Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Номи ту ҳамон беҳ, ки лаби гӯр нагирад.
Бедил дар яке аз рубоъиёти худ шахсонеро, ки дар фикри марқадҳои умда будаанд, мазаммат низ намудааст. Ӯ навиштааст:
Эй карда васияти марг аз хариат,
То марқади умдае кунад довариат.
Бо он ки ту мурдиву бо ҳақ пайвастӣ,
Аз табъ нарафт завқи боҷигариат.
Табиист, ки вазъи хоксоронаи қабр низ барои ба зудӣ нобуд шудани он мусоидат намудааст.
Пас аз ошноӣ бо далоили мазкур суоле ба миён меояд, ки агар қабри Бедил аз байн рафта бошад, пас қабре, ки дар Деҳлӣ бо номи «Оромгоҳи Бедил» мавҷуд аст, чи гуна қабр аст ва аз куҷо пайдо шудааст?
Воқеъан, дар Деҳлӣ, дар наздикии Қалъаи Шершоҳи Сурӣ, ки бо номи Қалъаи Кӯҳна ё худ Пуранақалъа шӯҳрат дорад, қабре бо номи «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил» вуҷуд дорад ва дар иддае аз таълифоти илмӣ ҳамчун мақбараи Бедил зикр гардидааст. Аммо ин қабр ба Мирзо Бедил ҳеҷ гуна алоқа ва иртибот надорад. Ин қабр то солҳои сиюми асри бист умуман вуҷуд надошт. Пайдокунандаи он Ҳасани Низомии Деҳлавӣ ном муҳаққиқи Ҳиндустон аст. Бино бар эътирофи худи ӯ, ки дар номааш ба Малик Абдулғанӣ овардааст, таърихи пайдоиши қабри мазкур ба қарори зайл аст: Ҳасани Низомӣ вақте ки «Мураққаъи Деҳлӣ»-ро аз форсӣ ба урду бо номи «Деҳлии қадим» тарҷима кард, дар тавзеҳоти он гӯшрас намуд, ки бо вуҷуди кӯшишоти зиёд пайдо кардани қабри Бедил ба ӯ муяссар нагардид.
Донишманди дигари Ҳиндустон Шоҳсулаймони Паҳлурӣ пас аз мутолаъаи «Деҳлии қадим»
ба Ҳасани Низомӣ навишт, қабри Бедил дар пешорӯи Қалъаи Кӯҳна, дар муҷовирати қабри Малик Нуриддини Ёрпаррон воқеъ гардида буд. Ҳасани Низомӣ ба назди Қалъаи Кӯҳна рафта, баландиеро пайдо кард ва бе ҳеҷ далел ва ҳуҷҷате онро қабри Бедил эълон намуд.
Сипас ӯ аз ҳокими онвақтаи Дакан Усмоналихон Осафҷоҳи Ҳафтум хоҳиш кард, ки дар таъмир ва тармими қабри мазкур кӯмак намояд. Ҳокими Дакан маблағеро иборат аз ду ҳазор рупияи ҳиндӣ фиристод ва баландии мазкур бо хишти пухтаву семент ва чанд порча санги мармар ба сурати қабр дароварда шуд ва бар сари он катибаи зерин ба забони урду марқум гардид: «Марқади Мирзо Абдулқодири Бедил. Таърихи вафот- саввуми сафари 1133 ҳиҷрӣ.
Таъмир ва тармими зарурӣ дар соли 1359 ҳиҷрии қамарӣ дар асари таваҷҷӯҳоти аълоҳазрат Осафҷоҳи Ҳафтум – шаҳриёри Дакан ба амал омад».
Ҳасани Низомӣ таърихи «кашфиёт»-и худро дар ҷои дигар ба таври дигар баён намудааст.
Бо шаҳодати Холмуҳаммади Хаста, Ҳасани Низомӣ дар соли 1354 қамарӣ (1935-36 милодӣ) дар маҷлиси ёдбуди Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб чунин изҳор доштааст: «Мураққаъи Деҳлӣ»- ро, ки дар форсӣ буд, бо номи «Деҳлии қадим» тарҷума кардам. Қабри Мирзо Бедил дар китоб буд, магар ман ҷои муъаяни онро наёфтам, ки дар кадом ҳад аст. Дар наздикиҳо дар асари кунҷковиҳои Озоди Лоҳурӣ ва баъзе меҳрубонони дигар аз дафтархонаҳои қадими расмӣ маҳалли турбати Бедилро ёфта, рафта дидам ва ба низоми Ҳайдаробод навиштам, ки Бедил устоди Осафҷоҳ навли хонадони шумост. Дар ин айём мазорашро пайдо кардам, тармимаш ба зиммаи шумост» (Ниг.: Хаста, Мунтахабуз-замон Абдулқодири Бедил, нусхаи хаттӣ маҳфуз дар идораи маҷаллаи «Китоб» дар Кобул, с. 59).

пешина
аз 250
навбатӣ