ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
(ҳамон ҷо с. 325).
Тавре ки мебинем, баъди огаҳӣ аз мақсади шоир ҳамроҳони ӯ мехоҳанд, ки монеъи тасмими ӯ шаванд. Вале чун мебинанд, ки азми ӯ қатъист аз роҳи тамасхур ва истеҳзо пеш меоянд ва мегӯянд, ки ин азм агар аз паҳлӯи каромот аст, каромоте бояд, ки аз ин вартаи ҳалокат раҳоӣ ёбем ва ин тасмим агар мабнӣ бар шуҷоъат бошад, мардонагие зарур, ки аз ин туфонгоҳ бо фатҳу зафар бадар оем.
Фикри дар ин солҳо машғули хидмати ҳарбӣ будан ва ҳатто мансаберо бар ӯҳда доштани Бедилро порчаи дигаре аз «Чорунсур» боз ҳам равшантар месозад. Шоир дар ин порча факти ба Азимобод ном қария расидан ва як шабонарӯз дар он ҷо тавққуф кардани худро зикр намуда, идомаи сафарашро ин тавр ба қалам додаст: «Фардои он рӯз, (рӯзи ба Азимобод расидан-Б.Р.), ки маҳмили азми Бедил пешоҳанги ҳаракат гардид, ҳамаро наъл дар оташи шавқи хиром гардонид. Саканаи он ҷо ба инонгирӣ таваҷҷӯҳ гумоштанд ва ба шӯри мунодӣ аламе таъкид афроштанд, ки фавҷдорони маъзул сояи девори сипар андохтанро ҳисори салтанат андешидаанд ва гарди овозаи мансуб ҳанӯз аз арсаи Дакан ба Ҳиндустон нарасида.
Дар ин вақт ҳар кӣ бе бадрақа пой дар ин роҳ мегузорад, ҳамон ба хуни худ қадам меафшорад» (ҳамон ҷо, с. 326).
Чунон ки мебинем, сокинони қарияи Азимобод нисбат ба Бедил ва ҳамсафарони ӯ ибораи «фавҷдорони маъзул»-ро кор фармуда, таъкид кардаанд, ки дар хусуси ба ҷои онҳо таъйин шудани шахсони дигар ҳанӯз аз ҷониби Дакан фармон нарасидааст. Дар ин ҷо ишора ба Дакан бад ин сабаб аст, ки Аврангзеби Оламгир аз соли 1090 (1679) шаҳри Давлатободи Даканро пойтахти худ қарор дода буд ва ҳама гуна фармонҳои шоҳӣ аз он ҷо содир мешуд.
Қобили қайд аст, кидар дар ин айём, яъне дар соли 1096 (1685) Муҳаммад Аъзамшоҳ низ дар Дакан буд ва ғолибан, аз ҳодисаи тарки хидмат намудани Бедил хабар надошт, ки монеъи тасмили ӯ шуда натавонист (ниг. История Индии в среднее века, М., 1986. стр. 540).
Ҳамин тавр, шоир пас аз ду соли ширкат дар муҳорабаҳои Матҳро аз хидмати ҳарбӣ дилгир шуда, роҳи сафари Деҳлиро пеш гирифт ва чунон ки аз мактубе ба номи Шукрулоҳхон бармеояд, 27 ҷимодиулохири соли 1096 (31майи 1685) дохили шаҳри Деҳлӣ гардид.
Шоир дар номаи мазкур аз ҷумла чунин навишта буд: «Ҳарчанд ризқи муқаддар дар ҳама ҳол ва ҳама ҷо муъайян ва муқарар аст, аммо ошёни ҷамъияти парешонӣ мафкуд ва номуяссар. Агар дар ин савод (яъне шаҳри Деҳлӣ-Б.Р.) мавзеъе канори дарё ё лаби наҳр ба суҳулат дари иттифоқ кушояд, потакяе ихтиёр намояд ва мобақии муддати мӯҳлате, ки аз назари яқин мухтафист, бе ташвиши тағйири макон ба сар барад. Агар аҳёнан толеъи бедилӣ аз даври аслӣ бар нагардад, домани «арзуллоҳу восиъатун» занҷири пойи ҳарзаҷавлонӣ нест.
Мадди умрам, чун нигаҳ, Бедил, ба ҳайронӣ гузашт, Гӯшаи чашме нашуд пайдо, ки ҷо пайдо кунам».
(К.Б., ҷ. 4 Руқаъот, с. 152).
Суоле ба миён меояд, ки чаро шоир то соли 1096 (1685) манзили доимӣ надошт? Чаро ӯ ҳар замон тағйири макон менамуд? Сабаби ин оворагию хонабардӯшиҳо оё хидмати ҳарбӣ буд? Оре, хидмати ҳарбӣ набуд, ки шоирро аз Акбаробод ба Деҳлӣ, аз Деҳлӣ ба Лоҳур, аз Лоҳур ба Ҳасанабдол, аз онҷо ба Гуҷарот ва аз Гуҷарот боз ба Деҳливу Матҳро овора медошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё