Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Солҳои зиёде бо ташаббуси шогирдони шоир рӯзи вафоти ӯ бо номи «Урси Бедил» қайд карда мешуд. Шоирони Деҳлӣ дар ин рӯз гирди қабри Бедил ҷамъ омада, аз куллиёти ӯ, ки дар сари қабр мавҷуд буд, шеър мехонданд. Муаллифи «Мураққаъи Деҳлӣ» Даргоҳқулихони Солорҷанг дар ин бора навиштааст: «Таломизааш ва ҷамеъи мавзунони шаҳр ба ғарази хушнудӣ ва мағфирати рӯҳаш ҳозир мешаванд ва даври қабр ҳалқаи маҷлис тартиб медиҳанд. Куллиёташ, ки ба хати гиромии худаш тартиб ва тарқим ёфта, мобайни ҳалқа гузошта, ифтитоҳ ба шеърхонӣ менамоянд» (Иқтибос аз маҷмӯъаи «Сӣ мақола дар бораи Бедил», Кобул, 1365, с. 218).
Шогирди Бедил Биндробандоси Хушгӯ овардааст: «Ҳар сол ба рӯзи урси эшон маҷмаъи шуъаро мешавад. Ҷамеъи нозукхаёлони шаҳр ҷамъ шуда, аввал ғазале аз куллиёти эшон хонда, ҳар як ҷавҳари худро арз медиҳанд. Маҷлиси хубе мунъақид мегардад» (Сафинаи Хушгӯ, с. 123).
Муаллифи «Маҷмаъуннафоис» Сироҷиддин Алихони Орзу низ ин маъниро таъкид намуда аст. Ӯ навиштааст: «Рӯзи вафоти ӯ, ки «чорум аз шаҳри сафар» бошад, таърихи вафоти ӯст.
Мардуми Ҳиндустон он ҷо (яъне сари қабри шоир – Б.Р.) чароғон кунанд ва таъом пухта диҳанд ва «урс» номанд ва пайваста зиёрат карда мешавад». (Иқтибос аз рисолаи Халилӣ «Файзи қудс», Кобул. 1334, с. 64).
Шогирди дигари Бедил Анандроми Мухлис, ки соли 1164 (1751) фавтидааст, роҷеъ ба маросими урс навиштааст: «Дар саҳни ҳавлӣ қабри эшон аст ва зиёратгоҳи мӯътақидон. Ҳар сол маҳфили урсаш мунъақид мешавад ва шуъарои шаҳр бар сари хоки пок ҳозир гардида, сӯҳбат гарм месозанд ва ба хондани ашъори сеҳросор мепардозанд» (маҷаллаи «Ориёно», ақраб, 1333).
Дар маросими урси Бедил шоирони зиёде иштирок менамуданд. Бино бар қавли Хушгӯ, дар баъзеи солҳо шумораи онҳо то ба сад нафар мерасид. Анъанаи таҷалли урси Бедил, зоҳиран, то солҳои шастум ва ё ҳафтодуми асри XVIII идома доштааст. Гулмуҳаммад Маъниётхони шоиртахаллус, ки «ба сабаби ӯ ҳангомаи урси Бедил гарм буд» (Сафина, саҳ.
244), то соли 1157 ҳиҷрӣ (1744-45) дар қайди ҳаёт буд.
Абдулғанӣ – муаллифи рисолаи «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» - навиштааст, ки Абдувалии Узлат шоири бошандаи Сурат ба таърихи бистуми ҷимодиулаввали 1164 – (16 майи 1751) вориди Шоҳиҷаҳонобод шуд ва дар урси Бедил ширкат намуд (Ниг.: Абдулғанӣ, с. 173).
Ва ниҳоят, Озоди Балгиромӣ дар «Хизонаи омира» навиштааст, ки «девони ғазали Мирзо манқул аз куллиёте, ки бар мазори ӯ мебошад, нусхае саҳеҳ ба ибтибоъи фақир даромада»
(Хизонаи омира, чопи Ҳинд, 1990, с. 154). Таърихи таълифи «Хизонаи омира» 1176 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1762-63 милодист. Мавҷудияти куллиёт дар сари қабр нишонаест аз гармии бозори урси шоир.
Вале бо мурури замон, бо сабабҳои аз сар рафтани шогирдони Бедил, касод шудани бозори шеъри форсӣ дар Деҳлӣ, ривоҷи беш аз пеши шеъру адаби урду шӯҳрату нуфузи Бедил ва осори ӯ дар муҳити адабии асри XVIII Деҳлӣ коҳидан гирифт. Аз ҷумла анъанаи маросими урс низ аз байн рафт. Тавре ки Ғулом Мусҳафии Ҳамадонӣ – муаллифи «Иқди сурайё» менависад, дар соли 1199 (1784-85), ки санаи таълифи тазкираи ӯст, урси Бедил на фақат вуҷуд надошт, балки хонаи ӯ низ дар ҳолати вайронӣ воқеъ гардида буд (Ниг.: Иқди сурайё, Кобул, 1362, с. 20). Навиштаи Ғулом Мусҳафӣ охирин маълумоти дақиқ дар бораи қабри Бедил аст.

пешина
аз 250
навбатӣ