ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Орзуҳо ба боди рустан рафт,
Арақе монду рӯ ба шустан рафт».
(Куллиёти Бедил, Лакҳнав, 1287, с. 86).
Хушгӯ пас аз зикри номаи ҷавобии Бедил илова кардааст, ки шоир «ба ёдоварии ҳуқуқи намак ғазале дар он ариза (нома - Б.Р.)нигошта буд, ки ин байт аз он аст» (Сафина, саҳ. 108).
Ғазале, ки Хушгӯ ду байти онро зикр кардааст, дар куллиёти Бедил мавҷуд аст ва матни комили он ин аст:
Агар хуршеди гардунам в-агар гарди сари роҳам, Гадои ҳазрати шоҳам, гадои ҳазрати шоҳам.
Қабуле доштам дар боргоҳи арш таъзимаш,
К-аз он касби саъодатҳо кунун мақбули аллоҳам.
Зи иқболи заминбӯсаш ғаное кардаам ҳосил,
К-аз инъоми фалак ҷуз узри истиғно намехоҳам.
Замингирӣ надорад манъи таслими ҳузури ман, Ба хок афтодаам, аммо ҳамон чун соя ҳамроҳам.
Суҷуде мебарам аз дур хоки остонашро,
Ба он қурбе ки наздикон ҳам аз дуранд огоҳам.
Ба зери сояи ёдаш виқоре чидаам бар худ,
Ки хиффат мекашад кӯҳ аз тамошои пари коҳам.
Чи наздикӣ, чи дурӣ бандагӣ ботил намегардад, Фидоӣ будам, акнун аз дуъогӯёни даргоҳам.
Ба ҳукми нокасӣ домони нозе додаам аз каф,
Ки меҷӯшад чу мижгон чокҳо аз дасти кӯтоҳам.
ҷудо з-он остон дигар чӣ гӯям, чистам, Бедил?
Ғамам, дарди дилам, доғам, сиришкам, нолаам, оҳам.
Тавре ки мебинем, Бедил дар ин ғазал низ ба ҳодисаи мулозамати хеш дар саркори Аъзамшоҳ ишораҳо кардааст. Мисраъҳои «Қабуле доштам дар боргоҳи арштаъзимаш», «Фидоӣ будам, акнун аз дуъогӯёни даргоҳам», «Ба ҳукми нокасӣ домони нозе додаам аз каф», «ҷудо з-он остон дигар чӣ гӯям, чистам Бедил?»ва ғайра далели ин фикранд.
Илова кардан лозим аст, ки дар Куллиёти Бедил ғазали дигаре низ мавҷуд аст, ки зоҳиран, он ҳам ба Аъзамшоҳ дахл дорад. Дар ғазал ҳамзамон бо мадҳу ситоиши мамдуҳ аз замоне ёд шудааст, ки шоир аз лутфу карам ва нозу неъмати ӯ (мамдуҳ) баҳравар будааст. Инак, чанд байти он ғазалро низ иқтибос мекунем:
Ҷинси мавҳумам дукони обрӯе чидааст,
Ҳеҷ ҳам дар олами уммед меарзидааст.
Дар ҷаноби ҳазрати шоҳи сулаймонборгоҳ
Вотавон мӯре хаёли арзе андешидааст.
З-ин сутуре чанд, к-аз таслим дорад ифтихор, Маънии розам ҷабинҳо бар замин молидааст…
Дар ғубори хат нафас дуздида оҳе мекашам,
Сурма гардидаст дил, то ин садо болидааст.
Дастгоҳи нуқта ку? Пешониам бастаст нақш,
Хат чӣ маънӣ дорад ин ҷо? Саҷдаам лағзидааст.
Хомӯшӣ аз баски нозук месраояд дарди дил, ҷуз хаёли шоҳ фарёдам касе нашнидааст.
Гаштаам пиру зи ҳаққи неъмати деринааш
Ҳамчунон дар ҳар буни мӯям намак хобидааст…
Ҳар куҷо сар кардаам, Бедил, дуъои давлаташ, Ҷӯши омин аз замин то осмон печидааст.
Байти ҳафтуми ин ғазал (Гаштаам пиру) яқинан ишора аст ба замони мулозамати шоир дар ҳузури Аъзамшоҳ. Зеро, чунон ки аз байтҳои дуввум ва шашум бармеояд, мамдуҳи шоир шоҳ ё шоҳзода аст. Аз ҷумлаи шоҳону шоҳзодагони асри хеш Бедил танҳо дар саркори Аъзамшоҳ хидмат кардааст. Ҷолиби диқат аст, ки шоир дар ин ҷо низ (дар байти ҳафтум) ба ҳодисаи пирии худ, ки сабаби асосии истеъфо гардида буд, ишора кардааст.
Чунон ки гуфтем, таърихи истеъфои Бедил соли 1096 (1685) аст, ки ба 42-солагии ӯ рост меояд. Албатта, дар қиёси умри умумии инсон ин синну солро айёми пирӣ гуфтан нашояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё