Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

— Ту Ҳуснободро дидастӣ?
— Дидастам.
— Пас барои ман манзараи Ҳуснободи Рўдакиро бикашӣ.
...Кўҳи баланд. Поёнтар дар кўҳтал боғи сабзу хуррам мавқеъ дорад. Сафедору шамшодҳо сар ба фалак кашида. Дар шохсор лонаи мурғон аёнанд, ҷое булбул, ҷое сор нишаста, саргаҳи боғ чашмасор, пойгаҳи он обшор, миёни боғ маликаи хубон ба назар пеш ояд, ҳамроҳи ў гўӣ боди серуне вазида ҳаловате орад. Рўдакӣ он сў даст ёзад:
Омад баҳори хуррам бо рангу бўи тайиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб...
Садои «Наврўзи Аҷам» боло шуд. Рўдакӣ як қадам пеш гузошт.
Дар бар қабои баҳорранги нимостин дорад ва аз зери он куртаи суф пўшидааст ва шерозаи он дар гардан мисли тавқе тобад ва домонаш аз зону поён, тоқиаш гунбадшакл, салла сафеди кўтоҳфаш. Тозаҷавон. Оҳанг дигар шавад, Рўдакӣ сарояд:
Мушавваш аст дилам аз карашмаи Салмо,
Чунон ки хотири Маҷнун зи турраи Лайло.
Чу гулшакар диҳиям, дарди дил шавад таскин,
Чу туршрўй шавӣ, вораҳонӣ аз сафро...
«Ушшоқи шоир» дар кўҳсор танин андохт. Шохаҳои дарахтони боғи Ҳуснобод ба ҷунбиш омаданд. Пайкари зебо ҷон гирифта ҷониби шоир омад ва шоир низ он сў майл кард. Паёпай садои мусиқӣ пасту баланд мешуд ва он сарвқади лоларух арғушт рафт.
Овози марғўладори шоир шеърро ба фалакҳо бурд. Ҳар кас аз шеъри Ачам огаҳ буд, дарк карда тавонист, ки Ромиз шеърро ҷону равон бахшад; чунон адо кард, ки оҳанги шеърро ба гўш ва маънии онро ба ҳуш расонд. Раққосаи наҳифпайкар ба овози шеърхонии Ромиз ва ҳавои мусиқӣ муттаносиб хиромид. Кас гумон дошт, чунин ҷон гирифтани боғи Ҳуснободу таъсири шеъру оҳангу рақс аз ёди касе наравад.
Телевизиони тоҷик имрўз як рўҳи тоза гирифт.
Ромиз аз студияи телевизион ҳамроҳи раққоса баромад. Онҳо қадам заданду чӣ тавр гузаштани намоишро байни худ гуфтанд.
Гохе қадам аз гашт боздошта, сухани ҳамдигарро радду бадал карданд ва ба каси ноогоҳ чунин расад, ки маншаи мол, маншаи рашк ва ё талоши дигаре доранд. Ҳамин тавр кас ҳам буд, ки рафтори онҳоро дида, дармегирифт ва намедонист, ки чӣ тавр наздик равад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё