Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қасри иқбол ҳар куҷо бар пост,
Нардбонаш ҳимояти зуъафост.
(Ирфон)
Дар порчае аз таркиббанди шоир низ калимаи «бедил» ҳамин маъниро ифода кардааст:
Басо касон, ки дар ин коргоҳи зангорӣ
Алам шуданд ба фарзонагиву ҳушёрӣ,
Басо амир, ки аз бас ҷалолу шавкати ҷоҳ
Уруҷи чарх ба девонашон кашад хорӣ,
Басо карим, ки домони ҷудашон чу саҳоб
Кушуда даст бар офоқ дар гуҳарборӣ,
Басо табиб, ки ҳамчун Масеҳ дар аҳдаш
Ба гирди кӯш нагардида номи беморӣ,
Ба вақти марг ҳама бедиланду бечора,
Ки нест фурсаташон як нафас ба сархорӣ
Қобили қайд аст, ки дар тамоми навъҳои шеърии осори Бедил ин калимаро ба маъноҳои зикршуда дидан мумкин аст. Инак, чанд мисоли дигар аз ғазалиёт, қасоид ва муқаттаъоти шоир:
Зи бедилон машав эмин, ки тири оҳи ҳубоб
Ба як нафас гузарад аз ҳазор ҷавшани мавӣ.
Имрӯз кист, ёди фақирон кунад зи дур?
Имрӯз кист, меҳр гуморад ба бедилон?
Оламе маҳмил ба дӯши ранҷу роҳат меравад,
Лек помоле надорад ҷуз ғубори бедилон.
Дар биёбоне, ки тоқат бори офат мекашад,
Мезанад фарсудагӣ бар дӯшҳои нотавон.
Шӯъла ҳар ҷо мешавад ҷавҳарнамои сӯхтан,
Аввал аз хошок мегирад иёри имтиҳон.
Ва ниҳоят, порчаеро аз «Руқаъот»-и шоир иқтибос мекунем, ки дар ин ҷо низ калимаи «бедилон» ки ба маънои «оҷизон» ва «ҳақирон» аст: «Ибратнигоҳо, ин матни ҳошияи қадим, ки табаррукан дар китобхона нигаҳ доштаанд, на қобили он аст, ки аз рӯяш нусха тавон бардошт ва на шоистаи ин, ки ба завқи ислоҳи он тазйеъ бар авқоти таваҷҷӯҳ бояд гумошт.
Савобе беҳ аз ин нест, ки ба таваққӯъи ислоҳаш азобе бар табъи бедимоғон нагуморанд ва ба таклифи сиҳҳаташ бемории мизоҷи бедилон раво надоранд».
Ногуфта намонад, ки калимаи «бедил» дар осори шоир ба маъноҳои дигар ҳам истеъмол шудааст. Масалан, дар ду байти зерин калимаи «бедилон» ба маънои «ошиқон» аст:
Бедилонаш то нами ашке ба мижгон бурдаанд, Кардааст аз шаш ҷиҳат оинаи дидор гул.
Коми дил гули доман, орзу тарабхирман,
Чашми бедилон равшан, музди интизор аст ин.
Ё худ дар порчаи зайл «бедил» ба маънои «ғофил» ва «бехабар» аст:
Шабе, к-аз гиря тӯфонкориам буд,
Ҳубоб оинаи дилдориам буд.
Нафас дар пардаи дил оҳ мебехт,
Нигаҳ аз чашми ҳайрон нола мерехт,
Ки эй ғофил, ту худ ҳамчашми моӣ,
Зи вазъи бедиле бедил чароӣ?
Аммо, чунон ки аз як ишораи худи шоир дар қасидае мълум мешавад, ӯ ин калимаро ҳамчун тахаллус, пеш аз ҳама, ба маъноҳои оҷизу нотавон ва ҳақиру бечора интихоб намудааст. Тавре ки аз «Руқаъот»-и шоир(номаи «Ба Қобилхони муншӣ» бар меояд, қасидаи мазкур дар мадҳи подшоҳи вақти Ҳиндустон Аврангзеби Оламгир (1658-1707) суруда шудааст ва он ҷавобест ба таваҷҷӯҳе, ки подшоҳ нисбат ба Бедил зоҳир намуда буд. Подшоҳ ба воситаи Атиқуллоҳи Кӯка ном амири худ аз Бедил хоҳиш намуда буд, ки тавассути қасидае арзи аҳвол намуда, ба дарбор наздик шавад. Шоир тибқи хоҳиши подшоҳ қасидае навишта, аз подшоҳ илтимос карда буд, ки ӯро осуда гузорад. Бедил дар қасидаи мазкур пас аз ситоиши мамдуҳ ба баёни аҳволи худ пардохта, аз номуродиву эҳтиёҷмандии хеш, дунпарварии чархи хасис шикоят намуда, ҳамзамон аз қудрат ва истеъдоди худ зикре ба миён овардааст. Инак, чанд байти он қасида оварда мешавад:
Хусраво, маънипаноҳо, ку сару барги қабул?

пешина
аз 250
навбатӣ