ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Суоли дигаре, ки низ беҷавоб аст, ин аст: “Чаро асарҳои Бедилро дар мактабҳои мусулмонии Афғонистон, Покистон, Эрон меомӯхтанд?” Мо ба ҷиҳатҳои мантиқӣ ва услубии ин ҷумла диққат намедиҳем. Ба хонандагони гиромӣ фақат ҳаминро гӯшрас менамоем, ки мунтаҳаби девони Бедил танҳо дар мактабҳои кӯҳнаи Осиёи Миёна асосан дар Тоҷикистону Ӯзбекистон хонда мешуд. Анъанаи бедихонӣ дар мактабҳои кӯҳнаи Афғонистон вуҷуд надошт. Дар Покистону Эрон Бедилро қариб ки намешинохтанд. Ва имрӯз ҳам ӯ дар ин ду кишвар шуҳрати бисёр надорад.
Чунон ки гуфтем, яке аз нуқсонҳои ҷиддии фасли “Бедил” ғалат хондау ғалат кӯчонидани порчаҳои манзум аст. Аз шаст порчаи манзуме, ки дар фасли мазкур иқтибос шудаанд, ин ҳодисаро дар 24 тои онҳо мушоҳада кардан мумкин аст. Чунончӣ, дар мисраъи савуми қитъаи “Ба соле, ки Бедил ба мулки зуҳур. . . ” ба ҷойи калимаи “мавлид”, “мавлуд” омадааст, ки оҳанги шеърро андаке халалдор кардааст.
Ё худ дар рубоъии “Дар мадраса ҷамъе, ки фароҳам гаштанд. . . ” калимаи “харӣ” дар шакли “харе” хонда шудааст, ки дар натиҷа таносуби маънии байтҳо вайрон шудааст.
Дар мисраъи дувуми рубоъии “Мотамзадае чанд дами муйндан. . . ” ба ҷойи бандаки изофии “и” суффикси исмози “ҷ” омада, маънан мисраъро норавшан сохтааст. Шакли саҳеҳи мисраъ ин тавр аст: Дидам бетоқати ба хун ғалтидан.
Дар байти “Дунё агар диҳанд, нахезам зи ҷойи хеш - Ман бастаам ҳинои қаноъат ба пойи хеш” ба ҷойи калимаи “диҳанд” “диҳад” ва ба ҷойи “нахезам” “намехезам” сабт шудааст ва вазни мисраъ тамоман хароб гардидааст.
Дар рубоъии “Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст. . . ” аз байни калимаҳои “вақт” ва “он” пайвандаки “у” афтидааст ва мисраъ то андозае тағйири маънӣ кардааст. Шакли саҳеҳи мисраъ ин аст. Дар чандин вақту он фуруд омадааст. Дар ин ҷо калимаи “он” ишора ба шеъри шоъир нест, балки ба маънии вақт, замони кӯтоҳ аст. Таъбири “як они воҳид” аз ҳамин ҷост.
Дар порчаи “Аз набот он чи ҷилвасон (?) шуд. . . ” ба ҷойи “ҷилвасон” “ҷилвасомон” ва ба ҷойи “эътибору чуну чаро” “эътибори чуну чаро” мебойист навишта мешуд.
Дар порчаи “Яке (?) ин ҷо гурӯҳи барзгаранд. . . ” ба ҷойи “яке” “яъне” навиштан лозим буд. Яъне ин ҷо гурӯҳи барзгаранд.
Дар порчаи “Баҳру кон ҷумла толиби нон шуд. . . ” калимаҳои “мухталифхосият” ва “ ҳавое” мебоист дар шакли як калима, яъне якҷоя навишта мешуданд. Умуман байтро дар ин шакл овардан лозим буд:
Ҷамъ гардид жожхойе чанд,
Мухталифхосиятҳавойе чанд.
Дар рубоии “Аз дунёдор умедро поя махоҳ. . . ” ба ҷойи калимйи “луч” “пуч” навиштан лозим буд: З-ин қавм таваққуъи ҳимоят пуч аст.
Дар рубоии “Золим пушад либоси хунбофтаро. . . ” ба ҷойи иборайи “шиъори худ” калимаи “шӯълаҳу” саҳеҳ аст. Маънои мисраъи чорум ҳаминро тақозо менамояд: Бо сангдилони шӯълаҳу сахти кун-Бардор ба оҳан оҳани тофтаро.
Дар рубоии “Ҳиммат ҳар ҷо беш (?) кунад кореро. . . ” ба ҷойи калимаи “беш” “пеш” ба ҷойи “фалоҳате” “фалоханӣ” ва ба ҷойи ибораи “ба кӯшиши беҳад” “ба кӯшиш печад” навиштан лозим буд. Шакли саҳеҳи рубоъӣ ин аст:
Ҳиммат ҳар ҷо пеш кунад кореро,
Душворӣ нест ҳеҷ душвореро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё