ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Дар мақолаи Абдулғанӣ Мирзоев «Як ҳуҷҷати муҳим оид ба тахаллуси Бедил» (Ахбороти АФ РСС Тоҷикистон, шӯъбаи фанҳои ҷамъиятӣ, 1958, № 1) низ тахаллуси шоир ба маънои ошиқу дилдода тавзеҳ ёфта, фикри устод Айнӣ дар ин хусус тақвият дода шудааст.
Аммо муаллифи китоби «Классикҳои адабиёти форсу тоҷик» (Тошкент, 1963) Ш.
Шомуҳаммедов дар асоси байти:
Ба сурат бедилем, аммо ба маънӣ
Бувад чун ашк сар то пои мо дил.
маънои тахаллуси шоирро маҳзуну дилшикаста донистааст.
Калимаи «бедил» дар байти мазкур дар баробари вазифаи тахаллусӣ доштан, ба ақидаи мо, маъноҳои «беҳис», «бедард», «дилсард» ва монанди инҳоро ифода менамояд. Шоир гуфтанист, ки ӯ зоҳиран бедил намояд ҳам, ботинан монанди ашк саропо дил-ҳиссиёт, дард, тапиш ва ҳарорат аст.
Ва ниҳоят, Л. Климович дар муқаддима бар нашри русии достони «Комде ва Мудан» (М.
1955) ва Т. Стрешнева дар пешгуфтори тарҷимаи русии чанд ғазали шоир (Памир, 1976, № 10) низ тахаллуси шоирро ба маънои ошиқ, ошиқи шайдо тавзеҳ додаанд.
Акнун бубинем, ки калимаи «бедил» дар адабиёти бадеӣ умуман ба кадом маъниҳо истифода мешавад.
Дар чанде аз фарҳангҳои тафсирӣ чун «Фарҳанги Онондроӣ», «Фарҳанги Нафисӣ», «Луғатномаи Деҳхудо», «Фарҳанги Амид», «Фарҳанги забони форсӣ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғати тафсирии забони ӯзбекӣ» ва чанд луғати дузабона: форсӣ-русӣ, урду-русӣ, пушту-русӣ ин калима ба маъноҳои ошиқу дилдода, девонаву маҷнун, озурдаву дилтанг, беҳушу парешон, андӯҳгину маҳзун, навмеду маъюс, бемеҳру бемайл, бедарду беҳис, бадбахту бетолеъ, тарсую буздил, гӯлу нодон ва ғайра шарҳу эзоҳ ёфтааст.
Лекин далелҳои зиёде аз мероси гузаштагон шаҳодат медиҳанд, ки доираи маъноҳои ин калима фарохтар аз он аст, ки дар фарҳангу луғатҳои мазкур дида мешавад. Аз ҷумла истеъмоли ин калимаро ба маъноҳои оҷизу нотавон ва ҳақиру бечора низ мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар ду байти зерини Ҳасани Деҳлавӣ ва Ибни Ямини Фарюмадӣ калимаи «бедил» бо калимаи ошиқ дар таркиби як ибора омада, маъноҳои «ошиқи ноком», «ошиқи бечора», «ошиқи нотавон»-ро далолат кардаанд:
Эй турки гулрух, беш аз ин дарди дилам ҳосил макун, Эй ҷону дил, чандин ҷафо бар ошиқи бедил макун.
Рӯзи аввал зи ҳаводис ки қазо дам зада буд, Ҷумъаи ошиқи бедил ҳама бар ғам зада буд.
Дар байтҳои зерини Хусрави Деҳлавӣ низ калимаи «бедилӣ» ба маънои оҷизиву нотавонист:
Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо, Танам аз бедилӣ бечора шуд, бечоратар бодо.
Ғаме дорам, ки поёне надорад,
Тане, к-аз бедилӣ ҷоне надорад.
Дар ду қитъаи зайл низ калимаи «бедил» ба ҳамин маънист:
Аё шоҳе, ки ҳаргиз бедилонро
Чу алтофи ту дилҷӯе надидам,
Ба ман дӯш аз карам мӯина гуфтӣ,
Вале з-он мӯина мӯе надидам.
(Бадри Чочӣ)
Чу гардад шоҳи олам адлпеша,
Шавад осоиши гаҳ-гаҳ ҳамеша.
Чу нолад бедиле аз синарешӣ,
Бувад яксар зи неши зулмкешӣ.
Халосиро зи даҳри печбарпеч
Зи шоҳон адл мебояд, дигар ҳеҷ.
(Абдураҳмони Ҷомӣ)
Ҷолиби диққат аст, ин калима дар осори худи Бедил бештар ба маъноҳои оҷизу нотавон ва ҳақиру бечора истеъмол шудааст. Аз ҷумла дар ду байти зерин:
Ҳар кӣ имдоди бедилон дорад,
Аз завол ахтараш амон дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё