Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз хаёл дорад, ки ҳофизи номдор ҳангоми сайру гашт дар чӣ хусусҳо фикр мекард. Касеро, ки рўз башумор монда, дар бораи чӣ фикр кунад, маълум. «Ха-айр» мадд кашид Ромиз ва дастон бар қадди муттакои курсӣ ба ду тараф боз кард, сар ба пушт майл дода, хастагӣ бароварданӣ шуд, лекин майнааш гиҷ, гўё бар гарданаш на сар, балки як кадуи бемағз савор буд. Ба ҳоли хеш хандид ва ханда ғуборпардаи майнаро кушод, ки «ҳм... артист» гуфт ва ба атроф нигариста гуфтаи худро рад кард: «Не, ту артист нестӣ, артист бошӣ, набояд сарат дард кунад, бояд аз байни ин қадар ғубору дуди ғализ ҳавои тоза ҷудо карда, гирифта тавонӣ. Агар не, ту чӣ хел артист? Артист... Актёр бояд пуриқтидор бошад, аз дасташ ҳама кор ояд. Ў бояд мардумро хандонад, тамошобинро ба ваҷд орад, ғизои рўҳӣ бахшад, нисбат ба корҳои ношоиста, пастию ноҷавонмардӣ, нопокӣ ва ҳама гуна бедодӣ нафрат ва ғазаби касро барангезад... актёр бояд бимираду боз зинда шавад... «Хушбахттарин каси рўи олам актёр аст» хаёл кунад тамошобин, вале надонад, ки берун аз саҳна бо актёр чӣ корҳое пеш ояд... Ҳов, мо ҳама актёрем, вале ҳунар он аст, ки дар зиндагӣ кӣ нақшро бозида тавонад? Ҳама гап дар ҳамин... Агар ҳар кас медонист, ки чӣ актёрест, ҳоҷат ба театр намемонд. Театр барои он лозим ки ҳар касро дар чашмаш нишон диҳӣ... Албатта, ин чизро як касу ду кас набофта, ин чиз аз таҷрибаи рўзгор.
Нахустин театр ҷаҳон; аввалин актёрон – одамон: яке рафтору гуфтору кирдори дигареро дида, хубӣ ё бадиашро тақлид карда, ба ҳамдигар нишон додаанд...»
— Ҳа, Эзоп! – садои шиносе ба гўши Ромиз расид.
— О-о, Турфалдино! – ҷавоб гардонд Ромиз ва чунон буд, қи онҳо дар саҳна бозӣ карда истодаанд, сонӣ ў дастони бар рави курсӣ бол кушодаро ҷамъ карда, хест ва одоб кард: «Салом, ака!»
— Чаро хестӣ? Бишин! – гуфта аз банди дасти ў дошта бознишонд ва ордену медалҳои зиёде дар сари синааш ҳамоил шуда алвонҷ хўрданд.
— Бо шумо шўхӣ карда ҳам нашавад, – «Турфалдино» гуфтанашро дар назар дошта гуфт ў ва ҳазломез каме худро пас кашид.,
— Ҳазлу шўхиатро кардан гир, Ромиз. Қадри ин чизҳоро касефаҳмад, ки ҳаёти худро гаравгон монда ба ин чизҳо ноил шудааст. Ҷанговарон маънии ҷилваи ин чизҳоро фаҳманд, вале барои баъзе шоколодмастони инзамона ин чизҳо як пора тунукаи рангкарда...
— Мефаҳманд, акаи Ғиёс, одамони ин замона даҳони амма не, мефаҳманд, ки аз ордендорон боэътибортар касе нест.

пешина
аз 428
навбатӣ