ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Тахмини ҳиндустонӣ (урдуи имрӯза) будани забони модарии Бедилро, чунон ки гуфтем, ишораҳои баъзеи тазкиранависон тақвият медиҳанд. Чунончи, муаллифи тазкираи «Маҷмӯъаи нағз» (соли таълиф – 1221/1806-1807) Қудратуллоҳи Қосим дар мавриди касоне, ки ба забон ва услуби Бедил эродҳо доштаанд, чунин менависад: «Агар шоирони Эронро касе бигӯяд, ки панҷ байт ба забони урдуи муъалло бигӯед, бо васфи умр ба сар бурдан дар Ҳиндустон, саранҷом натвонанд (кард), чӣ расад ба девони бузург? Зиҳӣ инсофдушманӣ бар марде ки аз вай қариб сад ҳазор байт рубоъӣ, ғазал, мухаммас, маснавӣ ва ғайра анвоъи сухан ба санҷидагӣ монда», (Иқтибос аз рисолаи устод Халилӣ «Файзи қудс», Кобул, 1334, с.
88).
Дар ин иқтибос, ба ақидаи мо, зикри «забони урдуи муъалло» бемуносибат нест. Муаллиф гуфтанист, ки Бедил тавонистааст ба забони мардуми Эрон ашъори зиёде бигӯяд. Аммо шоирони Эрон ба забони модарии ӯ ҳатто ба гуфтани чанд байт қодир нестанд.
Чанде аз ишораҳои Хушгӯ низ ба дурустии ин маънӣ далолат карда метавонанд. Хушгӯ ҷое ки аз нирӯи ҷисмонии Бедил сухан меронад, дар хусуси асои ӯ чунин мегӯяд: «Ва асои хурде аз оҳан дар даст доштӣ, ки вазни он сиву шаш сери шоҳиҷаҳонӣ (баробар ба 17,5 кг.
Б.Р.) буд ва онро «Навлосӣ» ном мефармуд, ки маънояш бар забони ҳиндӣ шохи борик бошад» («Сафинаи Хушгӯ»).
Ба ин масъала, яъне ба масъалаи ҳиндӣ, урдуи имрӯза будани забони модарии Бедил баъзе ишораҳои худи ӯ низ, гӯё, равшание андохта метавонанд. Масалан, ӯ дар «Чорунсур» аз Шоҳмулук ном устоди худ ва табъи мавзун доштани вай ҳикоят карда, сабаби ба ин асар, яъне ба «Чорунсур», дохил нашудани намудҳои ашъори ӯро ин тавр ба қалам додаст: «Чун аксараш ба таври мусталаҳоти ҳинд ва ақсоми луғот ранги тартиби рехта буд, дар ин сафаҳот, ки зайли маротиби форсист, маслиҳат дари таҳрир накушуд» (КБ ҷ. 4. Чорунсур, с.
34).
Ин иқтибос, албатта, дар исботи урду будани забони модарии Бедил далели қатъӣ шуда наметавонад. Зеро аз эҳтимол дур нест, ки шоир ба дигар забонҳои Ҳиндустон низ такаллум карда метавонист. Лекин худи донистани забони урду ва корбурди он дар сӯҳбатҳои шахсӣ тахмини мазкурро тақвият надода наметавонад.
Ва ниҳоят, як факти дигаре низ ҳаст, ки ба ҳиндӣ (урдуи имрӯза) будани забони модарии Бедил то андозае далолат карда метавонад. Ин факт – корбурди зиёди калимоти ҳиндӣ - урду дар осори шоир аст. Калимаҳои ҳиндӣ – урдуро дар тамоми асарҳои ӯ дучор омадан мумкин аст. Вале теъдоди онҳо дар маснавии «Муҳити аъзам» аз ҳама бештар аст. Калимаҳои «пон»
(барги як навъ дарахт) «бира» (як намуди дорувор), «чуна» (оҳак) «агол» (оби даҳон) ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
МАЪНОИ ТАХАЛЛУСИ БЕДИЛ
Ба сифати тахаллус интихоб намудани ин ё он калима дар таърихи адабиётамон аксаран ба ҳаёту фаъолият, хусусияти эҷодиёт, характеру хислат ва касбу пешаи соҳибтахаллусон вобаста аст. Аз ин рӯ, донистани маънои тахаллусҳои аҳли илму адаб барои беҳтар омӯхтани вазъи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии онҳо кӯмаки муъайяне расонида метавонад. Бад-ин мақсад доир ба маънои тахаллуси шоири маъруф Мирзо Абдулқодири Бедил (1644-1720) сухан рондан аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё