Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз як ишораи Бедил дар хусуси баҳси ду мударрис (дар ин бора баъд сухан хоҳем ронд) бармеояд, ки ӯ муддате дар мадраса низ таҳсил намудааст. Зоҳиран, дар асоси ишора аст, ки яке аз аввалин муҳаққиқони шоир Абдурауфи Фитрат навиштааст, ки Бедил то даҳсолагӣ дар мактаб ва аз даҳсолагӣ то понздаҳсолагӣ дар мадраса таҳсил кардааст (ниг. А. Фитрат, Бедил, Маскав, 1923. Саҳ 59). Фикри умуман дар мадраса хондани Бедил, чунон ки дидем, беасос нест. Вале муддати таҳсил дар мадраса набояд панҷ сол бошад. Аз навиштаҳои худи Бедил бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ ҳам дар мактаб ва ҳам дар мадраса то синни 11-12 солагиаш давом кардааст.
Ба назар чунин мерасад, ки муддати таҳсили шоир дар мадраса ба ҳадде кӯтоҳ будааст, ки ӯ ҳангоми ёдоварӣ аз рафти таҳсили расмӣ онро умуман ба хотир наовардааст. Лаҳзаи баҳси ду мударрис, ки аз таҳсили Бедил дар мадраса дарак медиҳанд, лаҳзаи туфайлиест, ки зимни баёни масъалаи дигар оварда шудааст.
Бедил вақте ки аз оғоз ва раванди таҳсил ҳарф мезанад, бо таассуф қайд менамояд, ки бо сабаби пайдо шудани баъзе монеаҳо ба ӯ муяссар нагардид, ки таҳсили расмиро идома диҳад.
Бино бар қавли худаш, ҳодисаи тарки таҳсил намудани ӯ замоне рух додааст, ки ӯ «ҳанӯз ба идроки маънии булуғ», яъне ба синни дувоздаҳ, ки айёми балоғати шаръист, нарасида будааст. Шоир сухани худро идома дода, навиштааст, ки чун давом додани таҳсил ба ӯ муяссар нагардид, такя бар фазли илоҳӣ намуда, «татаббӯи аҳволи мавҷудот»-ро дарс ва «тамошои бадойеи коинот»-ро сабақ тасаввур намуда бо роҳи худомӯзӣ фарогирии илму маърифатро давом дод. Ва боз илова кардааст, ки «аз он ҳангом то ҳол, ки нафасшумории умр муқорини соли чиҳилу якум» аст, ҳамон нақши таслим сарлавҳаи нусхаи ҷабин асту ҳамон нақди ризо сармояи ҷайбу остин». Яъне аз он давра то ба имрӯз, ки марҳалаи умр ба
41 наздик шудааст, кушиши худомӯзӣ идома дорад.
Хулосаи ин гуфтаҳо ин аст, ки чун Бедил ба синни 12 нарасида таҳсили расмиро қатъ намуд, аз ҳамон давра то замони 41 солагӣ ба давом додани он дигар барнагашт. Яъне таҳсил ҳам дар мактабу ҳам дар мадраса то замони дувоздаҳсолагиаш ба поён расида буд.
Чӣ ҳодисае боис гардид, ки Бедил дар ин синну сол таҳсили расмиро қатъ намуд?
Худи шоир дар «Чорунсур» овардааст, ки сабаби тарки мадраса кардани ӯ баҳси ду мударис буд. Сурати воқеаи чунин буда, ки рӯзе амаки шоир Мирзо Қаландар ба мадраса, ба назди Бедил рафта, шоҳиди мунозараи беадабонаи ду мударрис мешавад. Баҳси онҳо Мирзо Каландарро ба ҳадде нороҳат месозад, ки ӯ Бедилро фавран аз мадраса бозмегирад. Бедил манзараи мазкурро чунин ба қалам додааст: «Рӯзе дар уламои мадраса тақрири тарҳи иҷлосе қарор ёфта буд ва курраи иштиғоли баҳс бар ҳам тофта. Ду донишманди беинсоф арсаи ҷавлони лоф гарм доштанд ва ба навоҳои «зараба язрибу» алами хиффати ақл меафростанд.
Ба ғуборангезии қилу қол хок бар сари бемағзи ҳам мепошиданд ва ба сарчанги нохунҳои дахл чеҳраи эътибори якдигар мехарошиданд. Ҳар чӣ яке ба такаллуф мечовид (мелаққид – Б. Р) дигаре рад мекард ва он чӣ ин ба марғубӣ арза медод, он ба ғашӣ бармеовард. Ногоҳ тӯфонҷӯши қабули илзом якеро ғарқи арақ гардонид ва ғурури ғалабаи далоил дигареро ба сад раги гардан болонид. Мушоҳадаи аёри сурати ҳол ғуборе бар оинаи ғайраташ (ғайрати мирзо Қаландар-Б. Р) рехт ва кудурате ба домани сафои диққаташ овехт. Фармуд: Ин бедонишон умрҳо ҷодаи хутуту сутур мепаймоянд, то саранҷом ҷабҳа ба хоки пушаймонӣ бимоланд ва ин тифлмизоҷон тахтаҳо сиёҳ менамояд, то муддате ба шҳрати сарнигунӣ биболанд… Ҳамон рӯз фақирро (яъне Бедилро-Б. Р) манъи дарс фармуд, ки агар осори илм ин аст, халал дар бинои ҷаҳл маяфкан, то оқибати ҳол пушаймон нашавӣ ва агар фоидаи таҳсил ҳамин аст, хирмани беҳосилӣ барҳам мазан, то охири кор надомат надравӣ. Ҳар гоҳ ба масъалае эҳтиёҷ афтад, қозӣ дар маҳкама намурдааст ва ҳар вақт насиҳат манзур бошад, воизро аз минбар гург набурда» (Ниг.: Чорунсур. нашри Кобул. с. 61).

пешина
аз 250
навбатӣ