оворагии ӯ ба як лаҳзаи конкретии ҳаёташ вобаста аст. Ӯ аз ҳунари волои Комде моту мабҳут гардида, худро гум кард на гарданбанди хоси подшоҳро беихтиёр ба зери пойи Комде андохт Ана ҳамин амали беихтиёронаи ӯ сабаби нокомиву сарсониҳои зиёди ӯ гардид.
Чун Бедил бузургтарини намояндаи сабки ҳиндӣ ба шумор меравад, табиъист, ки муаллиф доир ба ин сабк ва хусусиятҳои он низ маълумоти мухтасареро дарҷ намудааст.
Мутаассифона, мушоҳада ва мулоҳазаҳои вай дар ин бора низ баҳсноканд. Чунончи, ӯ сабки ҳиндӣ ва услуби Бедилро як чиз пиндоштааст, ки саҳеҳ нест. Агарчи дар осори Бедил умдатарин хусусиятҳои сабки ҳиндиро пайдо намудан мумкин аст, факти пеш аз Бедил вуҷуд доштану баъд аз ӯ низ идома ёфтани ин сабк далел бар он аст, ки ин ду падидаи адабӣ айни як чиз нестанд.
Бо сабаби он ки гурӯҳе аз шоъирони сабки ҳиндӣ дар Исфаҳон нашъунамо ёфтаанд, ин сабкро гоҳҳо бо номи “сабки исфаҳонӣ” низ ёд мекунанд. Вале то кунун касе онро бо номи “сабки бедилӣ” ном набурдааст.
Ҳамчунин зикр кардан бамаврид аст, ки на ҳамаи шоъирони асрҳои ХVI- ХVII Ҳиндустон бо сабки ҳиндӣ эҷод кардаанд. Масалан, Файзии Даканӣ ва Урфии Шерозиро чеҳраҳои барҷастаи ин сабк шуморидан душвор аст. Аз шоъирони асри ХVII низ даҳҳо нафарро метавон ном бурд, ки ба тарзи қудамо, яъне ба сабки хуросониву ироқӣ шеър гуфтаанд.
Бараҳмани Лоҳурӣ, Муллошоҳи Бадахшӣ, Ҳочиқи Ғелонӣ, Неъматхони Олӣ, Оқилхони Розӣ ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.
Азбаски муаллиф роҷеъ ба Бедил тасаввуроти ниҳоят маҳдуд ва мавҳум дорад, баъзан суханони қаблан гуфтаи худро фаромӯш кардааст. Ӯ дар бахши “Савол ва супориш” суолҳоеро матраҳ сохтааст, ки аз матни китоб ба онҳо ҷавоб ёфтан ғайриимкон аст. Чанде аз он суолҳо инҳоянд: “Шавқу рағбати ӯ (яъне Бедил-Б.Р.) ба кадом илмҳо бештар буд?” “Гӯшанишинӣ ба шоъир чӣ дод?” “Достони Комде ва Мудан” дар пайравии кадом достонҳои шоъирони гузашта иншо шудааст?” Ба ин суолҳо на дар бахши тарҷимаи ҳоли шоъир ҷавоб асту на дар қисмати таҳлили осори ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё