ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Бад-ин тариқ, Бедил дар соли 1081 (1670-71) ба мулозамат дар саркори Аъзамшоҳ шурӯ намуда, то соли 1083 (1672-73) дар Акбаробод, аз соли 1084 (1673-74) то соли 1085 (1674-75) дар Деҳлӣ ба сар бурд. Соли 1085 (1674-75) ба даъвати Аъзамшоҳ ба Лоҳур рафта, ба ҳайси як сипоҳӣ ба лашкари ӯ ҳамроҳ шуд ва то соли 1086 (1675-76) дар Лоҳур ва Ҳасанабдол хидмат намуд. Сипас ҳамроҳи лашкариёни Аъзамшоҳ ба Гуҷарот рафта, зоҳиран, то соли 1090 (1679-80) дар он ҷой монд. Шоир аз соли 1090 (1679-80) то соли 1094 (1683) дар Деҳлӣ ва аз соли 1094 (1683) то соли 1096 (1685) дар Матҳро хидмати ҳарбиро давом дод. Ва ниҳоят дар соли 1096 (1685) дар Матҳро тарки хидмат намуда, ба мақсади иқомати доимӣ ба шаҳри Деҳлӣ омад.
Тавре ки мебинем, муддати мулозимати Бедил дар саркори Аъзамшоҳ ҷамъан 15 сол аст.
Се-чор соли аввал (1081-1085\1670-1675) дар вазифаи доруғагии кӯфтагархона, яъне корхонаи аслиҳасозӣ ва II соли дигар (1085-1096\1674-85) дар кори сипоҳгарӣ.
Тибқи шоҳодати Хушгӯ, шоир дар хидмати ҳарбӣ ба аҳзи мансаби понсадӣ ноил гардида буд.
Инак, меоем бар сари масъалаи дигар-сабаби тарки мулозамат намудани Бедил.
Дар ин хусус дар байни муалифони тазкираҳо се ақида мавҷуд аст. Яке, маълумоти Шералихони Лудӣ, дигаре, маълумоти Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронӣ ва саввум, навиштаи Биндробандоси Хушгӯ.
Маъмултарини ин ақидаҳо, чунон ки хоҳем дид, ақидаи муаллифи «Миръотулхаёл»
Шералихони Лудист. ӯ навиштааст: «Рӯзе дар маҷлиси шоҳзода (Аъзамшоҳ-Б.Р.) зикри шуъарои аср дар миён омад. Яке аз муқаррибон ба арз расонид, ки билфеъл дар Шоҳиҷаҳонобод, балки дар аксар аз саводи Ҳиндустон беҳтаре аз Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар силки мулозимони саркор мунсалик аст, нахоҳад буд. Шоҳзода гуфт: Бигӯед, ки қасидае дар мадҳи мо иншо кунад, то зӯри табъаш маълум намуда, ба изофаи мансаб ва тақарруб сарфароз намоем. Ин хабар ба Мирзо расид. Филҳол ба бахшии саркор рафта, истеъфои мансаб кард. Ҳарчанд дӯстон маслиҳат дар он диданд, ки қасида дар мадҳи шоҳзода тавон гуфт, қабул накард ва тарки мансаб намуд» (Миръотулхаёл, нусхаи мазкур, вар. 251 «б»).
Як зумра тазкиранависон, аз ҷумла Ғуломалӣ Озоди Балгиромӣ дар «Яди байзо», «Сарви озод» ва «Хизонаи омира», Абдулваҳоби Ифтихор дар «Тазкираи беназир», Бхагавандоси Ҳиндӣ дар «Сафинаи Ҳиндӣ», Ҳусайнқулихони Азимободӣ дар «Ништари ишқ», Муҳаммад Қудратуллоҳи Гӯпомӯӣ дар «Натоиҷулафкор», Муҳаммадсиддиқи Ҳасанхон дар «Шамъи анҷуман» навиштаи Шералихони Лудиро такрор намудаанд.
Аксари муҳаққиқони муъосир, чун Ёсинхони Ниёзӣ, устодСадридини Айнӣ, Абдулғанӣ ва Асадуллоҳи Ҳабиб низ дар ҳамин ақидаанд. Вале ин фикр, яъне навиштаи Шеръалихони Лудӣ дар бораи сабаби тарки мулозимат кардани Бедил, беасос ва аз воқеият дур аст.
Аъзамшоҳ аз шоир будани Бедил ба хубӣ огоҳ буд ва Бедил низ дар малҳи ӯ як қасида дар ҳаҷми 27 байт ва чанд ғазалу қитъа эҷод кардааст. Ҳоло чанд байтро аз қасидаи ӯ нақл менамоем:
Ҳаббазо, хуршеди қудратманзари авҷи яқин,
Ҳукмфармои салотин, муттакои оламин.
Соҳиби илму худованди ҷаҳон, мухтори даҳр, Волии давлат, паноҳи миллату иқболи дин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё