ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Тавре ки мебинем, дар ин ҷо Бедил ба чигунагии забони модарии хеш ишорае накардааст ва мисраъи «Умрҳо бояд, ки дарёбӣ забони хешро» ба ҳеҷ ваҷҳ ин матлабро ифода намекунад. Чизе ки Асадуллоҳ Ҳабибро ба ин андеша водор сохтааст, ғолибан, ибораҳои «назму насри маротиби форсӣ» ва «забони хеш» аст. Аммо пӯшида нест, ки мақсад аз «назму насри маротиби форсӣ» адабиёти форсизабон аст, на забони форсӣ. Ва агар бигӯем, ки аз мафҳуми «забони хеш» шоир забони модарии худро дар назар дорад, набояд нодида гирифт, ки пеш аз қитъаи мазкур дар хусуси сарфу наҳви арабӣ низ сухан рафтааст. Дар ин ҳолат алоқамандии ибораи «забони хеш» бо таъбири «сарфу наҳви қавоъиди арабият» бештар аст.
Аммо бо ин ҳама наметавон ҳукм кард, ки забони модарии Бедил арабӣ будааст. Аз ин рӯ, ба ақидаи мо, ҳақ ба ҷониби Хушгӯву Озоди Балгиромӣ, устод Айнӣ ва дигар муҳаққиқонест, ки забони форсиро забони модарии Бедил намеҳисобанд.
Устод Айнӣ, илова бар андешаҳое ки доир ба забони модарии Бедил дорад, дар хусуси забони модарии ҷумла мусулмонони Ҳиндустон низ мулоҳизаҳои ҷолиберо иброз доштааст.
Ӯ навиштааст: «Аз рафти каломи тазкира ва таърихнависони Ҳиндустон маълум мешавад, ки аҳли исломи он ҷо ба се гурӯҳ тақсим меёбанд: 1) мусулмононе ки аз аҳолии аслии Ҳиндустон мебошанд; 2) ҳиндустонзоҳо, инҳо касонеанд, ки падару бобоҳояшон аз Осиёи Миёна ва Эрон ба Ҳиндустон муҳоҷир шуда рафтаанд; 3) вилоятзоҳо, инҳо касонеанд, ки дар Осиёи Миёна ё Эрон зода шуда, худашон муҳоҷир шуда, ба Ҳиндустон рафтаанд. Аз ин се гурӯҳ забони модарии ду гурӯҳи аввалӣ забони ҳиндӣ буда, забони тоҷикиро ба сифати як забони адабии умумӣ аз мактаб, аз муҳовара ва мутолаа меомӯзанд. Аммо инҳо ҳамеша забони шоирони вилоятзоро (осиёимиёнагӣ ва эрониро) забони пухта ва забони рости аслӣ медонанд ва сухан ё таркиберо, ки дар шеъри вилоятзоҳо намедида бошанд, хато мешуморанд» (С. Айнӣ, китоби мазкур, с. 106).
Тавре, ки гуфтем, бино бар қавли Вориди Теҳронӣ – муаллифи «Миръоти воридот», бузургвори Бедил, яъне падаркалони ӯ аз Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон рафтааст ва Бедил «баъди инқизои як пушт» дар ин сарзамин ба дунё омадааст. Яъне Бедил аз ҷумлаи он мусулмонони сокини Ҳинд аст, ки падару бобоҳояшон ба Ҳиндустон рафтаанд ва забони модарии онҳо забони ҳиндӣ мебошад.
Ҳоло аниқ муъайян кардан душвор аст, ки кадоме аз забонҳои маҳаллии Ҳиндустон забони модарии Бедил буд. Вале боз ҳам дар асоси маълумоти тазкираҳо метавон тахмин намуд, ки забони модарии ӯ ҳиндустонӣ ё худ ҳиндавӣ будааст. Ҳиндустонӣ забонест, ки ду забони имрӯзаи Ҳинду Покистон – ҳиндӣ ва урду дар асоси он ба миён омадаанд. Яъне ҳинду ва урдуи имрӯза аслан забоне ҳастанд, ки дар замони Бедил бо номҳои «ҳиндустонӣ», «ҳиндавӣ» ва гоҳе бо номи «ҳиндӣ» маълум буд. Мусулмононе, ки аз Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон ба Ҳиндустон рафта буданд, ин забонро аз худ намуда, онро бо алифбои арабӣ мутобиқ кунонида, дар ибтидо бо номи «рехта» ва сипас бо номи «урду» ривоҷ доданд. Ба таъбири дигар гӯем, дар натиҷаи дар забони ҳиндустонӣ ҷорӣ шудани алифбои арабӣ дар қатори забони ҳиндӣ як забони дигаре бо номи «урду» арзи вуҷуд намуд. Тафовути асосии байни ҳиндӣ ва урду, пеш аз ҳама, дар гуногунии расмулхатҳои онҳост. Сониян, ба забони ҳиндӣ, ҳиндуҳо ва ба забони урду мусулмонон сухан мегӯянд. Ва ниҳоят, яке аз манбаъҳои инкишофи забони ҳиндӣ забони санскрит асту забони урду бештар ба забони форсӣ ва дигар забонҳои аҳли ислом такя менамояд. Ба эътибори он ки Бедил аз ҷумлаи мусулмонони Ҳиндустон буд, забони модарии ӯ ҳиндустоние буд, ки имрӯз бо номи «урду» ёд мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё