Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бад-ин тариқ маҷлиси урси Бедил на танҳо воситаи зиндагии номи ӯ дар муҳити адабии Деҳлӣ буд, балки сабаби барҷой ва ободии қабраш низ ба шумор мерафт. Чун маросими урс рӯ ба хомӯшӣ ниҳод, қабри шоир низ аз хотирҳо фаромӯш шуд ва дар асари воқеъоти зиёди таърихӣ, ҳодисоти гуногуни табиъӣ тамоман нопадид гашт ва ҳанӯз дар солҳои бистуми асри XIX асаре аз он боқӣ намонда буд. Мирзо Сангинбек ном шахс дар асаре бо унвони «Сайрулманозил», ки дар соли 1822 таълиф шудааст, аз қабри Бедил ёд намуда, таъкид кардааст, ки «аз он қабр феълан ному нишоне боқӣ нест» (Ниг.: маҷаллаи «Хуросон», 1364, №№ 24-25, с. 165).
Дуруст аст, ки муаллифи асри XIX Абӯмуталлибхоҷа Фаҳмии Самарқандӣ аз қабри Бедил ёд кардааст. Ӯ дар тазкираи хеш, ки соли 1277 ҳиҷрӣ (1860 милодӣ) таълиф шудааст, навиштааст, ки қабри Бедил «беруни дарвозаи шаҳри Деҳлӣ, дар роҳи мазори файзосори ҳазрати Низомуддини Авлиёст» (Тазкираи Фаҳмӣ, нусхаи хаттии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон). Мурод аз «роҳи мазори Низомуддини Авлиё» роҳи соҳили рости дарёи Ҷамна аст, ки аз дарвозаи Деҳлӣ оғоз ёфта, аз мобайни шаҳри Деҳлӣ гузашта, то ба Матҳро мерасад. Аз ин рӯ, ин роҳ бо номи «Ҷодаи Матҳро» низ маъруф аст. Ҳам Қалъаи Кӯҳна ва ҳам мазори Низомуддини Авлиё дар канори ҳамин роҳ ҷойгиранд. Вале маълум нест, ки Хоҷа Фаҳмӣ қабри Бедилро худ дидааст ё ки ин маълумотро аз рӯи шунид овардааст?
Гумони ғолиб бар он аст, ки навиштаи ӯ мабнӣ бар маълумоти тазкираҳои пешин аст. Зеро, илова бар навиштаи Мирзо Сангинбек, муаллифони дигар низ аз мавҷудияти қабри Бедил дар асри XIX иттилоъе надодаанд. Чунончи, муҳаққиқи мазкур Абдулғанӣ навиштааст, ки дар «Осорулсанодид», «Ғаробатнигор», «Мазороти авлиёи Деҳлӣ» ва «Воқеъоти дорулҳукумати Деҳлӣ» ном асарҳо зикре аз қабри Бедил нарафтааст (Ниг, Аҳдулғанӣ, Аҳвол ва осори Бедил, Кобул, 1351, с. 176).
Шоири маъруфи Ҳиндустон Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб (1797-1869) дар яке аз номаҳояш овардааст, ки ӯ барои пайдо намудани қабри Бедил кӯшиши зиёде ба харӣ дода буд, вале натиҷае ба даст наомад (Ниг.: Сӣ мақола, с. 219) Маликушшуъаро Қорӣ Абдуллоҳхон дар «Тазкиратушшуъаро» ном таълифи хеш нигоштааст, ки «мазори Мирзо имрӯз маълум нест ва касе суроғи онро надорад» (Ҳамон ҷо, с. 187).
Холмуҳаммади Хаста низ солҳои дар Ҳиндустон зистанаш кӯшиш намуда буд, ки қабри шоирро пайдо намояд. Вале ӯ низ ба ёфтани қабр ва ҳатто маҳалли он муваффақ нагардид (ниг. маҷаллаи «Жувандун», 1342, №13).
Сабаби ба зудӣ аз байн рафтани қабри Бедил, шояд, дар он бошад, ки он берун аз қабристони умумӣ, дар саҳни ҳавлии худи шоир, яъне дар танҳоӣ ҷойгир буд. Гузашта аз ин, тавре ки дидем, Хоҷа Фаҳмӣ навиштааст, ки қабри Бедил дар роҳи мазори Низомуддини Авлиё, яъне дар канори ҷодаи Матҳро ҷойгир шуда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки ин роҳ борҳо тармиму таъмир шуда бошад ва дар асари ин таъмирот қабр аз байн рафта бошад. Ва ниҳоят, шоир агарчи қабри худро даҳ сол пеш аз вафоташ созонда буд, зоҳиран, ба ороиш ва ҳашамати он диққати зарурӣ надода буд. Ин маъниро аз байти зерини ӯ метавон пай бурд, ки гуфтааст:
Эй бехабар, ороиши марқад чӣ хаёл аст?

пешина
аз 250
навбатӣ