Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тавре ки муҳаққиқони осори устод Айнӣ Муҳаммадҷон Шукуров ва Ҷӯрахон Бақозода навиштаанд, дар номаи устод Айнӣ аввалин фикру мулоҳазаҳои ӯ дар бораи Бедил ифода ёфтаанд (Ниг.: Ҷашнномаи Айнӣ, ҷузъи 3, Душанбе, Дониш 1966).
Устод Айнӣ омӯзиши осори Бедилро идома дода, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муносибати 300 солагии шоир тадқиқоти пурарзишеро дар бораи ӯ ба анҷом расонид.
Варианти мухтасари он тадқиқот зери унвони “Мирзо Абдулқодири Бедил ва эҷодиёти ӯ” дар солҳои 1946-1947 дар маҷаллаи “Шарқи сурх” ба табъ расида буд. Матни пурраи рисола бо номи “Мирзо Абдулқодири Бедил” дар соли 1954 тақрибан як моҳ пеш аз вафоти муаллиф аз чоп баромад. Рисолаи устод Айнӣ дар он солҳо яке аз аввалин китобҳо дар бораи Бедил буд. Рисола дар олами илму адаби собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хуш пазируфта шуд ва ба мамлакатҳои ҳамзабони мо, аз ҷумла Афғонистон, низ раҳ ёфт. Рисола дар Афғонистон ба зудӣ ба расмулхати форсӣ баргардонида шуд. Китобро шоири маъруф Зиё Қоризода ба форсӣ гардонида буд. Рисола ба форсӣ баргардонида шуд, вале рӯи чопро надид. Дар Афғонистон рисола агарчи чоп нашуд, вале мавриди мутолаа ва истифодаи муҳаққиқони ин кишвар қарор дошт. Як идда муаллифон дар таълифи асарҳое, ки роҷеъ ба Бедил навиштаанд, дар баробари дигар манбаъҳо рисолаи устод Айниро низ дар ихтиёр доштаанд.
Чунончи, Муҳаммадҳайдари Жубал ном муҳаққиқ дар мақолае бо номи “Ёди Бедил”, ки бори аввал дар соли 1335 шамсӣ, 1956 милодӣ дар маҷаллаи “Ориёно” чоп шуда буд, дар шарҳи ҳол, баёни ақоиду афкор ва зикри маҳорати шоирии Бедил аз навиштаҳои устод Айнӣ фаровон истифода кардааст. Вале ӯ, мутаассифона, на аз устод Айнӣ ном бурдаасту на аз асри ӯ. Муаллиф суханони устод Айниро ҷое музмунан на ҷое айнан иқтибос намуда бошад ҳам, онҳоро бо аломатҳои зарурӣ ҷудо накардааст, фикри Айнӣ буданашонро таъйид нанамудааст. Масалан, ӯ дар “Муносибаи фикру хаёли Бедил” ном бахши мақолааш навиштааст: “Дар кӯдакӣ дидор, дар ҷӯши ҷавонӣ маҷзубу дарвеш, дар охирҳои ҷавонӣ мутасаввиф ва дар охири ҳаёташ фийласуфи бузурги ба зиндагӣ наздик гардид”.
Дар рисолаи устод Айнӣ, дар бахши “Муносибати эҷодиёт ва тафаккуроти Бедил ба давраҳои ҳаёташ” мехонем: “Дар баччагӣ диндор, дар ҷӯши ҷавонӣ маҷзуб ва дарвеш, дар охирҳои ҷавониаш мутасаввиф ва дар охир файласуфи ба зиндагӣ наздик гардид”.
Муҳаммадҳайдари Жубал дар бахши мазкури мақолааш овардааст: “Забони шеъри Бедил мунтаҳо сода аст ва дар айнӣ замон зебоии каломро лафзану маъноан муроот кардааст. Аммо аз назари ҷумлабандӣ, ташбеҳот, киноёту истиорот забони Бедил мушкилтарин забони адабии дарист”.
Дар рисолаи устод Айнӣ, дар бахши “Забон, услуб ва санъати шеърии Бедил” мехонем:
“Агар мо забони шеърии Бедилро аз нуқтаи назари луғатҳои ҷудогона якта-якта мулоҳаза кунем, ин забон хеле сода менамояд. Аммо вақте ки сухан дар бораи ҷумлабандӣ, ташбеҳот, киноя ва истиорот омад, забони Бедил душвортарин забони адабии тоҷик мегардад”.
Муҳаммадҳайдари Жубал дар хусуси маҳорати шоирии Бедил чунин навиштааст:
“Иқтидори шеърии Бедил баланд ва табиист. Ғазалҳояш ҳадди аксар дорои нӯҳ байт аст ва то 15 байт ҳам мерасад ва дар як қофияву баҳр чандин ғазал дорад. Қасоиди ӯ аз 150 байт то 170 байт мерасад. қудрати вай дар истеъмоли буҳур ва авзони ғайриматбӯъ бештар намоён аст”.

пешина
аз 250
навбатӣ