Зеҳн
ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар воқеъ, бо шаҳодати аксари тазкиранависон, Бедил дар саҳни ҳавлии худ дафн шуда буд. Ҳавлии шоир, тавре ки гуфтем, беруни Деҳлидарвоза, дар маҳаллаи Каҳгариён воқеъ буд. Маҳаллаи Каҳгариён агарчи то имрӯз аз байн рафтааст ва ё тағйири ном кардааст, вале Деҳлидарвоза ҳоло ҳам барҷой аст.
Деҳлидарвоза дарвозаест, ки бахши шимолии Деҳлиро, ки Шоҳиҷаҳонобод ном дорад, ба қисматҳои ҷанубӣ ва марказии он пайваст менамояд. Гап дар сари он аст, ки Шоҳиҷаҳон (1628-1658) ном подшоҳи Ҳиндустон, баъд аз он ки дар соли 1638 пойтахти худро аз Акбаробод ба Деҳлӣ овард, дар қисмати шимолӣ-шарқии Деҳлӣ, дар соҳили рости дарёи Ҷамна барои дарбори худ қасре бино кард ва онро бо қалъае, ки баъдтар «Лаълқалъа» ном гирифт, иҳота намуд. Дар баробари ба қалъа иҳота кардани қаср як қисмати Деҳлиро низ бо девор иҳота намуд. Бахши бо девор иҳота шудаи Деҳлӣ дар якҷоягӣ бо Лаълқалъа бо номҳои «Шоҳиҷаҳонобод» ва «Шаҳринав» шӯҳрат ёфт. Бахши боқимондаи шаҳр, яъне қисмати аз девор беруни он, бо номи «Деҳлӣ» ва ё «Деҳлии кӯҳна» ёд мешуд. Шоҳиҷаҳонобод чун дигар шаҳрҳои асримиёнагии Шарқ дорои дарвозаҳои зиёде буд. Чунончи, Лоҳурдарвоза, Аҷмирдарвоза, Кобулдарвоза ва ғайра. Яке аз он дарвозаҳо бо номи Деҳлидарвоза машҳур буд. Яъне дарвозае ки роҳи Деҳлӣ ё худ Деҳлии кӯҳна аз он оғоз меёфт. Ҳавлии Бедил, ба қавли Хушгӯ, дар наздикии ҳамин дарвоза, дар ҳудуди Деҳлии кӯҳна воқеъ гардида буд.
Суоле ба миён меояд, ки агар хонаи Бедил, воқеъан дар наздикии Деҳлидарвоза буда бошад, пас чаро Хушгӯ «дар назди дарвоза» нагуфта, «беруни дарвоза» навиштааст? Таъбири «беруни дарвоза» оё маънои умуман аз дарвоза берунро надорад?
Азбаски Деҳлидарвоза марзи ду шаҳр – Шоҳиҷаҳонобод ва Деҳлии кӯҳна ба шумор мерафт ва ин дарвоза аз дарвозаҳои Шоҳиҷаҳонобод буд, дар сурати «дар нази дарвоза»
гуфтан, хонанда гумон мекард, ки хонаи шоир дар ҳудуди Шоҳиҷаҳонобод воқеъ будааст.
Хушгӯ маҳз барои таъкиди он, ки хонаи шоир дар ҳудуди Деҳлии кӯҳна ҷойгир аст, таъбири «беруни дарвоза»-ро ба кор бурдааст. Хушгӯ тавассути ин таъбир ду матлабро ифода намудааст. Яке он, ки хонаи шоир дар наздикии дарвоза воқеъ аст, дигар он, ки хона берун аз марзи Шоҳиҷаҳонобод – дар ҳудуди Деҳлии кӯҳна ҷойгир аст.
Агарчи Қалъаи Кӯҳна ва Деҳлидарвоза ҳарду аз минтақаҳои намоёни шаҳри Деҳлӣ мебошанд, вале Қалъаи Кӯҳна нисбат ба Деҳлидарвоза шӯҳрат ва маъруфияти бештаре дорад. Зеро Деҳлидарвоза агар яке аз чордаҳ дарвозаи Шоҳиҷаҳонобод бошад, Қалъаи Кӯҳна аз ҷумлаи ёдгориҳои беназири шаҳри Деҳлӣ маҳсуб мешавад. Хонаи Бедил агар дар назди Қалъаи кӯҳна, ҷойгир мебуд, Хушгӯ ба он, яъне ба Қалъаи Кӯҳна ишора мекард, на ба Деҳлидарвоза.
Илова бар ин, дар назди Қалъаи Кӯҳна мақбараҳои шайх Абӯбакри Тӯсӣ (вафоташ – 700) 1300-1301), Малик Нуриддини Ёрпаррон (вафоташ – 680/1281 – 1282) ва дигарон низ мавҷуданд, ки дар охири қарни XIII ва ибтидои қарни XIV бино ёфтаанд. Аммо ҳеҷ касе аз тазкиранигорон қабри Бедилро дар ҷивори онҳо қаламдод накардааст.
Баъд аз он ки назарияи Ҳасани Низомӣ роҷеъ ба маҳалли қабри Бедил мавриди тардиди муҳаққиқон қарор гирифт, як гурӯҳ мухлисони Бедил овозаеро интишор доданд, ки гӯё, дар замони салтанати Аҳмадшоҳи Дуроннӣ (1747-1773) устухонҳои Бедилро аз Деҳлӣ ба Кобул интиқол дода, дар Хоҷаравош ном мавзеъи Кобул ба хок супурда бошанд. Муаллифи ин овоза Сайид Муҳаммад Довуд ал-Ҳусайнӣ ном устоди донишгоҳи Кобул буд. Ӯ дар чанде аз навиштаҳои хеш, аз ҷумла дар мақолаҳои «Мазори Мирзо Абдулқодири Бедил дар Кобул аст» (маҷаллаи «Ориёно», 1335, №10), «Маъхази ҷадид дар мавзӯъи мазори Мирзо Абдулқодири Бедил дар Хоҷаравоши Кобул» (Ориёно, 1335, №11) кӯшиш намуд, ки ин овозаро асоснок намояд. Дар ҳоле, ки ӯ ду сол қабл аз ин иддаъо дар ҷамъоварии маблағ барои таъмиру тармими қабри назди Қалъаи Кӯҳнаи Деҳлӣ яке аз саҳмгузорони асосӣ буд.

пешина
аз 250
навбатӣ