Зеҳн

Ҳикмат

Суоле, ки бо нияти нек ва дар шакли зебо пурсида мешавад, барои посухдиҳанда сарчашмаи илҳом ба шумор меравад. Пурсида тавонистан маҳорат, ҷавоби қонеъкунанда додан мазият (афзалият) аст.

1 аъзоаз 7 августи 2026
Ҳикмат·Зеҳн·дирӯзНашрия

ШАРТИ АЗ ҲАМА АВВАЛ

Имон ба ҳадде масъалаи муҳим аст, ки байни панҷ шарти ислом дар мадди аввал меистад. Ҳамзамон имон дар алоҳидагӣ боз шартҳои дигар дорад, ки имон ба Худо ва имон ба Паёмбар аз ҷумлаи онҳост. Гузашта аз ин, рукнҳои мазкур аз ҷумлаи панҷ шарти ислом аст. – Канӣ, бачаҳо, –пурсидам ман. –Панҷ шарти исломро кӣ номбар мекунад? – Якум, калимаи шаҳодат, - гуфт касе аз миёни синф. – Хуб, ин чӣ маънӣ дорад? Талабае, ки ҷавоб дода буд, шарҳ дод: – Имон овардан ба он ки ба ғайр аз Аллоҳ Таъоло худое нест ва ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) банда ва паёмбари Ӯст. – Бубинед, ин аввалин шарти ислом, ҳамзамон яке аз шартҳои имон аст. Ин шарти аввал ончунон муҳим аст, ки кас то онро ба забон оварда, бо дил тасдиқ накунад, мусулмон намешавад. Ҳамчунин, то қабули шарти аввал на намоз қабул мешавад, на рӯза ва на закоту ҳаҷ. Ба ибораи дигар, барои иҷрои шартҳои дигари ислом, иҷрои шарти аввал ҳатмист. Дар ин қисмати сухан аз аҳли синф пурсидам: – Хуб, кӣ мегӯяд, ки шарти аз ҳама аввали мусулмон шудан чӣ аст? Ҳама ҷавоби ин саволро медонистанд. Агарчи чанде аз онҳо «суннат» гуфтанд, вале баъд посухи дурустро дарёфтанд. Барои мусулмон шудан калимаи шаҳодат шарти аввалин аст. Шарти аввали ислом низ ҳамин аст. Ҳар касе калимаи шаҳодатро ба забон оварда, мусулмон мешавад, мисле ки аз нав тавлид ёфта, аз гуноҳ пок мегардад. Агар мусулмониро ба мактабхонӣ монанд кунем, мусулмон шудан мисли ба мактабе ҳуҷҷат супорида, ҳамчун хонандаи он ҷо қайд шудан аст. Вақте хонанда дар мактаб аз қайд мегузарад, минбаъд бояд уҳдадориҳои муайянеро ба дӯш гирад. Ин уҳдадориҳо пеш аз ҳама иштирок дар дарсҳо, иҷрои вазифаҳои синфию хонагӣ ва қоидаҳои дигари мактабӣ мебошанд. Мусулмон ҳам вақте имон овард, бояд ибодатҳои муайянро ба ҷо оварад. Дар ҳамин сурат, оё хонандае, ки аз қайди мактаб нагузаштааст, метавонад номаи камол гирад? Ӯ на танҳо номаи камол намегирад, балки ба дарс ҳам роҳ дода намешавад. Чунин касе ҳарчанд пешқадаму аълохон бошад, то аз қайди мактаб нагузарад, номаи камол намегирад ва ҳатто аз синф ба синф гузаронида намешавад. Ҳамин тавр як касе, ки шарти аввали ислом, яъне калимаи шаҳодатро ба забон наорад ва маънии онро дар дил тасдиқ накунад, мусулмон намешавад, ҳарчанд тамоми ибодатҳо ва шартҳои дигари исломро ба ҷой оварад. Ибодатҳои чунин касе қабул намегарданд, зеро ӯ ҳанӯз имон наовардааст. Пас, аз ҳама аввалтар имон! Инсон бояд бе зӯрию зӯроварӣ бовар кунад. Ҳар гоҳе инсон бо роҳи таҳдиду зӯрӣ ва маҷбур намудан калима гардонад, имон намеорад. Имон овардан ба хости худ, аз сидқи дил ва бо ирода сурат мегирад.

Ҳикмат·Зеҳн·дирӯзНашрия

ИМОН – ҒИЗОИ РӮҲ

Сардори синф барои савол пурсидан иҷозат хост. – Муаллим, агар ҳамин хел рафтан гирад, дар ин дарс ҳам ба мавзӯи аслӣ баргашта наметавонем. Фикр мекунам бачаҳо аллакай тасаввурот пайдо карданд. Акнун ба таҳқиқи мавзӯъҳои имонӣ оғоз кунем, чӣ мешавад? – Хуб, ин тавр бошад, ба мавзӯи аслӣ бармегардем. Аввал шумо мавзӯъро бо саволу ҷавобҳоятон оғоз кунед. Ман бошам ба шумо кӯмак мекунам. Биёед, пеш аз ҳама ба мазмуни ибораи рамзии «аввал – имон» таваҷҷуҳ намоем. Чаро имон аз ҳама аввал? Аз саволу ҷавоби хонандагон чунин натиҷагирӣ шуд: Инсон танҳо аз гӯшту устухон иборат нест. Дар баробари ҷисм инсон рӯҳ дорад. Чӣ тавре ки ҷисм ба обу нон ниёз дорад, рӯҳ низ ба ғизои маънавӣ ниёз дорад. Ғизои маънавӣ барои рӯҳ пеш аз ҳама имон аст. Рӯҳу маънавияти инсон агар бо имон парвариш наёбад, инкишоф намеёбад ва мукаммал намегардад. Агар ҷисм ба камол расаду рӯҳ инкишоф наёбад, чӣ мешавад? Мошини боркаши калонеро тасаввур кунед, ки дар он муҳаррики мототсикл насб карда шавад. Мошин ҳаҷман калон, вале муҳаррик хурду камиқтидор. Рӯҳе, ки бо имон парвариш наёбад, дар ҷисми парварда боиси беэътидолӣ мешавад. Дар лабораторияи биология пеш аз оғози дарс муаллим талабагонро огоҳ намуда, гуфт: «Бачаҳо, ин олоти дарсиро устои ҳунарманд бо санъати баланд сохтааст. Боэҳтиёт бошед, то ба онҳо зараре нарасад». Яке аз талабагон пурсид: «Муаллим, агар ин скелетро устои моҳир сохта бошад, пас скелети моро кӣ сохтааст?» Барои ҷамъият чӣ? Барои дар якҷоягӣ зистани мардум имон лозим нест магар? Албатта дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳам имон зарур аст. Махсусан, имон ба Худо. Дар ҷамъияте, ки имону эътиқод набошад, мардум чӣ гуна метавонанд амнияту осоиш дошта бошанд? Касоне, ки ба Худо имон надоранд, чӣ тавр метавонанд ба ҳамдигар дӯст бошанд? Агар садди роҳи бадкорию бадахлоқиро тарс аз Худо нагирад, пас чӣ метавонад пеши роҳи ин падидаҳои номатлубро бигирад?

Ҳикмат·Зеҳн·дирӯзНашрия

ИМОН – АВВАЛТАР АЗ ҲАМА

Тахминам дуруст баромад. Баъди дарсе, ки хулосааш «имон – аввалтар аз ҳама» буд, талабагон доир ба имон саволҳо омода карданд. Онҳо саволҳоро пеш аз пурсидан миёни ҳамдигар музокираву муҳокима мекарданд ва то куҷо бамаврид будани онро аз якдигар мепурсиданд. Вақте дарс оғоз шуд, нахустин шуда «файласуф» ба сухан даромад: – Муаллим, шумо гуфта будед, ки мо метавонем ҳама гуна савол оид ба мавзӯи имонро пурсем, аммо дар ин мавзӯъ натавонистам хуб омодагӣ бинам. Чунки вақте ман ин мавзӯъро дар хона хостам фаҳмонам, модаркалонам сухани маро бурида гуфтанд: «Писарам, зинҳор дар мавзӯи имон ин гуна саволҳои шубҳаангез напурс ва ҳатто фикр ҳам накун. Эҳтиёт бош, писарам, агар инсон доир ба ин саволҳо бисёр андеша кунад, аз дин мебарояд». Ман сахт тарсидам ва ба худ гуфтам, ки ба умеди хубу ҳаққонӣ бовар кардан, боз аз дин набароям. Аз ин сабаб он қадар савол омода накардам. Аслан кӯшиш кардам, ки тамоман фикр накунам, вале нашуд. Нохост якчанд савол ба сарам омад. Се-чор каси дигар ҳам ҳолати ҳамсонро қисса карданд. Ба онҳо низ дар хонаашон чунин гуфтаанд. Ҳатто яке аз волидайн хостааст дар ин бобат бо ман суҳбат кунад. Ӯ гуфтааст, ки чӣ гуна муаллими фанни маърифати ислом метавонад доир ба ягонагӣ ва ҳастии Худо савол гузорад. Ман аллакай қарор дода будам, ки мавзӯъро аз куҷо оғоз кунам. – Хуб, бачаҳо! Аввал биёед як-ду масъаларо бо ҳам дар миён гузорем. Мехоҳед, ки ман шуморо аз андешидан ва савол пурсидан манъ кунам? Шуморо водор намоям, ки ҳарчи мегӯям, гӯш диҳед ва танҳо ҳамонро қабул кунед? Агар бигӯям, ки андешаи шумо маъние надорад ва шумо ҳаққи савол карданро надоред, ҳамаи ин қабул аст? Албатта, ин таклиф аз ҷониби аксарият рад шуд. «Мо фаҳмидан мехоҳем!», – мегуфтанд онҳо. – Ин тавр бошад, саволу ҷавоб мекунем, баҳс меороем ва андешаи худро дар миён мегузорем. Имону эътиқодамонро аз лиҳози илм баррасӣ мекунем ва онро комил мегардонем. То ҳар касе ба мо оид ба эътиқодамон савол дод, посух дода тавонем. Хоҳ ин саволро касе пурсад, хоҳ дар рӯзнома ё китобе нашр шавад ва ё ки дар фанни таълимие ба миён ояд. Мо дар ин хусус бояд омода бошем. Дар ин асно яке аз хонандагон даст бардошт ва иҷозат пурсид. – Марҳамат, писарам! – рухсат додам ман. Вай гуфт: – Чаро калонсолони мо дар бораи он чӣ ки шумо мегӯед, андеша намекунанд? Масалан, модарам. Ба мавзӯъҳои динӣ сару кор гирифтанро хуш надорад. Ба ҳама маълум аст, ки онҳо бо нияти бад намегӯянд ва нисбат ба дин эҳтиром доранд. Пас, чаро чунин муносибат мекунанд? – Албатта, баъзе омилҳое ҳастанд, ки сабаби чунин тарзи муносибат мегарданд, – шарҳ додам ман. Биёед, ҳоло аз мавзӯъ берун нарафта, ба онҳо ишорат кунем: Аввал ин, ки дар гузашта инсонҳо доир ба масъалаҳои имонию эътиқодӣ хело кам шубҳа доштанд. Тақрибан ҳама дар эътиқоди худ устувор буданд. Касе, ки ба ҳастии Худо имон надошта бошад, қариб набуд. Ҳатто агар чунин касе ёфт шавад, дар миёни ҷамъият худро намоён намекард. Хулоса, дар чунин ҷомеа ба исботи далелҳои имонӣ эҳтиёҷ намонда буд. Вале имрӯз вазъият дигар аст. Дар ҳама ҷо, дар кӯчаву бозор, дар шаҳру деҳот ҳама гуна одамонро вохӯрдан мумкин аст. Онҳо метавонанд ба ҳастии Худо имон дошта бошанд ё метавонанд умуман бедин бошанд. Аз ин рӯ, имрӯз аҳли имон ба ҳифзи имону эътиқод ва мустаҳкам доштани он эҳтиёҷ дорад. Дар ҳамин ҷо «файласуф» гуфт: – Дуруст аст, муаллим! Ҳатто дар синфи мо касоне ҳастанд, ки ҳастии Худоро қабул надоранд. – Не, «файласуф»! – гуфтам ман. – Дар синфи мо шояд касоне бошанд, ки мехоҳанд бифаҳманд ва ба чӣ бовар доштани худро муайян кунанд. Беимон будан дигар асту кӯшиш кардан ба омӯзиши асли имон дигар. Мутаассифона, имрӯз касоне, ки ба омӯзиши асли имон мекӯшанд ва аз беимонӣ дурӣ меҷӯянд, дар назар беимон менамоянд. Онҳо касонеанд, ки аз аҳволи худ тамоман розӣ нестанд. Мехоҳанд бовар кунанду имон оваранд. Сардори синф андаке боғазаб ба Маҳмуди «файласуф» нигарист ва гуфт: – Муаллим, шумо сабаби онро ки чаро калонсолон аз чунин саволҳо нороҳат мешаванд, фаҳмонда истода будед, аммо Маҳмуд дар байн даромад. – Хуб, ҳозир мегӯям, – идома додам ман. – Дар гузашта, азбаски ба далелҳои исботкунандаи асосҳои имон эҳтиёҷ набуд, чунин далелҳо ба мардум таълим дода намешуд. Аммо ин далелҳо ҳамчун илм дар китобҳо дарҷ гардида буданд. Дар замони наврасии насли калонсоли мо бошад, таълимоти динӣ умуман вуҷуд надошт. Баръакс, ба онҳо бединию беимонӣ таълим дода мешуд. Маҳз ба хотири гумроҳ кардани мардум мавзӯъҳои эътиқодӣ ғалат маънидод карда мешуданд. Калонсолони мо, ки дар ҳамин гуна шарту шароит зиста буданд, саволҳои марбут ба имонро шунидан намехоҳанд. Онҳо маълумоти кофӣ надоранд, то ба ин саволҳои шубҳаангез, ки аслан аз ҷониби душманони дин паҳн карда мешаванд, ҷавоб гӯянд. Вале онҳо ба қадри он чӣ ки аз падару бобоҳои худ шунидаанд, бе исбот ва бе далел бовар мекунанд. Аммо аз пурсида шудани саволе, ки ба миён ояду ҷавобашро надонанд, дар ҳаросанд. Ҳол он ки чунин тарзи муносибат ба имони онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Маълум мешавад, ки онҳо савол надодан ва дар ин бора андеша накардани шуморо ба хотири беэътиқод кардани шумо не, баръакс, ба он хотир мехоҳанд, ки агар чизе надонед ва нафаҳмед ҳам, имон дошта бошед. Вале дар рӯзгори мо ин аз имкон берун аст. Чунки мо дар асри илму техника зиндагӣ дорем. Ҳатто кӯдакон мехоҳанд, ки ба он чӣ бовар мекунанд, дар борааш маълумоти кофӣ дошта бошанд. Насли имрӯз дар баробари ин, зери таъсири ҳар гуна таълимоти дигар низ қарор дорад. Намояндагони динҳои дигар ба воситаи маҷаллаву рӯзномаҳо, радиову телевизион ва китобу воситаҳои электронӣ дину диёнати худро таблиғ мекунанд. Ба ин маънӣ, гуфтан мумкин аст, ки дунё кӯчак шудааст ва ҳар кас аз ҳама чиз бохабар аст. Дар ин сурат, агар имони мо бо донишу маълумот тақвият наёбад, ба ин қадар омилҳои таъсиррасон тоб намеорад. Зарур аст, ки мо имону эътиқоди худро ба воситаи илм тақвият бахшем ва ҳақиқати онро бо ақл тасдиқ намоем. Эътимоду боварие, ки дар гузашта нисбат ба олимон вуҷуд дошт, ҳоло аз байн рафтааст. Дар он вақтҳо агар олим ва шахси муътабар сухане мегуфт, бе чуну чаро пазируфта мешуд. Чунки ба шахсияти ӯ эътимод доштанд ва эҳтиромаш мекарданд. Вале имрӯз касе ба касе ба ин ҳад боварӣ надорад. Аз ин рӯ, ҳар чизеро, ки дар мавзӯи имон мегӯем, бояд исбот намоем. Дар акси ҳол, агар гӯед, ки дар Қуръон чунин омадааст ва ё Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) чунин фармудааст, барои қабули мардум кифоят намекунанд. Онҳо мехоҳанд, ҳама чиро бо ақл дарёбанд, ба ибораи дигар, мехоҳанд ҳама чӣ илмӣ бошад. Гап сари ҳамин меравад. Ниҳоят ба сухане расидем, ки дар аввал гуфтем: имон – аз ҳама аввал. Аммо имони кӯркӯрона не, имоне, ки бо илму дониш тақвият ёфта бошад.

Ҳикмат·Зеҳн·6 рӯз пешНашрия

КОМИЛ ГАРДИДАНИ ИМОН

Ин мавзӯъ таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намуда, ба андеша кардан водор намуд. Хонандаи дигаре гуфт: – Муаллим, пас, чаро мо аз ҳаёти мукаммали Паёмбарамон ибрат намегирему дигаронро намунаи ибрат қарор медиҳем? Ба ин савол ҳамсинфаш посух дод: – Чунки мо мусулмони воқеӣ нестем. Ман гуфтам: – Бале, офарин! Зеро ки мусулмони воқеӣ нестем. Посухи хуб ва бомаврид. Дар ин ҳангом Аслия аз ҷо бархоста, савол дод: – Муаллим, медонем, ки мусулмонӣ хуб аст, пас чаро мусулмони ҳақиқӣ шуда наметавонем? – Маълум мешавад, ки танҳо донистан кофӣ нест. Дониши сатҳӣ ба дарди мо даво намешавад. Аввал хуб донистан, баъдан хуб эътиқод доштан лозим аст. Имон бояд айналяқин бошад. Он чӣ ки ақл онро тасдиқ мекунад, дил ҳам бояд тасдиқ намояд. Имон набояд тақлидӣ бошад, яъне рӯякӣ ва кӯркӯрона будани имон ҳосили дилхоҳ намедиҳад. Имон бояд таҳқиқӣ бошад, яъне мо бояд асосҳои имонро бидонем, хуб фаҳмем ва эътиқод дошта бошем. Акнун биёед аз рӯйи виҷдон гап занем, оё мо метавонем имонамонро илман исбот намоем? Асосҳои онро батафсил фаҳмонем? – Муаллим, ба мо биомӯзед! – гуфтанд талабаҳо, мисле ки онро бо хор талаффуз мекарданд. – Майлаш! - гуфтам ман. - Дар дарсҳои минбаъда асосҳои имону эътиқодро аз лиҳози илм баррасӣ мекунем. Он гуна ки шумо мавзӯъҳои математикиро бо мисолҳо шарҳ медиҳед, ҳамон тавр ҳам бояд имону эътиқодро бо таҳқиқ устувор гардонем. Он вақт имони мо «таҳқиқӣ» мешавад. Ҳар гоҳе бо ин равиш имон комил мегардад, ҳеҷ омиле наметавонад ба он зарар расонад. Имони комил инсонро мусулмони ҳақиқӣ мекунад. Маълум мешавад, ки имон аз ҳама аввалтар аст. Биёед ин дарсро бо ҳамин ибораи рамзӣ хотима диҳем. Вазифаи хонагиро ҳам нависед. Ҳар кас барои дарси оянда вобаста ба имон саволҳо омода кунад. Ман хайрухуш карда, аз синф баромадам ва дар бораи душвор будани ин мавзӯъ фикр мекардам. Дар зарфи як соат чӣ гуна метавон ин мавзӯи душворро баррасӣ намуд?! Медонистам, ки ҳар як талаба ҳадди ақал як савол пешниҳод мекунад. «Илм бо пурсишу таҳқиқ ва амал кардан зинда аст. Агар инҳо набошанд, илм мемирад»

Ҳикмат·Зеҳн·6 рӯз пешНашрия

КАСЕ, КИ БА КИШТӢ ДЕР МОНДААСТ

Барои он ки талабагон мавзӯи дарсро ба осонӣ бифаҳманд, ҳар амру дастури исломро ба яке аз дарсҳо ташбеҳ медиҳам. Ин услуб ба он мусоидат мекунад, ки суолҳои хонандагонро мувофиқи фаҳмиши онҳо ҷавоб гардонам. Дар ин ҳолат дафтари аъмоле, ки инсон аз фариштагони Кироман котибин мегирад, ба рӯзнома монанд карда мешавад. Аз синф гузаштанро ба биҳишт ва дар синф монданро ба дӯзах ташбеҳ медиҳем. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки ин услуб рӯзе корамро ниҳоят осон карда буд. Дар он рӯз дӯсте ҳам пайдо кардам, ки то ҳол бо ӯ робитаи дӯстӣ дорам. Ба хонанадагони синфи 7 мавзӯи намозро мегузаштам. Вақте ки фоидаҳои намозро фаҳмонда, мавзӯъро ҷамъбаст мекардам, дидам, ки дар чашмони Зуҳал ашк ҳалқа мезанад. Ин ҳолат диққати маро ҷалб намуд, зеро ӯ мисли ҳарвақта ҳушёру пурдиққат набуд. Тахминам дуруст баромад. Ҳангоми танаффус Зуҳал аз пуштам омада, дар рӯ ба рӯям қарор гирифт ва чашмони ашколудашро пок карда, бо овози паст гуфт: – Муаллим, шумо гуфтед, ки намоз аз шартҳои асосии ислом аст. Ҳамин тавр не? – Бале, Зуҳал! Магар чанд дарси охир танҳо дар ҳамин мавзӯъ суҳбат намекардем? Канӣ бигӯ, ки чӣ шуд?! – Муаллим, намоз, ки амри Худо ва шарти асосии дин аст, бояд иҷро шавад. Вале аксарияти инсонҳое, ки ман мешиносам, ин амрро ба ҷо намеоранд. Аҳволи онҳо чӣ мешавад? – Касоне, ки ин амрро иҷро намекунанд, аз дарси намоз мононда мешаванд. Агар минбаъд ҳам қазои онро ба ҷо наоранд ва сазовори авфи Парвардигор нашаванд, ҷазо мебинанд. – Дар куҷо ҷазо мебинанд? – Дар охират ҷойи ҷазо дӯзах аст. Пас аз шунидани ин ҷавоб Зуҳал хомӯш монд ва ташаккур гуфту рафт. Ман ба асли саволҳои ӯ сарфаҳм нарафта будам ва дар ҳайрат мондам, ки шояд мехост чизи дигаре ҳам пурсад. Чунки ӯ хонандаи фаъолу зирак буд. Аз миён чанд рӯзе гузашта буд, ки рӯзе ӯ ҳангоми танаффус ба назди ман омад. Вақтам ниҳоят танг буд. Ӯ саволе пурсид, ки мазмунаш тақрибан чунин буд: «Агар як шахс ниҳоят боадабу нексиришт бошад, вале намоз нагузорад, ба дӯзах меравад?!» Ӯ мехост бифаҳмад, ки инсони хубу дилсоф, некмуомила, хушгуфтор, адолатпеша, ҳалолхӯр, сахиву фидокор ва ҳатто рӯзагир ҳам метавонад дӯзахӣ бошад. Ман сухани ӯро бурида гуфтам: – Зуҳал, дар давоми ин панҷ дақиқа ман бояд якчанд корро ба анҷом расонам. Чӣ хеле ки қаблан гуфта будам, ин гуна одам ба хонандае монанд аст, ки аз дарсҳои зиёд гузаштааст, вале масалан, аз дарси математика мондааст. Бо амалҳои дигар ин масъулият аз ӯ бардошта намешавад. Вале аз чӣ бошад, ӯ ҳоло ҳам дар бораи ҷазои намоз нахондан андеша мекард. Боз ҳамон суолро пурсид: – Яъне гуфтаниед, ки оқибати чунин инсон ҳам дӯзах аст? Ман лозим надонистам, ки ин саволи ӯро шарҳу эзоҳи бештар диҳам. Чунки дар он ҳолат чунин имкон надоштам. Ба саволаш ҷавоби кӯтоҳ додам: – Бале, чунин одам ҷазо мебинад. Чашмони Зуҳал якбора пуроб шуданд. Тааҷҷубам афзуд ва илова кардам: – Вале дар ниҳоят ба сабаби боимону боахлоқ буданаш ба биҳишт меравад. – Охир, муаллим, ин одам ҳамеша корҳои неку шоиста анҷом медиҳад. Дар асл бисёр инсони хуб аст. Намозгузоронро дӯст медорад, вале худ намоз намегузорад. – Хуб, агар ин бандаи Худо воқеан мусулмони хуб ва хушмуомила бошад, чаро намозҳояшро ҳам намегузорад, то амалҳои некаш комил шаванд? Агар чунин накунад, ҳолати ӯ ба ҳамон марде монанд аст, ки ба бандар дер омадааст. – Ҳолати он мард чӣ гуна аст, муаллим? – Тасаввур кун, ки мусофире аз як ноҳияи дурдаст ба шаҳр меояд. Ӯ коре дорад, ки дар вақту соати муайян бояд иҷро гардад. Фарз кардем, ӯ расо соати даҳ мурофиаи судӣ дорад ва бояд дар вақти таъиншуда ба додгоҳ бирасад. Мусофир ҳамаи корҳояшро хуб ба роҳ мондааст. Ӯ аз ноҳияи дурдаст ба воситаи нақлиёти баландсуръат то соҳили баҳр меояд. Вақтро аз назар мегузаронад ва мебинад, ки соат ҳашт шудааст. Дилаш пур аст, ки ҳоло ду соати дигар вақт дорад ва дар тӯли ним соат бо киштӣ ба он соҳили баҳр мегузарад ва қариб якуним соат барвақттар ба додгоҳ расида, боварӣ ҳосил мекунад, ки корашро бемалол анҷом медиҳад. Аммо ҳангоми нишастан дар толори интизорӣ ӯ қарор медиҳад, ки бо нияти баровардани куфти роҳ дар болои нармкурсӣ каме хоб кунад. Пас аз чанд муддат вақте чашмонашро мекушояд, дарҳол ба соат менигарад ва мебинад, ки соат аллакай ёздаҳ шудааст. Дар ин ҳол вақти мурофиа кайҳо гузашта, ҳамаи меҳнату заҳматҳои ӯ барбод рафтааст. Ҳолати он касе, ки корҳои хубу нек анҷом медиҳад, аз гуноҳҳо дурӣ меҷӯяд, ҳатто рӯза медорад, аммо намоз намегузорад, ба ҳолати ҳамин марди мусофир монанд аст. Ӯ дар аснои сафар ҳамаи корҳои заруриро иҷро кард, вале кори аз ҳама муҳимро анҷом надод. Пас метавонем бигӯем, ки ҳар инсони хубу нексириште, ки намоз намегузорад, дар чунин вазъияте қарор дорад. Гузашта аз ин мумкин аст, ки бо сабаби ширкат накардан дар мурофиа ҷазо ҳам бинад. Зуҳал бо овози паст чизе гуфт ва ин ҷумларо такрор карду рафт. Ӯ зери лаб мегуфт: «Касе, ки ба киштӣ дер мондааст». Ман инро шунида, гумон кардам, ки дар бораи худаш чизе мегӯяд. Пас аз чанд рӯз назди ман меҳмоне ба мактаб омад. Дар ин хусус навбатдор маро хабардор намуд. Гуфтам, ки марҳамат карда биёяд. Навбатдор гуфт, ки меҳмон мехоҳад бо шумо дар танҳоӣ суҳбат кунад. «Бахайр бошад!» - андешидам ба худ ва ба назди қабулгоҳ ҳозир шудам. Гумон доштам, ки шояд волидайни хонандае омадааст ва хато накардам. Дар рӯ ба рӯям марди миёнсолу тануманд ва хушсимое қарор дошт, аммо ҳарчанд хотираамро ба кор даровардам, кӣ буданаш ба ёдам нарасид. Ӯ маро бо табассуми самимона пешвоз гирифт. Пас аз салому алайк гуфтам: – Бубахшед, шуморо нашинохтам. Ӯ бо лабханд посух дод: – Ин аввалин бор аст, ки маро мебинед, вале мо ғоибона шинос ҳастем. Боз кӣ буданашро тахмин карданӣ шудам, аммо ӯ худашро «муаррифӣ» кард: – Ман ҳамон касе ҳастам, ки ба киштӣ дер мондааст. Хайрият ки ҳамон соат дарс надоштам. Бо меҳмон то дер вақт ҳамсуҳбат шудем. Маълум шуд, ки Зуҳал падарашро маҷбур кардааст, ки намоз хонад, то азоби дӯзахро набинад. Ӯ бо модараш кайҳо боз намоз мехондаанд ва орзу доштааст, ки дар биҳишт ҳам якҷоя бошанд. Зуҳал қонеъ нашудани падарашро дида, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки бо ман ҳамсуҳбат шавад. Дар поёни дидору гуфтугӯи самимона падари Зуҳал изҳори хушнудӣ кард ва бо ҳисси масъулият таъкид дошт, ки минбаъд омодагии сафарро пурратар мекунад, то саривақт ба манзили мақсуд бирасад.

Ҳикмат·Зеҳн·6 рӯз пешНашрия

ДАР НИҲОЯТ ҲАМА БА АСЛИ ХУД БАРМЕГАРДАД

Пас аз чанд рӯз Аслия ном талабаи фаъолам, ки пештар суоли «Магар шайтон хоксорӣ мекунад?»-ро пурсида буд, ба наздам омад. Ман аз ӯ хеле розӣ будам, чун дарсҳоро бо диққат гӯш мекард ва ҳатто боре ба ӯ гуфта будам: «Офарин, ту мусулмони комил мешавӣ!». Вақте ба наздам омад аз шарм забонаш лакнат мехӯрд ва дар ҳамин ҳол гуфт: – Муаллим, дар дарси гузашта шумо гуфтед, ки ман метавонам мусулмони ҳақиқӣ шавам. Аз ҳамон рӯз дар андешаи онам, ки шояд худро дар назди дигарон дилсофу поквиҷдон вонамуд мекунам ва ҳамаро фиреб медиҳам. Ҳар вақте ин андеша ба сарам меояд, хиҷолат мекашам. Беҳтараш ҳақиқатро ба шумо гӯям, то ки дилам ором бигирад. – Майлаш, ҳақиқати ҳолро бигӯ, аммо фикри ман дар бораи ту тағйир намеёбад. Як наврасе, ки мисли ту покдилу серғайрат, ботарбия, мутаваҷҷеҳи мавзӯъҳои динӣ аст, наметавонад, ки дар асл дигаргуна бошад. Ман дар ин фикри худ устуворам, аммо ба ҳар ҳол, чизе гуфтанӣ бошӣ, бигӯ. – Медонам, муаллим, – гуфт ӯ. – Вале ман гумон дорам, ки ҳатто мусулмони оддӣ ҳам буда наметавонам. Зеро баъзан ба корҳое даст мезанам, ки тамоман ба динамон дуруст намеояд. Масалан, ман бо либосҳои шиноварӣ дар баҳр оббозӣ мекунам ва намозамро низ дурусту саривақт намехонам. – Аввал ин ки чунин андеша доштанат қобили таҳсин аст. Чунки ҳадди ақал амалҳои худро арзёбӣ карда метавонӣ. Аз гуфтаҳоят бармеояд, ки амалҳои бад бароят хушоянд нестанд ва дилат ба корҳои нек моил аст. Ин хуб аст, зеро нишоне аз имону ислом аст. Маълум мешавад, ки ман дар андешаам нисбат ба ту хато накардаам. Дувумаш мо гуфта наметавонем, ки «ҳар касе гуноҳ содир кунад, мусулмон нест». Имкон дорад, ки мусулмон ҳам каму беш айбу гуноҳе дошта бошад. Чунки ӯ одам аст, фаришта нест. Дигар ин ки вақте Худованд бандагонашро мавриди пурсиш қарор медиҳад, бо як-ду гуноҳ онҳоро дарҳол ба дӯзах намеандозад. Гуноҳҳо ва савобҳо ба тарозу гузошта мешаванд ва кадом паллае вазнинтар ояд, ҳукми ниҳоӣ аз рӯйи ҳамон бароварда мешавад. Гуноҳҳо ба монанди баҳоҳои рӯзномаи шумоанд. Баҳои як фан ба баҳои фанни дигар таъсир расонда наметавонад. Масалан, нафаре аз дарси забони модарӣ баҳои паст гирад, аз фанни математика ҳам ба ӯ баҳои паст намегузоранд. Талаба танҳо аз дарсе мононда мешавад, ки аз он дарс баҳои ғайриқаноатбахш гирифта бошад. Намозу рӯза, одобу ахлоқ, аҳкоми шариат ва дурӣ ҷустан аз бадкориҳо ба дарс шабоҳат доранд. Дар поёни соли хониш маълум мешавад, ки аз кадом дарсҳо баҳои хубу аъло гирифтаем ва аз кадом дарсҳо баҳои бад. Вале агар баҳои аксари дарсҳо ва ё дарсҳои муҳим хуб бошанд, шарту шароитҳои дигар ҳам ба инобат гирифта мешаванд ва дар ҳаққи хонанда гузашт мекунанд. Худованд бахшандаву меҳрубон аст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шафоатгари уммат аст ва намехоҳад, ки касе аз онҳо ба дӯзах равад. Бинобар ин ноумед шудан лозим нест. Вале ин роҳҳои наҷотро ба назар гирифта, инсон набояд бепарвоӣ кунад. Чунки дар ин ҳолат ӯ ба монанди хонандае мешавад, ки барои баҳои беҳтар кӯшиш намекунад ва чунин инсон сазовори авфу омурзиш намегардад. Муҳим он аст, ки инсон аз корҳои зишт дурӣ ҷӯяд ва аз хатоҳои содир кардааш пушаймон бошад. Ҳар касе гуноҳро бад мешуморад ё пас аз содир кардани он изҳори пушаймонӣ карда, мегиряд, аз гуноҳ пок мешавад. Ӯ бояд кӯшиш намояд, ки дубора он гуноҳро содир накунад. Аз сабаби гуноҳҳо ноумед шудан хатост. Зеро аз раҳмати Худо ноумед шудан, худ гуноҳи азим аст. Раҳмату меҳрубонии Офаридгори ҳастӣ беинтиҳост. Аслия, аз гуноҳҳо дурӣ биҷӯ! Агар мабодо аз ту гуноҳе содир шуд, аз он бояд нороҳат шавӣ ва тавбаю надомат карда, кӯшиш намоӣ, ки онро дубора содир накунӣ. Азм кун, то қасди ба ҷо овардани тамоми ибодатҳо ва дурӣ ҷустан аз гуноҳҳоро дар дил дошта бошӣ. Нияти инсон бояд ҳамеша ҳамин бошад. Ман туро ҳамин тавр мешиносам ва ба ин хотир мегӯям, ки ту мусулмони ҳақиқӣ мешавӣ. – Ташаккур ба шумо, муаллим! Маро аз ғаму андӯҳ наҷот додед. Иншоаллоҳ, кӯшиш мекунам, ки мусулмони ҳақиқӣ бошам. Аслия аз ҳолати яъсу ноумедӣ раҳо ёфта, акнун табассум мекард. Дар дилам бори дигар умеде пайдо шуд, ки рӯзе ҳамаи роҳгумзадагон ба асли худ бармегарданд.

