Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То ба арзи ҳоли дил ҷӯям дар ин даргоҳ бор.
Сурати аҳволам аз тарзи тахаллус равшан аст, Бедилиҳо чидаам бар худ зи вазъи рӯзгор.
Дар қимори орзу нақши муродам гул накард, Доштам нақди дил, аммо бохтам беихтиёр.
Ман саропо эҳтиёҷу чархи дунпарвар хасис, Ман тароватинтизору абри эҳсон шӯълабор.
Нахли гулҷӯшам, чӣ созам, решаамро об нест, Гулбуни иқболам, аммо рафта аз ёди баҳор.
Гар шавад абри иноят обёри мазраъам,
Хӯшасон аз пой то сар ҷумла дил орам ба бор.
Нуктаи ҷолибе, ки аз ин иқтибос бар меояд, ин аст, ки шоир аз нокомиву номуродӣ ва бечорагиву нотавонӣ шикоят намуда, тахаллуси худро «сурати аҳвол» қаламдод кардааст. Ва бо ҳамин роҳ таъкид карданӣ шудааст, ки дар кадом ҳолату вазъият будани ӯ аз тахаллусаш ошкор аст. Шоир дар баробари ин таъкид кардааст, ки дар сурати илтифот ва марҳамати шахси мамдӯҳ, ӯ метавонад саропой ба дил, яъне иқтидору нерӯ мубаддал гардад.
Ишораи шоир аз байтҳои минбаъдаи қасида боз ҳам возеҳтар мегардад:
Бетакаллуф, хони хонони ҷаҳони маъниам,
То ба ташрифи хитобам кардаанд уммедвор.
Маҳв будам, к-аз чӣ хидмат қобили ин мансабам?
Шуд яқинам, к-ин қадарҳо бедилӣ кардаст кор.
Яъне ин исмам далели лутфи шоҳаншоҳӣ аст, Ҳамчунон, к-аз аҷз хонад бандаро парвардигор.
Ман ҳаминам, балки камтар, то ба худ вомерасам, Лек мавҷи баҳри раҳматро намебошад шумор.
Чунон ки мебинем, шоир сабаби мавриди таваҷҷӯҳи подшоҳ қарор гирифтани худро аз бедилӣ, яъне камтарию оҷизии худ дониста, ин маъниро дар байти баъдина ба тарзе шарҳ низ додаст. Дар ин ҷо мисраъи «Ҳамчунон к-аз аҷз хонад бандаро парвардигор», ки ба сифати тамсили мисраъи «Яъне ин исмам далели лутфи шоҳаншоҳӣ аст» омадааст, ишоратест ба зарбулмасали машҳур «Назари худо ба пастист». Шоир дар ин асос гуфтааст: чунон ки оҷизону бечорагон манзури худо мебошанд, ӯ низ ба туфайли бедилӣ, яъне оҷизиву камтарӣ, мавриди лутф ва марҳамати шоҳ қарор гирифтааст.
Бад-ин тариқ, доир ба тахаллуси Мирзо Бедил муҳаққиқони зиёде изҳори назар намуда, онро ба маъноҳои гуногун-беҳушу парешон, ошиқу дилдода, маҳзуну дилшикаста ва ғайра тавзеҳ додаанд. Дуруст аст, ки ба туфайли хусусияти сермаъноии калимаи «бедил»
тахаллуси шоир низ дорои тобишҳои гуногуни маъноӣ буда, аз ҷумла мафҳумҳои дар боло зикршударо низ ифода карда метавонад. Аммо, тавре ки дида шуд, ин калима дар осори шоир бештар ба маъноҳои оҷизу нотавон ва ҳақиру бечора истеъмол шудааст ва бинобар ишораҳои худи шоир дар қасидаи мазкур, ӯ онро ҳамчун тахаллус низ ба ҳамин маънӣ интихоб намудааст.
МАРҚАДИ ДУРӮҒИНИ БЕДИЛ
Тавре ки маълум аст, вафоти Мирзо Абдулқодири Бедил 4 сафари соли 1133 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 20 ноябри 1720 милодӣ дар Деҳлӣ иттифоқ афтодааст. Бино бар шаҳодати муаллифи тазкираи «Сафинаи Хушгӯ», шоирро, тибқи васияташ, дар ҳавлии худи ӯ, дар мақбарае, ки даҳ сол пеш аз вафоташ созонда буд, ба хок супурданд. Бедил дар ин ҳавлӣ аз соли 1096 (1685) то охири умр иқомат намуда буд. Тавре ки аз «Сафинаи Хушгӯ» бармеояд, ҳавлии шоир дар беруни Деҳлидарвоза, дар маҳаллае бо номи Каҳгариён воқеъ гардида буд.
(Ниг.: Сафинаи Хушгӯ, Патна, 1959, саҳ. 109).

пешина
аз 250
навбатӣ