ОШНОӢ БО БЕДИЛ

Мақолаҳои ин маҷмӯа, ки дар 25-30 соли охир таълиф шудаанд, масоили гуногуни омӯзиши аҳвол ва осори Мирзо Абдулқодири Бедилро дар бар мегиранд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 250 саҳифа
Гуфтан лозим аст, ки баъзеи муҳаққиқон аз таърихи таълифи асар санаҳои дигарро бурун овардаанд, ки саҳеҳ намебошан. Чунончӣ А. Шпренгер – муаллифи «Феҳристи нусхаҳои хаттии арабӣ, форсӣ ва ҳиндустонии «Китобхонаи Ҳокимони Авадҳ» (Ҷилди аввал, Калкутта, 1854, саҳ. 380) мисраъи таърихро дар шакли «Бурун овард ганҷи олам аз ғайб»
оварда, аз он адади 1125-ро истихроӣ намудаст ва дар ин асос таърихи таълифи асарро 1125 ҳиҷрӣ ба қалам додааст.
Устод Айнӣ дар асари маълум ва машҳури худ «Мирзо Абдулқодири Бедил» (Сталинобод, 1954, саҳ. 72) таърихи таълифи маснавиро 1079 ҳиҷрӣ донистааст. Ӯ аз асари «Сари андеша то дуздид дар ғайб» ба маънои ба андеша рафтан аст, на ба маънои сари андешаро дузондан ё худ аз андеша сари онро кам кардан. Шоир гуфтанист, ки аҳли замонёб барои дарёфти таърихи назми асар бетоб буд ва дар натиҷаи сари андешаро дар ғҷайб дузондан, яъне ба фикру андеша фурӯ рафтан – «ганӣ»-ро аз «олами ғайб» берун овард.
То ҷое, ки ба мо маълум аст «Тилисми ҳайрат» то кунун панҷ бор ба табъ расидааст, чаҳор бор дар таркиби нашрҳои гуногуни куллиёти Бедил – нашри Сафдарии соли 1847, Нашри Сафдарии соли 1882, нашри Кобул (1962-1965), нашри Теҳрон (1997) ва як бор дар якҷоягӣ бо маснавиҳои «Муҳити аъзам» ва «Тури маърифат», ки дар соли 1993 дар Душанбе ба миён омадааст. Аз нашрҳои зикршудаи маснавӣ комилтарини онҳо нашри Душанбест. Аз рӯи ин нашр ҳаҷми асар, 3484 байт аст.
Маснавӣ аз муқаддима, хотима ва бахши асосӣ- ҳикоят дар имтизоҷи рӯҳ ва ҷисми инсониборат буда, матни умумии он ба 15 бахши алоҳидаи дигар тақсим шудааст. Бахшҳои мазкур дорои унвонҳои манзуме мебошанд, ки дар шакли байтҳои ҷудогона эҷод шудаанд. Масалан, бахши шашум, ки дар сабаби назми китоб аст, чунин унвон гирифтааст:
Замзамаороии сози камол,
Оинапардозии ҳусни маҳол.
Унвони бахши ҳафтум, ки оғози қисми асосии асар мебошад, ин аст:
Нашъаи огоҳии рӯҳ аз бадан,
Яъне аз итлоқ ба қайд омадан.
Унвонҳои мазкур ҳама дар як вазн-сареъи мусаддаси матвии макшуф-иншо шудаанд ва аз вазни асосии асар, ки ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ва мақсур аст, фарқ мекунад Чунон ки аз мактуби Бедил «Ба Оқилхон, дар шукри ахлоқи Шукруллоҳхон» бармеояд, унвонҳои манзуми асарро Шукруллоххони Хофӣ (ваф. 1696) ном дӯсти Бедил таълиф намудааст. Мақсад аз ин унвонгузорӣ он будааст, ки бе душворӣ ва тааммули зиёде ба асли матлаб, ки дар асар ифода шудааст, пай бурда шавад. Ба ибораи худи Бедил гуем, «Ҳар гоҳ нигоҳи маънипаноҳ майли мутолаъа фармояд, бетааммул ниқоб аз рӯи маънӣ кушояд».
Баъзеи тазкиранависон, аз ҷумла Биндробандоси Хушгӯ (вафоташ с. 1757) ва иддае аз муҳаққиқон, аз қабили Нурулҳасани Ансорӣ ва Асадуллоҳи Ҳабиб, изҳор намудаанд, ки «Тилисми ҳайрат» дар пайравии «Мантиқ-ут-тайр»-и Фаридаддуни Аттор (1148-1220)эҷод шудааст. Ҳарчанд дар худи маснавӣ доир ба ин масъала ишорае ба назар намерасад, аммо мазмуни он аз баъзе ҷиҳатҳо сужети «Мантиқ-ут-тайр»-ро ба хотир меоварад. «Тилисми ҳайрат» низ чун «Мантиқ-ут-тайр» ба мавзӯи тасаввуф ихтисос ёфта, дар он масъалаи худшиносии орифона аз роҳи ранҷи сафар ва тайи водию манзилҳои гуногун талқин шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё