Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту чиҳо гўӣ, Саида?
— Рост гўям, ту худро гум накардаӣ, ки ҷўӣ, ту беҳуда хешро овора карда гаштаӣ. Хештанро кайҳо ёфтаӣ ва бибояд домони худ сахттар бидорӣ...
— Маълум, ки ту ҳам аз ман безор шудаӣ.
— Агар ту аз оворагӣ ба қасри санъат баргардӣ, ҳеҷ қисса не.
— Туро ҳеҷ қисса не, аммо маро – марг!
Саида як қад парида, тарсида аз ҷогаҳ бархест ва қаҳр кардагӣ барин берун баромад.
Ромиз аз чунин гапҳои нешдор ва дар айни замон насиҳатворонаи занаш ҳайрон шуд, ба назараш расид, ки касе чунин гапҳоро ба ў ёд додааст. Ёд дода бошад ҳам, худи Саида ёфта, гуфта бошад ҳам, сахт буданд, ба Ромиз сахт расиданд. Ў чунон ҳушёр шуд, ки гўё қатраи арақро ба даҳон набурда бошад. Таги пўсти ў мурғак давид. Дастонашро харпанҷа андохта, зери сар гузошта рўболо хобид. Ба хаёл рафт: «Маълум ки Саида сахт ранҷидааст. Ў ғами маро хўрад ва ё камбудӣ кашидааст?.. Ё дарди дилашро ба ягон кас гуфта маслиҳат гирифтааст... Ба ҳар ҳол бегап не...»
Ромиз сар бардошт, харпанҷаи зери сарашро раҳо карда, ҷаста хест ва аз паси Саида тозон берун баромад...

5

Ромиз ба гулҳои рўи ҳавлӣ кордор нашуда ва аз аҳволи Муллоамаку Хола-мулло хабар ҳам нагирифта, гўё қаҳролуд аз ҳавлӣ бадар рафт. Гўё аз рафтори шабина шарм карда, бо онҳо рў ба рў нашуда, рафт. Ҳатто куҷо рафтанро ба Саида ҳам нагуфт. Шояд намедонист, ки куҷо меравад. Ў, ки шаби дароз нимхобу нимбедор ва ниммасту нимҳушёр чӣ гуфтану чӣ кор кардану чӣ хел ҳаво гирифтанро ёд надошт, сари сина баланд карда, аз ҳавои серуни пагоҳӣ дароз-дароз нафас гирифт. Ҳарчанд аз ҳавои нисбатан тоза ҳам бўи бензину резину бўи дудаи заводу фабрикаҳои дар басти шабона коркарда меомад; сари дилу шуш пур карда, дароз-дароз нафас мегирифт, вале аз ҳаво сер намешуд, сонӣ барои он ки аз ҳаво сер шавад, чун ширинкорони сирк бинӣ дошта ва даҳон калон кушода ҳаворо фурў мекашид; ба кирдори худ табассум кард. Ҳоло ба табассуми беҷо кадоме хандид, бинобар он атрофро аз назар гузаронд. Не, дар наздикиҳо касе нест ва табассумашро касе надидааст; ҳама аз паи кори хеш, фақат Ромиз бекорхўҷаҳо барин гардад...
Ба гўши Ромиз шарфаи пое расид, баргашта нигарист, касеро надид. Ба дари ҳавлӣ зеҳн монд, ки шояд Саида баромада бошад, вале он ҷо ҳам касе набуд, оҳиста-оҳиста қадам зада то гулгашти «Ҳофиз» рафт ва курсии барқади зери чанори ҷавонро интихоб карда нишаст ва ёд овард, ки ҳофизи машҳури тоҷик Шоҳназар охирҳои умраш ҳар сабоҳ пеш аз тулўи офтоб ба ин ҷо ҳозир шуда сайру гашт мекард ва андақе нафаси озод гирифта боз асозанон ба хонааш бармегашт.

пешина
аз 428
навбатӣ