Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бино бар тадқиқоти Холмуҳаммади Хаста, хонадони Музаффариён, ки шоҳ Мансур намояндаи охирини онҳост, аз қавми барлос будаанд (Ниг.: Хаста, Хонаводаи Бедил, Ориёно, Кобул, 1349, № I).
Тавре ки ишора кардем, аксари муаллифони муъосир низ аз маълумоти тазкираҳо пайравӣ намуда, Бедилро аз қавми барлос гуфтаанд. Чунончи, устод Айнӣ дар рисолаи хеш «Мирзо Абдулқодири Бедил» навиштааст: «Назар ба нақли муаллифи тазкираи «Хизонаи омира»-- Ғуломалихон Озоди Балгиромӣ, ки дар замони вафоти Бедил 17 сола буд, асли Бедил аз гурӯҳи (қабилаи) Арлос будааст» (Ниг.: С. Айнӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сталинобод, 1954, с.26).
Муҳаққиқи дигари Бедил Халилуллоҳи Халилӣ дар ин бора чунин нигоштааст:
«Тазкиранигорон мутавфиқанд, ки Мирзо Бедил аз эли Барлоси (арлос) чиғатойӣ мебошад.
Мафҳуми калимаи «барлос» марди далер ва асил аст. Ин калима нахустин бор бар Эрдамчӣ - яке аз сардорони муғул итлоқ гардид. Эрдамчӣ писари Коҷулӣ баҳодур, бародари Қубулхон писари Тумнахон мебошад. Коҷулӣ баҳодур касест, ки насаби Чингизхон, ҷаҳонкушои муғул, ба се фосила ба вай мунтаҳӣ мешавад. Ва Эрдамчӣ ҳамон аст, ки насаби Темур ба ҳафт фосила ба вай мерасад» (Устод Халилӣ, Файзи Қудс, Кобул, 1334. саҳ. 92).
Худи Бедил нисбат ба муғулҳо ҳусни таваҷҷӯҳи хосе дорад. Ин маъниро аз байтҳои зерин метавон пай бурд:
Хунуктар зи зоғ асту тақлиди кабк,
Ки ҳиндустонӣ тамағғул кунад.
Аз санъати муҳовараи лӯлиёни Форс
Ҳиндустониён ба тамағғул хазидаанд.
(Куллиёти Бедил, ҷилди1, Кобул, 1341, саҳ. 404; 410).
Вале ин гуна равшанӣ ва сароҳате, ки дар мавриди қавму қабилаи Бедил вуҷуд дорад, роҷеъ ба забони модарии ӯ, забоне ки аҳли оилаи ӯ гуфтугӯ мекарданд, дида намешавад.
Аксар муаллифони тазкираҳо дар ин хусус умуман чизе нагуфтаанд. Аз ҷумлаи эшон танҳо ду нафар Биндробандоси Хушгӯ ва Озоди Балгиромӣ зимни баёни мисоили дигар, дар ин бора низ ишораҳое кардаанд. Хушгӯ аз ҳодисаи ба лашкари Аъзамшоҳ (1646-1707) пайвастани Бедил хабар дода, илова кардааст, ки шоир дар он ҷо, яъне дар лашкари Аъзамшоҳ, дар «андак фурсат муъаззиз ва мақбул гардида, дар туркиву форсӣ ҳамзабон гардид» (Сафинаи Хушгӯ, саҳ. 108).
Аз ин ишораи Хушгӯ ин қадар метавон пай бурд, ки забони модарии Бедил на форсӣ будаву на туркӣ.
Аз ишораи Озоди Балгиромӣ низ ҳамин маънӣ – яъне форсӣ набудани забони модарии Бедилро пай бурдан мумкин аст.
Ӯ навиштааст: «Мирзо дар забони форсӣ чизҳои ғариб ихтироъ намуда, ки аҳли муҳовара қабул надоранд. Бале, Қуръон, ки каломи холиқи алсина аст, сарриштаи мувофиқати забон дар даст дорад. Агар ихтироъе хилофи забон медошт, фусаҳои араб қабул намекарданд.
Ғайрифорсе, ки тақлиди забони форсӣ кунад бе мувофақати асл, чӣ гуна мақбули аҳли муҳовара тавонад шуд? (Хизонаи омира, Лакҳнав, 1900, с. 154).
Тавре ки мебинем, Озоди Балгиромӣ нисбат ба Бедил калимаи «ғайрифорс»-ро ба кор бурда, таъкид кардааст, ки касе ки худ форс несту ба забони форсӣ шеър мегӯяд ва забони шеъри ӯ ба забони аслии форсӣ мувофиқат намекунад, писанди аҳли муҳовара, яъне аҳли забони форсӣ, нахоҳад шуд.
Аз муаллифони муъосир касе, ки аввалин бор роҷеъ ба забони модарии Бедил сухан кардааст, устод Айнӣ будааст. Ӯ дар аввалин мулоҳизаҳои худ доир ба Бедил, ки соли 1912 дар маҷаллаи «Шӯро» (Оренбург, 1912, № 2) ба табъ расидаанд, забони модарии шоирро урду гуфта буд (Ниг.: Ҷашнномаи Айнӣ, ҷузъи III. Душанбе, 1966, с. 152-157). Вале баъдтар устод Айнӣ ҳам дар мақолаи «Мирзо Абдулқодири Бедил ва эҷодиёти ӯ» (Шарқи Сурх, 1946, № 7, № 1, 2, 3) ва ҳам дар рисолаи маъруфи хеш « Мирзо Абдулқодири Бедил» (Сталинобод- 1954) забони модарии шоирро ҳиндӣ, ҳиндии Бангола, яъне банголӣ қаламдод кард. Ӯ дар ин хусус навишта буд: « Яке аз бобокалонҳои Бедил аз Осиёи Миёна рафта бошад ҳам, падару бобоҳои наздикаш ҳиндустонзо буданд, бино бар ин, забони модарии ӯ забони ҳинду буд.

пешина
аз 250
навбатӣ