Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале аксари муҳаққиқон, аз ҷумлаи Иброҳим Мӯминов, Кошӣ Нотҳ Пандит, Азизуддин Вакилии Фуфалзоӣ, Асадуллоҳ Ҳабиб, Субҳон Амирқулов дар ақидае ҳастанд, ки забони модарии Бедил забони форсӣ буд. Чунончи, муаллифи кашмирӣ Кошӣ Нотҳ Пандит навиштааст: «Аз тазкираҳо пайдост, ки Бедил, гарчи забони модариаш форсӣ буд, аз он ҷо ки мутаваллиди Ҳиндустон буд, ҳиндӣ низ медонист. Аммо дар он забон ба ҷуз се байт шеър насурудааст ва ё агар ҳам суруда бошад, ба мо нарасида». (Ниг.: Кошӣ Нотҳ Пандит, Аҳволу афкор ва сабки ғазалиёти Мирзо Абдулқодири Бедил, рисолаи дуктуроӣ, Теҳрон, 1961, чопи мошинка, с. 147).
Нурулҳасани Ансорӣ низ, зоҳиран, тарафдори ҳамин фикр мебошад. Ӯ дар мақолае бо номи «Бедил ва ҳиндшиносӣ» аз суннати ҳинддустӣ ва ҳиндшиносии шоирони форсигӯи Ҳиндустон сухан карда, роҷеъ ба Бедил чунин навишта аст: «Мирзо Абдулқодири Бедил, ки бидуни тардид, аз ҷомеътарин ва баарзтарин шахсиятҳои адабиёти дарӣ маҳсуб мешавад, низ тибқи суннати пешиниёни худ ба ҳиндшиносӣ алоқаи самимӣ дошт. Бино бар гуфтаи Биндробандоси Хушгӯ, Бедил асотири ҳиндуиро ба диққат мутолаъа карда буд ва саросар достони «Маҳабҳарот»-ро ҳифз дошт ва дар мусиқӣ маҳорати комил ба даст оварда буд ва забони ҳиндиро ба хубӣ фаро гирифта буд». (Ниг.: Маҷаллаи «Хуросон», Кобул, 1364, №№- 24-25).
Аз таъбири «забони ҳиндиро ба хубӣ фаро гирифта буд» пай бурдан душвор нест, ки Ансорӣ ҳиндиро забони модарии Бедил намеҳисобад.
Аз муаллифоне, ки забони модарии Бедилро форсӣ гуфтаанд, танҳо як нафар – Асадуллоҳ Ҳабиб барои исботи фикри хеш аз «Чорунсур»-и шоир далел овардааст. Ӯ навиштааст: «Дар бораи забони Бедил суханони ноҳамгуне гуфтаанд. Ба пиндори Садриддин Айнӣ, забони Бедил банголӣ буд ва забони форсиро дар мадраса омӯхт.
Ғуломалихон Озоди Балгиромӣ муаллифи «Хизонаи омира» низ забони порсиро забони модарии Бедил намепиндорад. Магар Бедил худ дар ҳамин фасли «Чорунсур» (фасли аввали асар – Б.Р.), ки аз гироиши хеш ба таҳсили адабиёти форсӣ дар мадраса ҳикоят мекунад, ин байтро менависад:
Эй ки аз фаҳми ҳақоиқ дам занӣ, хомӯш бош, Умрҳо бояд, ки дарёбӣ забони хешро.
Аз ин байт чунин метавон бардошт кард, ки забони модарии Бедил порсӣ будааст. Ҳамин забоне, ки дар осораш ба кор бурдааст» (А. Ҳабиб. Бедил - шоири забонаҳо. Кобул, 1363, с.
45).
Байте, ки Ҳабиб ба ҳайси далел иқтибос кардааст, ҷузъи як қитъаест, ки дар «Чорунсур», дар бахши тарҷимаи ҳоли шоир дарӣ гардидааст. Бедил пас аз зикри он, ки дар синни 6- солагӣ ба омӯхтани савод шурӯъ кард ва дар ҳафтсолагӣ Қуръонро хатм намуд, идомаи суханро чунин ба қалам медиҳад: «Баъд аз он то соли ошир нақди таваҷҷӯҳ масруфи сарфу наҳви қавоиди арабият дошт ва оинаи ҳуш ба имтиёзи назму насри форсӣ мегумошт.
Назм:
Эй ки аз фаҳми ҳақоиқ дам занӣ, хомӯш бош, Умрҳо бояд, ки дарёбӣ забони хешро.
Рӯзгоре дар қафои ваҳм бояд тохтан,
То ба ин саҳро ба даст орӣ инони хешро.
Дар ҳавои бенишонӣ то нагардӣ бенишон,
Сахт душвор аст пай бурдан нишони хешро.
Муддате бар ҳам задан дорад қумоши хубу зишт, То шиносӣ ҷинси мавҳуми дукони хешро.
(Куллиёти Бедил, ҷилди 4, Кобул, 1344, Чорунсур, с. II).

пешина
аз 250
навбатӣ