ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аксари муҳаққиқони Бедил, аз ҷумла Абдурауфи Фитрат, Қорӣ Абдуллоҳхон, Ёсинхони Ниёзӣ, Ҳошим Шоиқ, Иброҳим Мӯминов, устод Айнӣ, Ибодуллоҳи Ахтар, Файзи Кобулӣ, устод Халилӣ, Холида Айнӣ, Абдулғанӣ, Кошӣ Нотҳ Пандит, Холмуҳамади Хаста, Шафеии Кадканӣ, Нурулҳасани Ансорӣ, Асадуллоҳи Ҳабиб ва Набӣ Ҳодӣ, сабаби тарки мадраса кардани шоирро ба ҳодисаи баҳси ду мударрис алоқаманд донистаанд. Чунончи, Абдулғанӣ дар рисолаи маълум ва машҳури худ «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» (Кобул.
1351, саҳ. 15) навиштааст: «Ҳангоме ки Бедил «Кофия»-ро хатм ва бо «Шарҳи Муллоҷомӣ»
оғоз карда буд, ҳодисаи ғарибе таълими муназзами Бедилро қатъ намуд. Рӯзе ду тан аз муалимини вай дар бораи таърифи афъол дар сарфу наҳви арабӣ мубоҳаса доштанд. Дар ҳарорати мубоҳаса рагҳои гулӯи эшон омос кард, чашмҳояшон ранги қирмиз ба худ гирифт ва мизоҷашон аз ҳолати табиӣ баргашт. Иттифоқан Мирзо Қаландар ҳамон ҷо ҳузур дошт.
Вай ба андеша фурӯ рафт, ки агар ҳаёте, ки ба таҳсили арабӣ вақф шуда, оқибат ба чунин як вазияти бешармӣ ва тифлонӣ мунтаҳӣ гардад, пас лаънат бар чунин таълим бод. Мирзо Қаландар бародарзодаи худро (яъне Бедилро-Б. Р) филфавр аз мактаб хориҷ ва ба мутолааи осори маъруфи нависандагони зубдаи дарӣ дар хона машғул намуд».
Гуфтан даркор аст, ки ишораи мазкури Бедил дар хусуси сабаби тарки таҳсил намудани ӯ ишораи ягона нест. Дар «Чорунсур»-и шоир дар ин бора ишораи дигар низ мавҷуд аст, ки нисбат ба ҳодисаи баҳси ду мударрис табиитару воқеитар ба назар мерасад. Тибқи ин ишора, сабаби тарки таҳсил намудани Бедил бебизоатӣ ва парешонии рӯзгор будааст. Ӯ ҷое ки аз оғоз ва анҷоми таҳсил сухан меронад, сабаби қатъ гардидани онро чунин баён мекунад: «Чун асоси ҷидду ҷаҳди халоиӣ бар дӯши ҷамъияти асбоб аст ва бунёди таваҷҷӯҳи иштиғол бар субути табияти беинқилоб, ҳанӯз ба идроки маънии булуғ нарасида (яъне дувоздаҳсола нашуда-Б. Р) нотавонии бозуи истеъдод камони кӯшиш аз зеҳ андохт ва норасоии дастгоҳи қудрат риштаи амалҳо маҳкуми гиреҳ сохт. Беихтиёрӣ нагзошт, то дигар камари ҷаҳде тавон баст ва бедаступоӣ раво надошт, то домани тараддуде тавон шикаст» (Чорунсур саҳ. 11-12).
Бояд бигӯем, ки дар суханони мазкури Бедил ибораи «ҷамъияти асбоб» ба маънои муҳайё будани василаи ин ё он чиз аст. Масалан, василаи зиндагӣ, сабаби зиндагӣ, ки иборат аст аз маводи хӯрокаву сару либос-ва ғайра.
Ҳамчунин калимаи «истеъдод» (бозӯи истеъдод) ба маънои имконият аст, имконияти моддӣ. Ва ниҳоят, калимаи «қудрат» (дастгоҳи қудрат) ба маънои қудрати дороист.
Шоир гуфтанист, ки барои анҷоми ҳар коре шароиту воситаи зарурӣ даркор аст ва барои ба ягон касбе рӯй овардан хотири ҷамъу табиати ором лозим. Ман ки ҳамин гуна шароит ва ҳамин хел имконият надоштам, ба синни балоғат (балоғати шаръӣ) нарасида, таҳсилро қатъ кардам. Беихтиёрӣ (ноилоқиву ночорӣ) ва бедаступоӣ (оҷизиву нотавонӣ) имконият надоданд, ки таҳсили расмиро ба поён расонам.
Ба ақидаи мо, сабаби аслии тарки таҳсил кардани Бедил ҳамин ишораи дуввуми ӯст, на ҳодисаи зикршудаи баҳси ду мударрис. Ин маъниро бо ин далел низ метавон тақвият дод, ки Бедил ҷое ки баҳси ду мударрисро ба ҳайси сабаби тарки таҳсил нишон медиҳад, мақсади асосии ӯ баёни таҳсил нест. Мақсади асосӣ дар ин ҷо таърифи Мирзо Қаландар аст. Шоир барои нишон додани хислатҳои фитрӣ ва зотии Мирзо Қаландар ба ин ҳодиса ишора кардааст. Дар ин ҷо маълумоти ӯ маълумоти туфайлист. Вале ҷое ки сабаби тарки таҳсил мавҷуд набудани шароиту имконият аст, сухан бевосита дар бораи таҳсил меравад. Дар ин ҷо маълумоти шоир ишораи туфайлӣ набуда, балки мақсади асосии ӯст. Шоир дар ин ҷо аз оғоз, раванд ва қатъи таҳсил ба тартиби муайян сухан меронад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё