Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не... Муаллимаеро, ки маро ба хонаи баччагони шаҳр бурда ба дасти Одинаи Ҷаббор супоридааст... Акнун фаҳмидед, ки ман чўҷаи инкубатор, дар ман ҳеҷ гуна ҳилаю найранги одамӣ нест.
Рости алиф... Ба касе бадӣ нахоҳам ва гапи касеро нахўрам...
Донам, ки ин – бад, донам, ки ин чиз ба сари кас бало орад, лекин дигар шуда натавонам; феъли бо шир ба тан даромада бо ҷон барояд. Шунидаед, ки ҳама дар бораи як чиз дар ҳама ҷо гап зананду аз паяш нашаванд? Балки аз паи дигар корҳо шаванд. Ҳа, шумо дар бораи бисёр чизҳо шунидаед, ҳатто ман чӣ гўям, донед.
Ҳама дар бораи ҳақиқат гап зананду мубориза набаранд. Балки гурезанд. Дар бораи ҳақиқати мутлақ нагўям, дар бораи ҳақиқати кор, ҳақиқати рўзгор, ҳақиқате, ки миёни мову шумо, миёни ёрону ҳамкорон бояд вуҷуд дошта бошад... Нахандед... Шуморо фаҳмидан душвор нест. Шумо гуфтанӣ, ки мо кайҳо ҳақиқатро ба даст овардаем; ин беақлро бин, ки хобгўӣ дорад. Ман ин чизҳоро фаҳмам... Ба қавли Эзоп «мо ба хотири ҳақиқат зиндагӣ мекунем ва дар роҳи он мемирем».
— Бале, ҳама дар ҳамин роҳ мемирем.
— Вале пеш аз он ки мирем, қарзҳоямонро бояд адо кунем.
Ман аз модарам – Ватан қарздор, аз халқам қарздор, аз падару модароне, ки дар хонаи баччагон доштам... Қарзам зиёд, адояш душвор. Барои адои он умр кўтаҳӣ кунад. Ман аввал худро бояд шиносам, дарёбам, баъд ба хидмат пардозам. Ин қарзи фарзандӣ ва қарзи ҳар як фарди ҷамъият аст...
— Шумо дигар шудаед.
— Ман ҳамин хел будам... Дар ин харак шинем?
— Ташаккур, ба ман дер шуд.
— Воқеан, шумо муаллима, пай бурдаед, ки талабаҳои имрўза аз талабаҳои пешин чӣ фарқ доранд?
— Фарқашон аз замин то осмон, вале надонам шумо чиро дар назар доред, дониш ё интизомро?
— Магар дониши беинтизом мешавад?
— Фаҳмо. Гапатон рост. Дар ҳақиқат баччаҳо шўх, беинтизом, нинаксахт, худшинос ва ҳушёр. Саҳле анг монед, шуморо дарс диҳанд. Махсусан синфе, ки ҳамин сол дарс медиҳам, мислашро надидаам. Вай-вай-е! Аршро ба фарш медўзанд. Шўх, беинтизом...
Лекин ба ин замона чӣ айб дорад? Ҷамъият чӣ муносибат дорад?..
Гумон дорам, ки ин ҷо бештар айби оила...
— Айби худи баччаҳо ҳам ҳаст...
— Ҳаст... Каме ба ихтиёрашон монед, фарзанддорҳо чӣ кор кунанд?.. Ин як баҳс аст, ки таг надорад. Гурўҳе ҳастанд, ки «хонда кӣ шавад?» гўянд. «Нонвоӣ карда чорта нон биёрад, ё ба магазин даромада панҷ танга пасандоз кунад, фоида» донанд. Як гурўҳи дигар аз синфи ҳафту ҳашт баччаҳоро гирифта, духтаронро хонашин кунанд, писаронро савдо ёд диҳанд. «Калонеш ба мактаби олӣ дохил шуда натавонист, инаш ҳам умрашро беҳуда гузаронад?»

пешина
аз 428
навбатӣ