Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ҳа-а, мефаҳманд, Ромиз, – мадд кашид Ғиёс.
— Ҳатто дар дорухонаҳо навишта мондаанд, ки дору гирифтан барои маҷрўҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бенавбат...
— Ҳа-а, ба ҳаминаш ҳам шукр... Маҷрўҳи Ҷанги Бузурги Ватаниро бо доруи аптека, махсусан бо антибиотикҳо муолиҷа кардан муҳол аст, Эзоп... сонӣ, маҷрўҳони Ҷанги Бузурги Ватанӣ донашумур мондаанд... Ту ин дардро намефаҳмӣ, Эзоп.
— Шояд, шояд нафаҳмам, ако... лекин, агар ба дасти ман мебуд, чӣ кор карданро медонистам...
— Не, ту ҳам намедонистӣ, ин кор ба дасти ману ту не.,.
— Ҳамин хелу боз илоҷашро ёфтан мумкин...
— Ба мо кам мадад намекунанд, ҳар чӣ аз дасти ҳукумат ояд, карда истодааст, худи ба маҷрўҳони ҷанг додани мошинҳои сабукрави бепул... Ҳа, додарам, дигар ҷои гап не. Хуб карда истодааст ҳукумати мо... Ту мегўӣ, ки одамони мо ин нишонҳоро намефаҳманд, мефаҳманд, ҳатто кўдаки ҳоло ба мактаб нарафта якбора чашмаш ба ин нишонҳо афтад, «воҳ» гўяд. Баъди он бинӣ, ки ҳар нишоне, ки ба дасташ афтид, тақлид карда ба сари сина часпонад... Ин хуб аст...
— Рост мегўм, агар ба дасти ман мебуд...
— Гуфтам-ку, ба дасти ту ҳам бошад, ҳеҷ кор карда натавонӣ, орзуи камбағал ин ки бой шуда ҳама чизашро ба камбағалон тақсим карда диҳад, аммо чун бой шуд, ҳама камбағалонро кор фармуда бойтар шудан хоҳад. Ту, додарам, ҳоло одамонро хуб намедонистаӣ. Одам махлуқи ношукр.
— Ман дар ҷое хондам, ки одам аз аввал чорпо буда, сонӣ, то таъзим кардан дар назди дигарон маълум шавад, ба ду по гаштан омўхтаст...
— Худат бофта бошӣ ҳам, хуб бофтаӣ. Рост, агар одам барои худ мушкилиҳо намеофарид, ин қадар азоб намекашид. Ў қонуну қоида барорад, сонӣ ба он итоат карда гардад.
— Одами инзамона ғами ҳама чизро мехўрад. Масалан, дар Амрико президент интихоб мекунанду мо дар ин ҷо ғам мехўрем, ки кадоме аз номзадҳо овози зиёд мегирифта бошад, зеро тақдири олам дар дасти давлатҳои бузург аст ва давлатҳои бузург сардор доранд; сардор одил бошад, олам осуда гардад.
— Аз сардори давлати мо одилтар кас дар рўи олам нест. Додарам, ман бо ту гапзанон карда, кори асосиро аз ёд баровардам.
— Чӣ буд кори асосиатон, ки ман ёрӣ диҳам.
— Ба телестудия рафтан лозим, он ҷо маро интизоранд.
— Роли ягон қаҳрамонро бозӣ мекунед?
— Не, қаҳрамонии худро бояд ба пионерон ҳикоят кунам.
Ҳамин хел гуфтанд... Хайр, як нишонҳоямонро тамошо диҳем, зарар надоштагист..
— Зарар надорад, ака. Балки боиси ифтихор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё