ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Вориси соҳибқирон султон Муҳаммадаъзам он, К-аз гули мадҳаш забон дорад чаман дар остин…
(Куллиёти Бедил, ҷилди 2, кобул, 1342, қасоид, с. 104).
Соҳиби тазкираи «Миръоти воридот» Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронӣ сабаби аз хизмати Аъзамшоҳ рафтани Бедилро ин тавр ба қалам овардааст: «Рӯзе яке аз муқаррибони бисоти салтанат ашъори Мирзо ба самъи шоҳ (Аъзамшоҳ-Б.Р.) расонид. Шоҳ пурсид: Ин ашъори кист? Арз кард, ки аз Мирзо Бедил. Шоҳ бар сабили хуштабъӣ фармуд: Бедилро дар лашкари мо, ки тамом ҷавонони пурдиланд, чӣ кор? Мирзо ба муҷарради истимоъи ин фаҳвои хориҷоҳанг аз он мақом қадам ба водии сафар гузошт» (Маҷаллаи «Ориёно», Кобул, 1349, №3, с. 71).
Ба назари мо, навиштаи Вориди Теҳронӣ низ воқеъӣ ва боварибахш нест. Бедил, ки аз ҷумлаи наздикони Аъзамшоҳ буд, гумон аст, ки аз сухане «бар сабили хуштабъӣ» гуфташуда биранҷад ва гузашта аз ин, дар асари ин сухан тарки хидмат намояд.
Шогирд ва ҳамсӯҳбати доимии Бедил Биндробандоси Хушгӯ дар бораи ба хидмат пайвастан ва аз он фориғ гардидани Бедил чунин навиштааст: «Ба ҳар ҳол чун баҳори ҷавонӣ дар бӯстонсарои вуҷудаш дамидан оғоз кард, ба ҳукми рифъати истеъдод ва таҳсили асбоби маъош мулозимати подшоҳзодаи олиҷоҳ Муҳаммад Аъзамшоҳ дарёфт. Бист сол дар ин шуғл машғул буд… Баъд аз он, чун ҷазба даррасид, таморӯз намуда, аз хидмати шоҳӣ мустағнӣ гардид» (Сафинаи Хушгӯ, саҳ. 108).
Чунон ки мебинем, Хушгӯ ҳодисаи тарки хидмат кардани Бедилро ба ягон воқеъаи тасодуфӣ вобаста накарда, навиштааст, ки: «чун ҷазба даррасид, таморуз намуда, аз хидмати шоҳи мустағнӣ гардид». Яъне чун дар дили ӯ хоҳише пайдо шуд, ки тарки хидмат намояд, худро бемор вонамуд сохта, аз мулозимат даст кашид. Хушгӯ баъди зикри ин маълумот илова кардааст: «Подшоҳзодаи олиҷоҳ аз рӯи камоли қадрдонӣ нишоне ба дастхати хос навишта. Фақир Хушгӯ биҷинсиҳи дар қаламдони эшон дида. Ин ҷо нақли он мусаввада мешавад. Нишони дастхати хоси подшоҳӣ: Алҳамдулиллоҳи валминнату, ки ҳанӯз қувваи баданӣ, он рифъату шуҷоъати дастгоҳ ба ҳоли худ аст. Бо вуҷуди барқарории ҳавос аз хидмати олии шоҳӣ тақоъуд варзидан шарти ифои ҳуқуқи ихлос нест. То ҳол ҳам ҳеҷ нарафта. Он чӣ заруриёти роҳ даркор бошад, буютоти дорулхилофа амри нафоз ёфта, саранҷом карда хоҳад шуд. Зуд мустаъиди мулозимат гардад. Интиҳо.
Эшон дар ҷавоб аризае ба алқоби «худовандо» марқум намудаанд, ки тамоми он дар «Руқаъот» дохил аст. Як рубоъӣ аз он навишта меояд:
Аз шоҳи худ он чӣ ин гадо мехоҳад,
Афзунии мансаби ризо мехоҳад.
То ҳимати фақр нанги хоҳиш накашад,
Сархайлии лашкари дуъо мехоҳад»
(Сафинаи Хушгӯ, саҳ. 108).
Дар «Руқаъот»-и Бедил мактубе ба унвони «Ба шоҳ Аъзамшоҳ, ки ҳақиқати орзуи фақир дархостанд» мавҷуд аст, ки бо хитоби «худовандо» оғоз меёбад ва рубоъии зикркардаи Хушгӯ дар он ба назар мерасад. Ин ҳамон номаест, ки Хушгӯ дар хусусаш сухан кардааст.
Дар ин мактуб шоир сабаби аз хидмат рафтани худро дар фаро расидани пирӣ нишон додаст.
Ӯ навиштааст: «Тоқатҳои ҷавонӣ, ки василаи обрӯи бандагист, ба заъфи пирӣ анҷомид ва истиқомати қиво, ки далели саъодати хидматгузорист, сар ба ҷайби азпоафтодагӣ кашид. Дар ин муддат:
Ҳар чӣ аз саъйи норасо меруст,
Ба арақ рӯи хиҷлате мешуст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё