Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

гапи ёфтаашон ҳамин. Магар ин фикрҳо баччаҳоро вайрон намекунад?.. Аз кисаи баччаи синфи ҳафтум «панҷоҳсўма» ёбед, чӣ ҷои гап? Агар ба ихтиёри ин «дороҳо» монед, духтаронро арўсвор ороста ба мактаб фиристанд... Магар ҳамаи вайрониҳо аз ҳамин ҷо сар намезанад?
— Ҳа-а...-
— Нафорид?
— Ин гапро ба ман гуфтед, ба дигар кас нагўед...
— Барои чӣ?
— Магар баччаҳои асри бист – баччаҳои азизи мо шум, беодоб ва ё беинтизом шуда метавонанд?
— Чаро не?
— Мо бояд баччаҳоро дар рўҳи дигар тарбият кунем: ҳама нозу неъмат бояд барояшон муҳайё бошад...
— Муҳайё бошад... – ба рўи Ромиз нигоҳ карда гуфт Ҷаҳоноро. – Лекин, сахт гирифтан даркор. Лойи сусту бешира ва хом сафол нашавад...
11
— Ту хароб шудаӣ, Ромиз, оҳ... чунон хароб шудаӣ, ки... – раҳмаш омада ва навозиш карда гуфт Саида. – Барои чӣ хароб шудаӣ, чӣ намерасад ба ту?
— Не, Саида, ин вақтҳо ки маро бисёр мебинӣ, ба чашмат ҳамин хел тобад... Эътибор нате, дилам танг...
— Чӣ хел? Туро гуфта аз тамоми хешу таборам ҷудо шаваму эътибор надиҳам? Ин гапи куҷо?
Ромиз чизе нагуфта, дар пайроҳаи танги гирди ҳуҷра чанде қадам зад, фикру хаёл кард, сонӣ ба хона даромада Саидаро ҷеғ зад.
— Чаро ин хел гўӣ, Саида? – сари ўро оғўш карда пурсид Ромиз. – Чӣ, ба арвоҳ монанд шудаам?
— Нагў ин хел, – сар дар оғўши Ромиз ҷунбонида гуфт Саида.
— Пас ин гапат чӣ маънӣ дорад?
— Ту худатро ҳайф бикунӣ.
Ромиз сари ўро аз оғўш раҳо кард. Гумонаш, ки Саида дар бораи Ҷаҳоноро ягон чиз пай бурдааст.
— Чӣ хел ман ҳайф?
— Охир, туро ҳама таърифу тавсиф карда, дар телевизор бозиҳоятро нишон доданд. Надонам, ки чаро яку якбора ба таъриф лагат задӣ... Ба гапи кӣ рафтӣ.
— Ҳа-а, ин чизро гуфтан душвор, Саида, фаҳмидан ҳам.
— Шояд ҳамин хел бошад... Худат фаҳмӣ, шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё