Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ин давраро барои адои хидмати ҳарбӣ давраи ҷавонӣ ҳисобидан ҳам номумкин аст.
Сабаби тарки хидмат кардани Бедил, аз як тараф, ба синну соли ӯ вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба фаъолияти эҷодиаш мусоъадат накардани муҳити зиндагии ӯст. Ба ибораи дигар, хидмати ҳарбӣ имкон намедод, ки шоир ба таври дилхоҳ ба фаъолияти эҷодӣ машғул шавад. Бесабаб нест, ки ӯ аз соли 1081 (1670-71) то соли 1096 (1685) ягон асари калонҳаҷм таълиф карда натавонист. Маснавии нахустини ӯ «Тилисми ҳайрат» дар соли 1080 (1669-70), яъне то замони ба хидмати Аъзамшоҳ рафтани ӯ, эҷод шуд. Таълифи «Муҳити аъзам», ки дар соли 1078 (1665-66) оғоз ёфта буд, баъд аз замони истеъфо- дар байни солҳои 1096-1099 1685-1688) ба поён расид. Маснавии дигари вай «Тӯри маърифат» дар соли 1097 (1685-86) таълиф шуд. Ва ниҳоят, девони нахустини шоир низ дар байни солҳои 1096-1098 (1685-1687) мураттаб гардид.
Ангезаи саввуме, ки Бедилро ба тарки хидмат водор намуд, ғолибан, бадамнӣ ва нооромиҳои охирин мавзеъи хидмати ӯ шаҳри Матҳро буд. Номае, ки шоир баъди аз Матҳро ба Деҳлӣ омадан ба Шукруллоҳхон фиристодааст, ба ин маънӣ далолат менамояд. Шоир дар ин нома навиштааст: «Фарёдрасо, ба ҳасби инқилоби аҳволи олам, хоса таҳлукаи навоҳи Исломобод (номи дигари Матҳро-Б, Р.), ки дар ин айём поси номуси соҳибқудратон ҳам дар ин сарзамин бетаъаззуре нест, то ба ғурапои бедаступо чӣ рассад, муъованати фазли эзидиро шомили ҳоли хайриятмаол андешида бо пошикастае чанд, ки бори гардани зиндагианд, рахти саломат берун кашид ва бистуҳафтуми ҷимодиюлохир (соли 1096-Б.Р.) дохили дорулхилофат (шаҳри Деҳлӣ- Б.Р.) гардид» (Куллиёти Бедил, Лакҳнав, с. 152).
ЛАҲЗАЕ АЗ РӮЗГОРИ БЕДИЛ
Дар кори омӯзиш ва таҳқиқи аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) лаҳзаҳои норавшан ва камтадқиқ ҳанӯз ҳам зиёданд. Яке аз чунин лаҳзаҳо сабаби тарки таҳсили расмӣ намудани шоир аст. Чунон ки маълум аст. Бедил дар синни панҷсолагӣ ба мактаб рафта, дар синни 10-11 солагӣ онро тарк намуд. Сабаби тарк намудани таҳсил чӣ буд?
Пеш аз он ки ба ин суол ҷавоб гӯем, замони ба мактаб рафтану ба таҳсил шурӯъ намудани ӯро ба хотир меорем.
Тибқи навишти худи Бедил, вақте ки ӯ панҷсолаву шашмоҳа шуд, модараш ӯро ба мактаб дод. Ӯ дар муддати ҳафт моҳ дар баробари аз худ кардани хату савод қуръони каримро хатм намуд ва то даҳсолагӣ ба сарфу наҳви забони арабӣ ва назму насри адабиёти форсӣ ошно гардид. Вай дар ин синну сол аз қоидаву қонуни шеъру шоирӣ огаҳ шуда, ба машқи шеър низ шуғл меварзидагӣ шуд ва аввалин шеъри худро дар айёми мактабхонӣ, дар синни даҳсолагӣ гуфт. Ӯ нақл мекунад, ки яке аз шарикдарсонаш одате дошт, ки қаранфули гардан зери забон мегузошт ва ҳангоми такаллум аз даҳонаш бӯи хуши қаранфул ба машом мерасад.
Ҳамин одати шарикдарсаш сабаби ба дунё омадани аввалин шеъри ӯ гардид.
Шеър ин аст:
Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,
Бӯи оҷибеш аз даҳан меояд.
Ин бӯи қаранфул аст ё накҳати гул?
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд?
Таҳсили Бедил дар мактаб (на дар мадраса) ҳамагӣ чоруним-панҷ сол, яъне то сини даҳсолагиаш, давом кард. Ӯ ҳодисаи мазкури аввалин бор шеър гуфтани худро ба хотир оварда, таъкид кардааст, ки «ҳамон сол (соли даҳуми умр- Б. Р) нусхаи иктисоб варақи ашғоли зоҳир баргардонд ва мутолааи асрори дил паси зонуи тафаккурам нишонд». Яъне ҳамон сол шуғли аз бар намудани илмҳои зоҳир қатъ гардид ва мутолааи асрори дил-бо роҳи худомӯзӣ касби камол намудан шурӯъ шуд. Суоле ба миён меояд, ки оё бо хатм намудани мактаб таҳсили расмӣ ё худ зоҳирии Бедил ба поён расид?

пешина
аз 250
навбатӣ