Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ромиз гушна буд, лекин аз гулўяш хўрок нагузашт... Дар хона ҳам нишаста натавониста баромада рафт. «Дар бораи ман ҳама гап зананд, ҳатто занам... маълум ки ин ҳамту не...» хаёл кард ў.
Вале надонист, ки бо чунин фикру андешаи парешон ба ягон ҷои корбоб не, рост ба назди дарвозаи Ҷаҳоноро рафт.
Офтоб фурў мерафт, вале ҳоло ҳам Ромиз дар сари тангкўчаи Ҷаҳоноро қадам мезад, то ўро дида дурусттар гапзанон кунад, масъаларо кўндаланг монад, гапҳои сари забонашро гўяд, дилашро холӣ кунад ва он гах ҳарчӣ шавад, шудан гирад; гўё ҳама кору бор ва ояндаю мушкилот саҳлу осон шавад; ҳар банду гираҳи дар тақдири ў афтида, кушода гардад... Сонӣ... маҳз сонӣ китоби Ҳофизро кушода фол бинад ва ғазале, ки пеш ояд, барои Ҷаҳоноро бихонад. Ў омўзгор, Ромиз чӣ бихонад, бифаҳмад... Воқеан, Ромиз шеърхон аст; чунон шеърхон, ки ягон кас мисли ў шеър хонда натавонад. Шеърро ҳамчун шоир на, чун актёр хонад; дар радиою телевизор хонад, дар барномаҳои консертии барои пешқадамони хоҷагии қишлоқ хонад ва дар ҷойҳои барои худи ў маъқул. Вале аз бозе, ки аз театр рафтааст, ўро даъват накунанд. Яқин донанд, ки бо чунин рўҳе, ки ў дорад, шеър хонда натавонад ва даъват кунанд, наравад, инаш аниқ... Аммо ҳоло чунон шеърхонии Ромиз омадааст, ки агар Ҷаҳоноро розӣ шавад, барояш шаборўз ғазал хонад:

Он сияҳҷурда, ки ширинии олам бо ўст,
Чашми майгун, лаби хандон, рухи хуррам бо ўст.

Аз ҳамин байти Ҳофиз сар карданист, ки гўё ин сифатҳо тарҳи симои ўро кашад.
Чароғҳои як қади одам аз замин баланди «Гулгашти Ҳофиз»
фурўзон шуданд. Мошине, ки андаке пеш роҳравҳои гулгаштро об зада буд, ба ҷои тафсо як нафаси серун овард. Партави хирае, ки аз зери шишаҳо гузашта баргҳои тари буттаҳоро низ равшан карда буд, диққати Ромизро кашид... Ў ба назди якеи он сутунчароғҳо рафта, қомати баландашро андоза кард ва гардан ёзонда лампочкаи онро дида натавонист ва баргашта гулгашти зеборо тамошо карда, қисмати шаҳри ҷавонашро фикр кард: таваллуди республика соли таваллуди режиссёр Шокир. Дар ин муддат режиссёр шонздаҳ филм гирифтааст, шаҳри Душанбе то чӣ андоза дигаргун шудааст, аммо кори кардаи Ромиз маълум нест. Ў аз республикаю режиссёр даҳ сол хурд. Ў нақш бозидааст, чанд симо офаридааст...
«Он тарафаш маълум» чунин фикр кунад ў. Аз худ розӣ нест. Чизи дигар хоҳад, баланд хоҳад, вале каллаи каду ҷавҳари ҳамин чизро ёфта натавонад. Дигаргунии Душанбе ба гуфтан осон: вақте ки самолёт мисли паррандаи ба нишастан омода пойҳои худро аз сари синааш фурў дода, аз болои биноҳои зебои маҳаллаҳои 46, 61, 63, 65 ва ғайраҳо мегузарад ва дар фурўдгоҳ қарор гирифта, шуморо ба оғўши шаҳр ҳавола мекунад ва шумо кўчаи Аҳмади Донишро убур карда, ба кўчаи Айнӣ мегузаред ва сонӣ ба рост гашта, аз аввал то охири хиёбони ба номи Ленинро тай мекунед, ҳашамати ин шаҳри ҷавони Шўроасосро пай хоҳед бурд.

пешина
аз 428
навбатӣ