ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Инак, хонанда намедонад, ки ба кадоме аз навиштаҳои Ҳасани Низомӣ бовар намояд? Ба номаи ӯ ба Абдулғанӣ, ки санади ягона суханони Шоҳсулаймони Паҳлурист ё ба «тадқиқот»- и вай дар дафтархонаҳои қадимӣ? Боъиси тааҷҷуб аст, ки Ҳасани Низомӣ ба кофтукови дафтархонаҳои қадим дода шуда, аз манбаъҳои асосӣ, яъне тазкираҳо, ки таърихи вафот, маҳалли қабр, вазъияти он дар давраҳои гуногун дар онҳо сабт ёфтааст, қатъи назар намудааст.
Баъд аз 20 соли «кашфиёт»-и Ҳасани Низомӣ, яъне дар соли 1374 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ ба 1955 милодӣ, бо ташаббуси сафири кабири Афғонистон дар Деҳлӣ Наҷибуллоҳхон бо маблағи хайрияе, ки аз зиёиёни Афғонистон ҷамъ шуда буд, қабри мазкур бори дигар таъмиру тармим шуда, ба шакли мақбараи на чандон калоне дароварда шуд ва катибаи он низ ба шакли зай тағйир пазируфт: «Оромгоҳи Мирзо Абдулқодири Бедил. 1054 ҳ.қ. – 1133 ҳ.қ. Ин бино дар соли 1374 ҳ.қ. ба иъонати дӯстдорони афғонии Бедил ба сар расид».
Тавре ки гуфтем, қабри кашфкардаи Ҳасани Низомӣ дар иддае аз адабиёти илмӣ ва илмӣоммавӣ, аз ҷумла дар мақолаи Муҳаммад Иброҳими Халил «Урси Бедил» (Ориёно, Кобул, 1330), рисолаи Хоҷа Ибодуллоҳи Ахтар «Бедил» (Лоҳур, 1952), китобчаи Файзии Кобулӣ «Мухтасари афкори Бедил» (Кобул, 1332), китоби Алиасғари Ҳикмат «Нақши порсӣ дар аҳҷори Ҳинд» (Теҳрон, 1337), рисолаҳои Холмуҳаммади Хаста, Мунтахабуззамон Мирзо Абдулқодири Бедил» (маҷаллаи «Жувандун», 1342, №13), Абдулҳакими Табибӣ «Нигоҳе ба сайри тасаввуф дар Афғонистон» (Кобул, 1356), мақолаҳои Муҳиддин Хоҷаев «Дар замири мост ошёни дӯст» (Садои Шарқ, 1985, №7) ва Муҳиддин Олимпур «Дар оромгоҳи бузургон»
(рӯзномаи «Маъориф ва маданият» аз 22. VI. 1978) ҳамчун қабри Бедил шинохта шудааст.
Вале ҳанӯз пеш аз тармими дуввуми қабри мазкур муҳаққиқи намоёни Бедил Малик Абдулғанӣ дар номае, ки ба донишмандони Афғонистон фиристода буд, изҳор дошт, ки қабри кашфкардаи Ҳасани Низомӣ ба Мирзо Бедил ҳеҷ гуна иртибот надорад. «Зеро – навишта буд ӯ,
- ҳеҷ як аз тазкиранависони муъосири Мирзо Бедил қабри Бедилро дар Пуранақалъа нанавиштаанд ва ин мавзеъ аз мадфани аслии Бедил, ки дар тазкираҳо мастур аст, ду мил (3,5 км – Б.Р.) фосила дорад» (Ниг.: Сӣ мақола, с. 157).
Малик Абдулғанӣ ин маъниро баъдтар дар мақолаи «Таҳқиқе дар мавриди поёни зиндагонӣ ва мадфани ҳазрати Бедил» (Ирфон, 1337, №2) ва рисолаи маълуми хеш «Аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил» бо далоили қавӣ ба исбот расонид.
Шоир ва донишманди Афғонистон Сарвархон Гӯёи Эътимодӣ дар мақолаи «Вафоти Бедил, қабри Бедил, урси Бедил» (маҷаллаи «Ирфон», 1335, №8) ва Сайид Ҳисомуддини Рошидӣ дар ҳошияи тазкираи Қонеъи Таттавӣ «Мақолотушшуъаро» (Карочӣ, 1957) низ ғалат ва бебунёд будани ақидаи хоҷа Ҳасани Низомиро таъкид кардаанд. Чунончи, Сайид Ҳисомиддини Рошидӣ навиштааст: «Қабре, ки Ҳасани Низомии марҳум қариби Қалъаи Кӯҳнаи Деҳлӣ, муқобили мазори ҳазрати Малик Ёрпаррон ба номи Бедил таъмир карда, назди муҳаққиқин собит нест, ки аз Бедил бошад» (Мақолотушшуъаро, с. 457).
Илова бар ин, мардуми маҳаллии худи Деҳлӣ низ ба мадфани аслии Бедил будани ин қабр шубҳа доранд. Ин мазмунро аз гуфтаи муаррихи тоҷик Аҳрор Мухторов, ки қабри мазкурро зиёрат кардааст, дарёфтан мумкин аст. Ӯ навиштааст, ки «аз рӯи нақли аҳолии маҳаллӣ, қабри шоир як вақтҳо дар даруни кадом як бино будааст ва ҳоло аз он иморат осоре боқӣ намондааст» (А. Мухторов. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон, Душанбе, 1984, с. 204).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё