ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Якчанд фалоханӣ ба кӯшиш печон,
Холӣ созад зи санг кӯҳсореро.
Дар рубоъии “То мард ба ранги лаъл дилхун нашавад. . . ” ба ҷойи таъбири “санги табиъатӣ” калимаи “сангтабиъате” дуруст аст: Ҳар сангтабиъате нагардад ёқут.
Дар рубоъии “Ёрон ба тифоӣ агар қадам мешикананд. . . ” баҷойи калимаи “тифоӣ” “вифоқ” саҳеҳ аст. Ҳамчунин аз мисраъи дувуми ин рубоъӣ калимаи “саф” афтидааст:
Ҷайши арабу сафи аҷам мешикананд.
Дар мисраъи чоруми рубоъии “Дар таҷрубагоҳи олами сулҳу набард. . . ” ба ҷойи пешоянди “бо” пешоянди “бар” саҳеҳ аст: Гардунро низ бар замин меоварад. Дар рубоъии “То айби ту сар наёрад аз парда бадар. . . ” калимаи “бадар” ҷудо (ба дар) навишта шудааст, ки саҳеҳ нест.
Дар рубоъии “Бедил, марав он ҷо ки намехонандат. . . ” ба ҷойи калимаи “барнахезонандат” “барнамехезонандат” омадааст ва мисраъ номавзун шудааст. Мисраъ ин тавр бояд бошад: Биншин ҷойе, ки барнахезонандат.
Аз мисраъи “Эй ки таърифи салотии кардаӣ. . . ” пайвандаки “ки” афтидааст ва ин ҷо низ вазн осеб дидааст.
Дар байти савуми ғазали “Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бархони ман. . . ” ба ҷойи таркиби “сар мекашад” “сар мекашид” саҳеҳ аст:
Баҳри побӯси ту ҳар ҷо сабза сар мекашид,
Дошт бо худ нусхае аз ҳасрати мижгони ман.
Гуфтан лозим аст, ки шарҳи ҳол ва таҳлили осори Бедил на фақат аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва сатҳи мулоҳазаву муҳокама ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад, инчунин аз нигоҳи услуби нигориш, тарзи баёни мавзӯъ ва дигар хусусиятҳои шакливу забонӣ низ бо ҳар ду пой мелангад. Дар ин ҷо ҷумлаҳои мантиқан хароб, услубан ғалат, калимаву таъбирҳои нодаркор, такрорҳои бемаврид, беэътиноӣ ба қоъидаҳои маъмули забон ва ғайра хеле зиёданд. Инак чанд мисол: “Аҳамияти ин асар пеш аз ҳама, дар он аст, ки мо дар бораи муносибат, зиндагии адиб маълумот гирифта метавонем”,
-“Ӯ дар бораи рӯҳи мутлақ, наботӣ, ҳайвонӣ ва инсонӣ ва муносибати онҳо ба тафсил сухан меронад”. “МУТАФАККИРИ бузург қувваи иттифоқро дуруст дарк намуда, боифтихор мегӯяд, ки агар хоҳад осмонро ба замин меорад”. “Шоъир ба ин восита тазодҳои зиндагии ин ду гурӯҳи табақаҳои ҷамъиятиро ба хубӣ инъикос намудааст”. “Дар мактуб талаб карда шудааст, ки ба ишқи Комде ва Мудан садди роҳ нашавад ва имконият диҳад, ки онҳо ба муроди якдигар расанд”. “Достони “Комде ва Мадан” чун достонҳои ишқии “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Хусрав ва Ширин” бо фоҷеа ба анҷом мерасанд, вале қаҳрамонҳои достони Бедил ба мақсад мерасанд”.
“Ҳофизон ғазалҳои шоъирро ба оҳанг дароварда, хеле марғуб месароянд”.
УСТОД АЙНӢ ВА БЕДИЛШИНОСОНИ АФҒОНИСТОН
Ошноӣ бо ҳаёт ва эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ (1878-1954) гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ аз айёми ҷавонӣ то охирин солҳои зиндагиаш аз мутолаа ва омӯзиши осори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720 фориғ набудааст. Мутолааи бардавоми осори Бедил ба устод Айнӣ имкон дод, ки ба ҳайси як бедилшиноси намоёни асри худ шиноха шавад. Ӯ ҳанӯз солҳои дар Бухоро таҳсил карданаш чун шахси бедилхону бедилрас эътибор ва шӯҳрати зиёд дошт. Ҳамдарсон ва дигар муосиронаш барои фаҳмидани нуктаҳои душвори осори Бедил ба ӯ муроҷаат мекарданд, аз ӯ мадад металабиданд. Муроҷаати яке аз ҳамдарсони собиқаш Олимҷон Идрис ном нависандаи тотор далели ин гуфтаҳо шуда метавонад. Олимҷон Идрис вақте ки мехоҳад мақолае дар бораи Бедил нависад, барои маслаҳат ва кӯмак ба воситаи мактуб ба устод Айнӣ муроҷаат менамояд. Устод Айнӣ дар ҷавоби номаи Олимҷон Идрис шарҳи ҳоли мухтасари Бедилро навишта, ба ӯ равона месозад. Олимҷон Идрис матни номаи устод ва тарҷумаи тотории онро дар соли 1912 дар шумораи дуввуми маҷалаи “Шӯро”, ки дар шаҳри Оренбург чоп мешуд, ба табъ расонидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё