ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Табиист, ки «кашфиёт»-и ин шахс низ аз тарафи муҳаққиқон, аз ҷумла муҳаққиқони Афғонистон, рад карда шуд. Чунончи, Оламшоҳӣ дар мақолаи «Дар атрофии оромгоҳи мавлоно Бедил» (Ориёно, 1335, №12), Муҳаммад Иброҳими Халил дар мақолаи «Изҳори назар» (Ориёно, 1335, №12) ва Халилуллоҳи Халилӣ дар мақолаи «Дар мавриди касе ки ин катибаро навишта» (Ориёно, 1335, №12) таъкид намуданд, ки фикри аз Деҳлӣ ба Кобул овардани устухонҳои Бедил афсонае беш нест.
Муҳаққиқони дигари афғонӣ Азизудини Вакилӣ дар мақолаи «Алоқаи шоҳон ва мардуми Афғонистон роҷеъ ба шахсият ва осори Бедил» (рӯзномаи «Анис» далв, 1348- ҳамал, 1349) ва Ғ. Ҷалолӣ дар мақолаи «Абулмаъонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил» (маҷаллаи «Лимар», 1349, №8) низ беасос будани ин даъворо таъйид намудаанд.
Аз муаллифони Афғонистон танҳо як нафар – Салоҳуддини Салҷуқӣ ба ақидаи Довуд- ал- Ҳусайнӣ ҳамраъйӣ намудааст. Ӯ дар «Нақди Бедил» (Кобул, 1343, с. 87) ном рисолаи худ чунин навиштааст: «Ҳине ки ба Ҳинд будам, аз Бедил хелеҳо ҷустҷӯ намудам. Вале маълум шуд, ки мардуми Ҳинд кунун Бедилро фаромӯш кардаанд. Қабри Бедил ҳам пайдо нашуд. Ва ман дар поёни кӯшиши худ ба ин фикр омадам, ки бақоёи ӯро ба Кобул овардаанд. Ва ман дар ин бора бо устод Сайид Муҳаммад Довуд-ал-Ҳусайнӣ ҳамнаво ҳастам. Асноди устоди мавсуф хуб қавист. Ва илова бар он гум шудан ва нопадид шудани ногаҳонии қабри Бедил дар замоне, ки дар он муҳит бузургтарин шоиру сӯфӣ ва адиб маҳсуб мешуд, ҳеҷ маънӣ надорад, ба ҷуз ин ки ҷуссаи ӯро аз хонааш (табъан қабр дар хона маънии дигаре надорад, ба ҷуз ин ки муваққат бошад) расман ба ватанаш овардаанд».
Тавре ки гуфтем, Довуд-ал-Ҳусайнӣ иддаъо дорад, ки ҷуссаи Бедил дар замони салтанати Аҳмадшоҳи Дурронӣ аз Деҳлӣ ба Кобул оварда шудааст. Вафоти Аҳмадшоҳ 1187 ҳиҷрӣ, мутобиқ 1773 милодист. Вале чунон ки дидем, Ғулом Ҳамадонии Мусҳафӣ қабри Бедилро дар соли 1199 ҳиҷрӣ (1784-85) дар Деҳлӣ зиёрат карда буд. Яъне қабри шоир 12 сол баъд аз вафоти Аҳмадшоҳ низ дар Деҳлӣ мавҷуд ва маълум буд.
Далели дигари Довуд-ал-Ҳусайнӣ, ки Салоҳуддини Салҷуқӣ низ ба он такя кардааст, он аст, ки гӯё, дар хонаи худ гӯронидани Бедил маънои муваққатан ба хок супурданро дошта бошад. Дар ҳоле ки Бедил, чунон ки гуфтем, қабри худро даҳ сол қабл аз вафоташ омода сохта буд. Яъне васияти шоир он буд, ки маҳз дар саҳни ҳавлии худ гӯронида шавад.
Гузашта аз ин, дар саҳни ҳавлиҳои худ гӯронидани одамони бузург одати маъмули мусулмонони Ҳиндустон аст. Чунончи, шоири маъруфи асри XVIII Шоҳфақируллоҳ Офарини Лоҳурӣ низ дар саҳни хонаи худ мадфун аст.
МАСНАВИИ НАХУСТИНИ БЕДИЛ
Маснавии «Тилисми ҳайрат» аввалин асари калонҳаҷми Мирзо Абдулқодири Бедил (1644- 1720) буда, дар соли 1080 ҳиҷрӣ мутобиқ ба солҳои 1669-1670 милодӣ дар синни 25-26- солагии муаллиф эҷод шудааст. Бедил таърихи таълифи асарро дар муқаддимаи он ин тавр ба қалам додааст:
Ба килки мухтареъ чун ёфт итмом,
Чу олам шуд «Тилисми ҳайрат»-аш ном.
Куҳантаърихии аҳли замонёб
Пайи таърихи назмаш буд бетоб,
Сари андеша то дуздид дар ҷайб,
Бурун овард «ганӣ» аз «олами ғғайб».
Дар ин ҷо калимаи «ганӣ» ва ибораи «олами ғғайб» моддаҳои таъриханд, ки ба ҳисоби абҷад ададҳои 73 ва 1153-ро ифода менамоянд. Дар сурати берун овардани «ганӣ» (73) аз «олами ғайб» (1153) адади 1080 боқӣ мемонад, ки санаи таърихи таълифи асар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё