ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Азбаски ӯ дар Азимобод таваллуд ёфта, рӯзҳои аввали ҷавониашро ҳам дар ҳамон тарафҳои шарқӣ гузаронидааст, бояд забони модарии ӯ забони Бангола бошад. Азбаски забони урду як забони умумӣ аст ва шоирони ҳинду дар он забон низ шеър мегӯянд, бояд ӯ забони урдуро ҳам донад…Азбаски ӯ бисёр чизҳоро аз китобҳои қадими ҳиндуҳо нақл мекунад, бояд ӯ забони ҳиндии қадимро ҳам донад. Дар ҳар ҳол, ӯ забони тоҷикиро аз мактаб ва мутолаа омӯхтааст» (С. Айнӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Сталинобод, 1954. саҳ. 106).
Устод Айнӣ баъд аз он, ки аз эродҳои Озоди Балгиромӣ ба забони осори Бедил ва тарафдори ин эродҳо набудани Сироҷиддин Алихони Орзу ёд мекунад, фикри худро ба тариқи зайл ҷамъбаст менамояд: «Хулосае, ки мо аз ин тафсилот мебарорем, ин аст, ки Бедил бо вуҷуди забони модариаш ҳиндӣ будан, тоҷикиро аз мактаб ва мутолаа омӯхта, як куллиёти калонро ба ҳама шаклҳои анъанавӣ ва ихтироиаш дар ин забон ба вуҷуд овардааст, ҳақиқатан як қобилияти бисёр бузурги илму адабиёт ва забон дошта будааст» (Ҳамон ҷо, саҳ.
107).
Тавре ки мебинем, устод Айнӣ ҷое, ки забони модарии ӯ, яъне Бедил, забони ҳиндӣ буд, мегӯяд, мақсадаш таъкиди ин маънист, ки забони модарии Бедил форсӣ набуда, яке аз забонҳои маҳаллии Ҳиндустон буд. Сипас ӯ, ба мақсади мушаххас намудани фикри худ, илова менамояд, ки чун шоир дар Азимобод таваллуд ёфтааст, забони модариаш забони банголӣ бояд бошад. Сабаби забони модарии Бедилро банголӣ гуфтани устод Айнӣ, зоҳиран, он аст, зодгоҳи шоир шаҳри Патна, ки бо номи Азимобод низ маъруф аст, дар кишвари Бангола воқеъ аст. Аммо чунон ки медонем, зодгоҳи Бедил нисбат ба кишвари Бангола ба яке аз вилоятҳои ин кишвар - вилояти Биҳор наздикӣ ё худ тобеъияти бештаре дорад. Яъне ин шаҳр маркази ҳамин вилоят ба шумор меравад. Ва забони аслии мардуми ин вилоят забони биҳорӣ мебошад. Нуфузи забони банголӣ дар ин ҷо ниҳоят кам аст. Дар замони Бедил дар ин вилоят, шояд, нуфузи забони биҳорӣ нисбат ба дигар забонҳо бештар буда. Вале имрӯз муравваҷтарин забон дар вилояти Биҳор забони ҳиндист, ки дар замони Бедил бо номи «ҳиндустонӣ» ёд мешуд. Бино бар натиҷаи баҳисобгирии аҳолӣ, ки соли 1961 дар Ҳиндустон сурат гирифт, дар вилояти Биҳор дар ин давра беш аз сӣ (30) забон дар ривоӣ буд. Аз ин миқдор маншуртарини онҳо забонҳои ҳиндӣ, урду, биҳорӣ, санталӣ ва банголӣ буданд. То соли 1961 беш аз 94 дарсади аҳолии ин вилоят ба панҷ забони мазкур ҳарф мезаданд ё худ ин забонҳоро забонҳои модарии худ меҳисобиданд. Аз ҷумла 44,3 фоизи аҳолӣ ба забони ҳиндӣ, 35,4 фоизи он бо забони биҳорӣ, 8,9 фоиз бо забони урду, 3,6 фоиз бо забони санталӣ ва ниҳоят, 2,6 фоиз ба забони банголӣ гуфтугӯ мекарданд (Дар ин бора ниг. Страны и народы Востока. Вып. XII. Индия - страна и народ. Кн. 2. М., «Наука», 1972, стр. 139-179).
Бо назардошти далели мазкур, яъне биҳорӣ будани забони аслии ватани Бедил - вилояти Биҳор ва нуфузи кам доштани забони банголӣ дар ин вилоят, ба гумон аст, ки забони модарии Бедил банголӣ буда бошад.
Аз муаллифоне, ки форсиро забони модарии Бедил намеҳисобанд, боз ду нафари дигар – муҳаққиқи ҳиндустонӣ Вораси Кирмонӣ ва донишманди эронӣ Муҳаммадризо Шафеъии Кадканиро метавон ном бурд. Чунончи, Шафеъии Кадканӣ навиштааст: «Бедил шоирест, ки форсӣ забони модарии ӯ набуда». (Шафеъии Кадканӣ, Шоири оинаҳо, Теҳрон, 1366, с. 31).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё