ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Аз муаллифони манбаъҳои адабӣ ягона касе, ки дар ин бора таваққуф кардааст, соҳиби тазкираи «Сафинаи Хушгӯ» (замони таълиф 1724-1734) Биндробандоси Хушгӯст. Ӯ роҷеъ ба оғози фаъолияти шоирии Бедил маълумот дода, дар хусуси маънои тахаллуси вай чунин навиштааст: «Ва маънии ин тахаллус, ки ба фаҳми аксаре дарнамеояд, он аст, ки чун дилро хотир гуфтаанд, ин ҳама хатарот ва авориз аз он ҷо ҳодис мешавад. Пас дил сифате бошад, ҳаракат ба сӯи хатра аз натоиҷи ӯст. Ва аз он ҷо, ки дар нафйи сифат «бе» мустаъмали форсиён аст, чунончи, «бешуъур» ва «бекамол», бар хилофи нафйи мавсуф, ки лафзи «но»
болои он меояд, мисли «номавзун» ва «ноҳамвор», лиҳозо, дар тахаллус ихтиёр нафйи дил, ки сифате беш нест, омада. Баъзе мавсум сифоти қалб надорад ва аз он бедил аст. Ва «бедил»
хитоби мустатоби ошиқон ҳам омада (Сафинаи Хушгӯ, Патна, 1959, саҳ. 107-108).
Чунон ки мебинем, Хушгӯ ҳамзамон ба тавзеҳи тахаллуси шоир ба хусусияти сермаъногии калимаи «бедил» диққат низ дода, аз ҷумла ба се маънӣ истеъмол шудани онро хотирнишон намудааст. Якум: дар мавриди муродифи калимаи «хотир» пазируфтани калимаи «дил» ва дар ин асос «бедил» ба маънии «беҳуш» ва «парешонхотир» (Чун дилро хотир гуфтаанд, ин ҳама хатарот ва авориз аз он ҳодис мешавад). Ба ақидаи Хушгӯ, тахаллуси шоир ҳам ба ҳамин маънист (лиҳозо, дар тахаллус ихтиёр нафйи дил, ки сифате беш нест, омада). Дуввум: «бедил» ба маънои «беҳис», «бедард» ва «дилсард» (Баъзе мавсум сифоти қалб надорад ва аз он бедил аст). Саввум: «бедил» ба маънои «ошиқ» (Бедил хитоби мустатоби ошиқон ҳам омада).
Дар адабиёти илмии замони нав сухани аввалро дар ин хусус шарқшиноси франсавӣ Гарсен де-Тасси (1794-18780) гуфтааст. Ӯ дар асаре бо номи «Таърихи адабиёти ҳиндӣ ва ҳиндустонӣ» (Париж, 1839, ба заб. франсавӣ) доир ба Бедил маълумоти мухтасаре дода, ба назардошти маънои маъмули калимаи «бедил» тахаллуси шоирро ба маънои ошиқ шарҳ додаст.
Дар шарқшиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ин масъала пеш аз ҳама диққати устод Айниро ба худ ҷалб намудааст. Устод бори аввал дар мақолаи «Абдулқодири Бедил ва эҷодиёти ӯ», ки дар солҳои 1946-1947 ба табъ расида буд, зимни баёни тарҷимаи ҳоли шоир роҷеъ ба тахаллуси ӯ низ ибрози ақида намуда, навишта буд: «Бедил дар адабиёти бадеӣ ба маънои «дил аз даст дода» аст, ки ошиқ гуфтан аст. Чунон ки «дилдор» ба маънои маъшуқа аст. Шоир ҳам дар тахаллуси худ ин калимаро ба ҳамин маънӣ гирифтааст» (Шарқи сурх.
1946, № 7).
Устод Айнӣ баъдтар дар рисолаи машҳури худ «Мирзо Абдулқодири Бедил»
(Сталинобод, 1954, саҳ. 27) ба фикри мазкури хеш оҳанги эҳтимолӣ бахшида, таъкид намудааст, ки тахаллуси шоир, шояд ба маънои ошиқ бошад. Ӯ дар ин рисола навиштааст:
«Бедил» дар адабиёти бадеӣ ба маънои «дил аз даст дода-ошиқ» (ба муқобили «дилдор», ки ба маънои «маъшуқ» аст) кор фармуда мешавад. Шоир дар тахаллуси адабии худ ин калимаро, шояд, ба ҳамин маънӣ гирифта бошад. »
Дар соли 1946 мақолаи А. Князев «Классик таджикской литературы» (Коммунист Таджикистана, 1946, 14.4) ва рисолаи И. Мӯминов «Философские взгляды Мирзо Абулкодира Бедиля» (Самарқанд, 1946) низ ба табъ расидаанд. Князев тахаллуси шоирро ба маънои инсондӯст, дилдодаи халқ, ҷӯяндаи бахту саъодати мардум тавзеҳ дода бошад, Мӯминов онро ба маънои дилдодаи касбу пеша, ошиқи илму адаб дониста аст. Аммо ин ду муаллиф барои исботи ақидаҳои хеш далеле наовардаанд. Ва умуман, ба андешаҳои онҳо дар ин бора ҳамроҳ шудан душвор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё