Зеҳн

Ҳикмат

Суоле, ки бо нияти нек ва дар шакли зебо пурсида мешавад, барои посухдиҳанда сарчашмаи илҳом ба шумор меравад. Пурсида тавонистан маҳорат, ҷавоби қонеъкунанда додан мазият (афзалият) аст.

1 аъзоаз 7 августи 2026
Ҳикмат·Зеҳн·2 моҳ пешНашрия

ДАР НИҲОЯТ ҲАМА БА АСЛИ ХУД БАРМЕГАРДАД

Пас аз чанд рӯз Аслия ном талабаи фаъолам, ки пештар суоли «Магар шайтон хоксорӣ мекунад?»-ро пурсида буд, ба наздам омад. Ман аз ӯ хеле розӣ будам, чун дарсҳоро бо диққат гӯш мекард ва ҳатто боре ба ӯ гуфта будам: «Офарин, ту мусулмони комил мешавӣ!». Вақте ба наздам омад аз шарм забонаш лакнат мехӯрд ва дар ҳамин ҳол гуфт: – Муаллим, дар дарси гузашта шумо гуфтед, ки ман метавонам мусулмони ҳақиқӣ шавам. Аз ҳамон рӯз дар андешаи онам, ки шояд худро дар назди дигарон дилсофу поквиҷдон вонамуд мекунам ва ҳамаро фиреб медиҳам. Ҳар вақте ин андеша ба сарам меояд, хиҷолат мекашам. Беҳтараш ҳақиқатро ба шумо гӯям, то ки дилам ором бигирад. – Майлаш, ҳақиқати ҳолро бигӯ, аммо фикри ман дар бораи ту тағйир намеёбад. Як наврасе, ки мисли ту покдилу серғайрат, ботарбия, мутаваҷҷеҳи мавзӯъҳои динӣ аст, наметавонад, ки дар асл дигаргуна бошад. Ман дар ин фикри худ устуворам, аммо ба ҳар ҳол, чизе гуфтанӣ бошӣ, бигӯ. – Медонам, муаллим, – гуфт ӯ. – Вале ман гумон дорам, ки ҳатто мусулмони оддӣ ҳам буда наметавонам. Зеро баъзан ба корҳое даст мезанам, ки тамоман ба динамон дуруст намеояд. Масалан, ман бо либосҳои шиноварӣ дар баҳр оббозӣ мекунам ва намозамро низ дурусту саривақт намехонам. – Аввал ин ки чунин андеша доштанат қобили таҳсин аст. Чунки ҳадди ақал амалҳои худро арзёбӣ карда метавонӣ. Аз гуфтаҳоят бармеояд, ки амалҳои бад бароят хушоянд нестанд ва дилат ба корҳои нек моил аст. Ин хуб аст, зеро нишоне аз имону ислом аст. Маълум мешавад, ки ман дар андешаам нисбат ба ту хато накардаам. Дувумаш мо гуфта наметавонем, ки «ҳар касе гуноҳ содир кунад, мусулмон нест». Имкон дорад, ки мусулмон ҳам каму беш айбу гуноҳе дошта бошад. Чунки ӯ одам аст, фаришта нест. Дигар ин ки вақте Худованд бандагонашро мавриди пурсиш қарор медиҳад, бо як-ду гуноҳ онҳоро дарҳол ба дӯзах намеандозад. Гуноҳҳо ва савобҳо ба тарозу гузошта мешаванд ва кадом паллае вазнинтар ояд, ҳукми ниҳоӣ аз рӯйи ҳамон бароварда мешавад. Гуноҳҳо ба монанди баҳоҳои рӯзномаи шумоанд. Баҳои як фан ба баҳои фанни дигар таъсир расонда наметавонад. Масалан, нафаре аз дарси забони модарӣ баҳои паст гирад, аз фанни математика ҳам ба ӯ баҳои паст намегузоранд. Талаба танҳо аз дарсе мононда мешавад, ки аз он дарс баҳои ғайриқаноатбахш гирифта бошад. Намозу рӯза, одобу ахлоқ, аҳкоми шариат ва дурӣ ҷустан аз бадкориҳо ба дарс шабоҳат доранд. Дар поёни соли хониш маълум мешавад, ки аз кадом дарсҳо баҳои хубу аъло гирифтаем ва аз кадом дарсҳо баҳои бад. Вале агар баҳои аксари дарсҳо ва ё дарсҳои муҳим хуб бошанд, шарту шароитҳои дигар ҳам ба инобат гирифта мешаванд ва дар ҳаққи хонанда гузашт мекунанд. Худованд бахшандаву меҳрубон аст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шафоатгари уммат аст ва намехоҳад, ки касе аз онҳо ба дӯзах равад. Бинобар ин ноумед шудан лозим нест. Вале ин роҳҳои наҷотро ба назар гирифта, инсон набояд бепарвоӣ кунад. Чунки дар ин ҳолат ӯ ба монанди хонандае мешавад, ки барои баҳои беҳтар кӯшиш намекунад ва чунин инсон сазовори авфу омурзиш намегардад. Муҳим он аст, ки инсон аз корҳои зишт дурӣ ҷӯяд ва аз хатоҳои содир кардааш пушаймон бошад. Ҳар касе гуноҳро бад мешуморад ё пас аз содир кардани он изҳори пушаймонӣ карда, мегиряд, аз гуноҳ пок мешавад. Ӯ бояд кӯшиш намояд, ки дубора он гуноҳро содир накунад. Аз сабаби гуноҳҳо ноумед шудан хатост. Зеро аз раҳмати Худо ноумед шудан, худ гуноҳи азим аст. Раҳмату меҳрубонии Офаридгори ҳастӣ беинтиҳост. Аслия, аз гуноҳҳо дурӣ биҷӯ! Агар мабодо аз ту гуноҳе содир шуд, аз он бояд нороҳат шавӣ ва тавбаю надомат карда, кӯшиш намоӣ, ки онро дубора содир накунӣ. Азм кун, то қасди ба ҷо овардани тамоми ибодатҳо ва дурӣ ҷустан аз гуноҳҳоро дар дил дошта бошӣ. Нияти инсон бояд ҳамеша ҳамин бошад. Ман туро ҳамин тавр мешиносам ва ба ин хотир мегӯям, ки ту мусулмони ҳақиқӣ мешавӣ. – Ташаккур ба шумо, муаллим! Маро аз ғаму андӯҳ наҷот додед. Иншоаллоҳ, кӯшиш мекунам, ки мусулмони ҳақиқӣ бошам. Аслия аз ҳолати яъсу ноумедӣ раҳо ёфта, акнун табассум мекард. Дар дилам бори дигар умеде пайдо шуд, ки рӯзе ҳамаи роҳгумзадагон ба асли худ бармегарданд.

0
Ҳикмат·Зеҳн·2 моҳ пешНашрия

ИМТИҲОНИ ДУНЁ

Ҳамзамон шайтон дар роҳи рушди маънавиёти мо мисли як монеа аст. Зиндагии инсон худ як мусобиқа ва як имтиҳон аст. Ба монанди мусобиқаи варзишие, ки дар рафти он дар пеши роҳи варзишгарони даванда монеаҳо гузошта мешаванд. Баъзе варзишгарон ба монеаҳо бархӯрда меафтанд, дар ҳоле ки варзишгарони дигар аз болои монеаҳо ҷаҳида, ба марра мерасанд. Оё шумо ягон бор майдони машқу тамрини аскаронро дидаед? Майдони машқи онҳо пур аз монеаҳову деворҳои душворгузар аст. Дар ҷое баландӣ, дар ҷое пастӣ, дар ҷойи дигар нардбон ва дар ҷое хандақ ҳаст. Аскарон бояд аз баландӣ биҷаҳанд, аз пастӣ ба боло бо нардбон зуд баромада тавонанд. Албатта, ҳамаи ин монеаҳоро бо мақсади ранҷу азияти аскарон нагузоштаанд, балки дар натиҷаи машқу тамрин маҳорати аскарон рушду такмил меёбад. Ҳамон гуна ки аскарон дар машқгоҳ маҳорату малакаи худро такмил медиҳанд, мо ҳам бояд монеаву сахтиҳои зиндагиро гузашта, имону эътиқодамонро мукаммал созем. Яке аз монеаҳои бузург дар зиндагии инсон ҳамин шайтон мебошад. Нафси бади инсон, яъне ҳиссиёте, ки инсонро пайваста ба иҷрои корҳои зишт водор месозад, дастгири асосии шайтон аст. Инсон дар муқобили ин ду қувваи бадӣ бояд қавию устувор бошад. Дар акси ҳол ба монанди варзишгаре, ки хуб тамрин накардааст, ба ин монеаҳо дармонда, мағлуб мегардад. Касоне, ки аз дасисаҳои шайтон огоҳанд ва ҳамеша бар зидди ӯ муқовимат мекунанд, метавонанд аз монеаву домҳои гузоштаи ӯ раҳо ёбанд. Вале инсонро лозим аст, ки дар мубориза бар зидди васвасаҳои шайтонӣ омодагии хуб бинад, меҳнат кунад ва арақи ҷабин резад. Вақте инсон аз доми шайтон раҳо меёбад ва дар монеаҳои ӯ дарнамемонад, ӯро як лаззате ва эҳсосоти аҷибе фаро мегирад, ки дар воқеъ чашиданист. Чунки ин имтиҳони худи инсон аст ва бад-ин васила меъёри сабру матонат ва устувории иродаи худро мефаҳмад. Ҳеҷ як ҳузуру ҳаловат ба андозаи завқе, ки инсон аз пирӯзӣ дар имтиҳони имону иродаи устувор дарёфт мекунад, хуштар нест.

0
Ҳикмат·Дунё·2 моҳ пешНашрия

САХОВАТМАНДӢ

Мегӯянд, ки замоне як марди доро буд, вале саховатмандии бузург дошт. Ҳар рӯз ба мискинон ғизо медод, ба ятимон кӯмак мекард ва барои сафарбарони илм китоб мехарид. Як дӯсташ ба ӯ гуфт: – Чаро ин қадар моли худро тақсим мекунӣ? Агар каме бештар барои худ нигоҳ дорӣ, беҳтар нест? Мард табассум карда ҷавоб дод: – Дунё мисли соя аст. Агар аз он гурезем, аз паси мо меояд, вале агар ба он равем, аз мо мегурезад. Мол ҳам ҳамин гуна аст: ҳар қадар саховат кунӣ, боз бештар бармегардад. Гуфтаанд, баъди вафоти он мард, мардум солҳои дароз ӯро бо некӣ ёд мекарданд ва мегӯянд: “Саховатманд зиндагии худро дар мол наёфт, балки дар дилҳои мардум ҷой кард.” Панд: Саховатмандӣ на танҳо молро зиёд мекунад, балки ном ва хотираи некро ҷовидон месозад.

0
Ҳикмат·Зеҳн·2 моҳ пешНашрия

Инсонҳое ҳастанд, ки на аз некӣ, балки аз иҷрои корҳои зишт ҳаловат мебаранд.

Сад афсӯс, одамони зиёде ба осонӣ фирефтаи васвасаҳо ва дасисаҳои шайтон мегарданд. Агар онҳо саривақт ислоҳ нашаванд, дигар бе васвасаи шайтон ҳам ба корҳои бад даст мезананд. Чунин инсонҳо мумкин аст, ки дигаронро ҳам ба иҷрои амалҳои зишт ташвиқ кунанд ва дар ин ҳол кори шайтонро осонтар намоянд. Шайтон ҳам мебинад, ки вазифаи ӯро чунин ёваронаш ба ҷо меоранд ва худ истироҳат мекунад. Дигар ӯ муддати тӯлонӣ дам гирад ҳам зиён намебинад. Ба туфайли мухлисонаш корҳои ӯ идома меёбанд...

0
Ҳикмат·Зеҳн·2 моҳ пешНашрия

Оташ фоидаовар аст ё зараровар?

Ба ҳама маълум аст, ки оташ дар ҳаёти рӯзмараи одамон чӣ қадар аҳамияти калон дорад. Агар оташ намебуд, тамаддуни инсонӣ пур аз нуқсу норасоӣ мешуд. Вале «оташ чизи фоидаовар аст» гуфта, дасти худро ба дарунаш андозем, кори хубе анҷом намедиҳем. Дурусттараш дар ин сурат чизи фоидаоварро дар ҳаққи худ зараровар мекунем. Оташе, ки барои рӯзгори инсон муфид аст, дар он ҳолат барои мо зиёновар мешавад. Яъне ки тарзи нодурусти истифода метавонад чизи манфиатоварро дар ҳаққи инсон зиёновар кунад. Вале дар асл худи оташ ба фоидаи инсон офарида шудааст ва офариниши он кори хуб аст.

0
Ҳикмат·Зеҳн·2 моҳ пешНашрия

Ошпаз бо корд сабзӣ, гӯшт ва маҳсулоти дигарро реза мекунад, вале қотил бо корд одам мекушад. Дар ин ҳолат, магар корд ва ё кордсоз гуноҳе доранд?

Мисоли корд низ ҳамин гуна аст. Ҳар вақте ки онро дар нонбурӣ ва пӯст кардани меваю сабзавот истифода мекунем, намегӯем зарарнок аст. Аммо вақте бо корд одам кушта мешавад, ҷиноят содир мегардад. Одамкушӣ аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин аст. Дар ин сурат, агар касе бо корд ҷиноят содир кунад, оё устое, ки он кордро сохтааст, дастгир мешавад? Албатта, он усто на танҳо дастгир намешавад, балки касе ҳам ӯро пурсуҷӯ намекунад. Чунки ӯ кордро на барои куштани инсон, балки барои буридани нон ва ё барои анҷом додани корҳои муайяне сохтааст. Содиркунандаи ҷиноят устои он корд нест, балки ҳамон касест, ки кордро бо мақсади нодуруст истифода бурдааст. Яъне ӯ кордро бар хилофи мақсади сохта шудани он истифода кардааст. Аз ин рӯ, корд ҳеҷ бадие надорад, балки тарзи истифодаи инсон нодуруст аст.

0
Ҳикмат·Зеҳн·2 моҳ пешНашрия

Агар дар ҳавои боронӣ бе чатр ба берун бароем ва дар натиҷа бемор шавем, оё метавонем даъво кунем, ки борон бад аст?!

Агар касе дар вақти боридани борони зимистон бо либосҳои тунук ва бе чатр ба берун барояд, борон ба ӯ фоида мерасонад ё зарар? Албатта, зарар дорад, ҳамин тавр не?! Зеро он гоҳ инсон бемор мешавад. Оё мо метавонем дар чунин ҳолат хулоса барорем, ки борон зарар дорад ва бояд тамоман наборад?! Оё ба чунин хулоса расидан ба ақлу мантиқ рост меояд?

0
Ҳикмат·Ахбор·2 моҳ пешНашрия

ОЁ ДИЛАШРО ШИКОФТӢ, ТО БИДОНӢ?!

Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллАллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллАллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.

0
Ҳикмат·Зеҳн·2 моҳ пешНашрия

Одамизод бо ҳисси парастиши Худо ба дунё омада, баъдан ҳастиву ягонагии Парвардигорро эҳсос мекунад.

Аввалин ва асоситарин масъулияти инсони болиғ ва соҳибақл имон овардан ба Худованди Донову Тавоно мебошад. Агар инсон бо чашми хирад ба худ ва ба ҳар он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, назар кунад, ҳастии Худованди Қодиру Тавоноро ба осонӣ дарк мекунад ва ба қадри идрокаш Ӯро дӯст медорад. Агар ӯ ба Худо имон надошта бошад, бовар карданаш ба фариштагон, китобҳо, паёмбарон, қазову қадар ва рӯзи қиёмат маъние надорад. Асли имон эътиқод доштан ба ҳастии Худованд аст. Инсон вобаста ба покиву устувории имонаш аз файзу баракати ибодатҳо баҳравар мегардад.

1