Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...Ромиз соли дуюми аз Москва омаданаш хонадор шуд. Соҳиби ду фарзанд ва сеюмаш «дар сафар». Якбора хонаи се ва ё чаҳордара гирад, то ҳар сол остонаи идораи комитети иҷроияро охурча накунад. Наздик буд навбаташ, тамоман наздик. Ғиёс раҳматӣ намешуд, хонаашро иваз мекард ва баъди ў навбати Ромиз меомад, вале кор ранги дигар гирифт, аз худаш гузашт. Саида барои чунин кор аз гуноҳи Ромиз нагузарад. Умедаш аз ҷои кори худаш
– фабрикаи «Гулистон». Ўро дар фабрика таърифу тавсиф кунанд, ки хушкору хушдўз, вале ҳар сол ба декрет барояд; барои ба ордену медал пешниҳод кардан имкон надиҳад. Лекин Саида хона гирифтанро вазифаи худ донад; зеро фарзанд зоидану устухони ўро шах кардан низ хизмат аст. Ҷои холии ғўрамаргони Ҷанги Бузурги Ватаниро пур бояд кард. Дар фабрика рўйхати хонахоҳон як дафтар; боз нағмаҳои зиёд; он қадар духтарон кор кунанд, ки якбора ба шавҳар бароянд, панҷ-шаш бино ҳам нарасад...
Ромизро хоб набурд, дар ҷогаҳ паҳлў гашту паҳлў: сари ҷогаҳ нишаст, бархест, қад ёзида сақфи ҳуҷраро палмосид ва дасти рост зери каши чап гирифта, дасти чапи таҳти манаҳ позер гузоштаро тела дода манаҳ боло кард, сонӣ ба овози баланд шеър хонд, ба сараш зад, ки барои тамошобинони театр намоише созад...


— Даврон! Ман туро ҷўям, Даврон! – аз пас фарёд кард Ромиз.
— Чӣ гап?
— Саддҳои номуродӣ шикастагӣ барин, Даврон, – дасти салом сўи ў ёзонда гуфт Ромиз.
— Магар ҳоло ҳам чунин саддҳо вуҷуд доранд?
— Магар ту аз кори олам бехабарӣ?
— Аз кори олам бохабарам, аммо садди онро надонам, агар сарҳадҳои мамлакатҳоро дар назар дошта бошӣ, бохабар ҳастам.
— Ин чизро донистан кори осон: харитаи оламро кушоӣ, ишорачўбро ба даст гирӣ ва сарҳадҳоро аз рўи хатҳои ранга ҷудо бикунӣ, аммо... Аммо ҳадҳое ки дар марзи дили инсон кашида шудаанд, касе фарқ карда натавонад, яке аз мушкилоти ҳалнопазири олам ҳамин аст.
— Ту чаро ин қадар мушкилот ҷўӣ?
— Вагарна зиндагӣ чӣ маънӣ дорад? Агар ҳамин тавр нест, на зиндагист, балки мурдагӣ аст, – «мурдагӣ»ро ҳазломез гуфт ў. – Муроди ман дигар: ҳамроҳи ту «мурдагӣ»-ро «зиндагӣ» кардан.
— Яъне?

пешина
аз 428
навбатӣ