Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Илова бар ин, хотирнишон кардан лозим аст, ки амаки Бедил Мирзо Қаландар марди сипоҳӣ буд ва аз ин рӯ имконият надошт, ки муддати зиёде дар ин ё он мавзеъ иқомат намояд. Бедили хурдсол, ки узви оилаи ӯ ба шумор мерафт, дар сарсониву «сайру сафарҳо»- и ӯ шарик буд. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз иллатҳои тарки таҳсил кардани шоир характери пешаи амакаш низ бошад.
Дар баробари ин аз ишораи шоир роҷеъ ба баҳси ду мударрис ва тасмими Мирзо Қаландар низ наметавон чашм пӯшид. Дар кори тарки таҳсил кардани Бедил, шояд, ин ҳодиса низ таъсире гузошта бошад. Ё худ, шояд, ба ҳайси як баҳонае хидмат карда бошад.
ЗАБОНИ МОДАРИИ БЕДИЛ
Чунон ки медонем, дар масъалаи нажод ва қавму қабилаи Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) чи тазкиранависони пешин ва чи муҳаққиқони муъосир – ҳама дар як ақида ҳастанд. Тибқи ин ақида, Бедил ба қавми арлос ё худ барлоси улуси Чиғатой мансуб аст.
Бино бар маълумоти манбаъҳои таърихӣ, қабилаи барлос яке аз қабилаҳои муғул аст, ки дар замони истилои Чингизхон ба Эрону Хуросон ва Мовароуннаҳру дигар сарзаминҳо ворид шуда, дар ин ҷойҳо сукунати доимӣ ихтиёр кардаанд.
Ба гуфтаи муаллифи «Равзатуссафо» Муҳаммад Ховандшоҳи Мирхонд, то давраи Чингизхон аз табқаи муғул нӯҳ нафар ба салтанат расидаанд, ки аввали онҳо Муғулхон ва охиринашон Аййилхон аст. Яке аз хонҳои муғул, ки номаш Тумнахон буд, ду писар дошт Қубулхон ва Қочулихон. «Қочулӣ,
-- навиштааст Мирхонд,
-- ҳафтум падари соҳибқирон (амир Темур - Б.Р.) буд ва амир Қочулӣ асли қабилаи барлос аст» (Ниг.: Равзатуссафо, Лакҳнав, 1891, ҷилди 6, с. 3).
Авваллин муаллифе, ки аз мансубияти Бедил ба қабилаи барлос хабар додааст, муъосири ӯ, соҳиби тазкираи «Миръотулхаёл» (соли таълиф – 1102\1690-91) Шералихони Лудист, ки навиштааст: «Фариштахӯи соҳибдил Мирзо Абдулқодири Бедил… Аз қавми Чиғатойи арлос аст. Дар Ҳинд нашвунумӯ ёфта» (Миръотулхаёл, нусхаи хаттии № 1996, Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон).
Гуфтан лозим аст, ки зикри Бедил дар тазкираи Шералихони Лудӣ аз назари худи Бедил гузаштааст. Аз ин рӯ, ба дурустии ин маълумот шакку шубҳае набояд бошад. Шералихони Лудӣ дар поёни шарҳи ҳоли Бедил дар ин хусус навиштааст: «Рӯзе ки маллифи ин авроқ таърифи Мирзо Бедил, ки боло марқум кардааст, ба карои мутолаъааш даровард, асари башошат бар чеҳраи муборакаш пайдо гардид ва чун ба хона ташриф бурд, ин чаҳор ғазал ба хатти худ навишта фиристонд» (Ҳамон ҷо).
Дар тазкираҳои баъдина, аз ҷумла дар «Яди байзо», «Сарви озод» ва «Хизонаи омира»-и Мир Ғуломалихони Озод, «Сафинаи Хушгӯ»-и Биндробандоси Хушгӯ, «Маҷмаъуннафоис»-и Сироҷиддин Алихони Орзу ва ғайра ҳамин фикр такрор ва таъкид шудааст. Чунончи, дар «Сафинаи Хушгӯ» омадааст: « Он ҳазрат аз қавми муғул дар муғулони арлос, ки чаҳор қисм мебошанд, яке аз онҳо Мирзо Барлос аст» (Сафинаи Хушгӯ, Патна, 1959, с. 104).
Муъосири дигари Бедил, муаллифи тазкираи «Миръоти воридот» Муҳаммадшафеъ Вориди Теҳронӣ, ки ба қавли ӯ, Бедил ба муддати яку ним сол дар Матҳро, дар хонаи онҳо зиндагӣ кардааст, дар хусуси аслу нажоди шоир чунин навиштааст: «Дар боби насаби хеш он чӣ Мирзо дар ҳузури ин аҳқарулъибод мукаррар тақрир кард, ин аст, ки силсилаи аҷдоди Мирзо мунтаҳӣ ба шоҳ Мансур ибни Музаффар -- подшоҳи Форс, мамдӯҳи Хоҷа Ҳофиз мегардад. Ҳангоме ки шоҳ Мансур бо амир Темур сафороӣ намуда, кушта гардид, авлод ва аҳводаш рӯ ба савби Бухоро оварданд. Чандин пушти Мирзо дар Мовароуннаҳр иқомат дошт. Бузургвори Мирзо аз он макон муфорақат варзида, дар мамлакати Бангола раҳли иқомат афканд. Баъди инқизои як пушт вуҷуди Мирзо аз матлаъи субҳи саъодат толеъ гашт (Ниг.: Маҷаллаи «Ориёно», 1349, № 3, с. 71-73).

пешина
аз 250
навбатӣ