Ҳикмат·Зеҳн·6 рӯз пешНашрия

ИМТИҲОНИ ДУНЁ

Ҳамзамон шайтон дар роҳи рушди маънавиёти мо мисли як монеа аст. Зиндагии инсон худ як мусобиқа ва як имтиҳон аст. Ба монанди мусобиқаи варзишие, ки дар рафти он дар пеши роҳи варзишгарони даванда монеаҳо гузошта мешаванд. Баъзе варзишгарон ба монеаҳо бархӯрда меафтанд, дар ҳоле ки варзишгарони дигар аз болои монеаҳо ҷаҳида, ба марра мерасанд. Оё шумо ягон бор майдони машқу тамрини аскаронро дидаед? Майдони машқи онҳо пур аз монеаҳову деворҳои душворгузар аст. Дар ҷое баландӣ, дар ҷое пастӣ, дар ҷойи дигар нардбон ва дар ҷое хандақ ҳаст. Аскарон бояд аз баландӣ биҷаҳанд, аз пастӣ ба боло бо нардбон зуд баромада тавонанд. Албатта, ҳамаи ин монеаҳоро бо мақсади ранҷу азияти аскарон нагузоштаанд, балки дар натиҷаи машқу тамрин маҳорати аскарон рушду такмил меёбад. Ҳамон гуна ки аскарон дар машқгоҳ маҳорату малакаи худро такмил медиҳанд, мо ҳам бояд монеаву сахтиҳои зиндагиро гузашта, имону эътиқодамонро мукаммал созем. Яке аз монеаҳои бузург дар зиндагии инсон ҳамин шайтон мебошад. Нафси бади инсон, яъне ҳиссиёте, ки инсонро пайваста ба иҷрои корҳои зишт водор месозад, дастгири асосии шайтон аст. Инсон дар муқобили ин ду қувваи бадӣ бояд қавию устувор бошад. Дар акси ҳол ба монанди варзишгаре, ки хуб тамрин накардааст, ба ин монеаҳо дармонда, мағлуб мегардад. Касоне, ки аз дасисаҳои шайтон огоҳанд ва ҳамеша бар зидди ӯ муқовимат мекунанд, метавонанд аз монеаву домҳои гузоштаи ӯ раҳо ёбанд. Вале инсонро лозим аст, ки дар мубориза бар зидди васвасаҳои шайтонӣ омодагии хуб бинад, меҳнат кунад ва арақи ҷабин резад. Вақте инсон аз доми шайтон раҳо меёбад ва дар монеаҳои ӯ дарнамемонад, ӯро як лаззате ва эҳсосоти аҷибе фаро мегирад, ки дар воқеъ чашиданист. Чунки ин имтиҳони худи инсон аст ва бад-ин васила меъёри сабру матонат ва устувории иродаи худро мефаҳмад. Ҳеҷ як ҳузуру ҳаловат ба андозаи завқе, ки инсон аз пирӯзӣ дар имтиҳони имону иродаи устувор дарёфт мекунад, хуштар нест.

Ҳикмат·Дунё·13 рӯз пешНашрия

САХОВАТМАНДӢ

Мегӯянд, ки замоне як марди доро буд, вале саховатмандии бузург дошт. Ҳар рӯз ба мискинон ғизо медод, ба ятимон кӯмак мекард ва барои сафарбарони илм китоб мехарид. Як дӯсташ ба ӯ гуфт: – Чаро ин қадар моли худро тақсим мекунӣ? Агар каме бештар барои худ нигоҳ дорӣ, беҳтар нест? Мард табассум карда ҷавоб дод: – Дунё мисли соя аст. Агар аз он гурезем, аз паси мо меояд, вале агар ба он равем, аз мо мегурезад. Мол ҳам ҳамин гуна аст: ҳар қадар саховат кунӣ, боз бештар бармегардад. Гуфтаанд, баъди вафоти он мард, мардум солҳои дароз ӯро бо некӣ ёд мекарданд ва мегӯянд: “Саховатманд зиндагии худро дар мол наёфт, балки дар дилҳои мардум ҷой кард.” Панд: Саховатмандӣ на танҳо молро зиёд мекунад, балки ном ва хотираи некро ҷовидон месозад.

Ҳикмат·Зеҳн·20 рӯз пешНашрия

Инсонҳое ҳастанд, ки на аз некӣ, балки аз иҷрои корҳои зишт ҳаловат мебаранд.

Сад афсӯс, одамони зиёде ба осонӣ фирефтаи васвасаҳо ва дасисаҳои шайтон мегарданд. Агар онҳо саривақт ислоҳ нашаванд, дигар бе васвасаи шайтон ҳам ба корҳои бад даст мезананд. Чунин инсонҳо мумкин аст, ки дигаронро ҳам ба иҷрои амалҳои зишт ташвиқ кунанд ва дар ин ҳол кори шайтонро осонтар намоянд. Шайтон ҳам мебинад, ки вазифаи ӯро чунин ёваронаш ба ҷо меоранд ва худ истироҳат мекунад. Дигар ӯ муддати тӯлонӣ дам гирад ҳам зиён намебинад. Ба туфайли мухлисонаш корҳои ӯ идома меёбанд...

Ҳикмат·Зеҳн·20 рӯз пешНашрия

Оташ фоидаовар аст ё зараровар?

Ба ҳама маълум аст, ки оташ дар ҳаёти рӯзмараи одамон чӣ қадар аҳамияти калон дорад. Агар оташ намебуд, тамаддуни инсонӣ пур аз нуқсу норасоӣ мешуд. Вале «оташ чизи фоидаовар аст» гуфта, дасти худро ба дарунаш андозем, кори хубе анҷом намедиҳем. Дурусттараш дар ин сурат чизи фоидаоварро дар ҳаққи худ зараровар мекунем. Оташе, ки барои рӯзгори инсон муфид аст, дар он ҳолат барои мо зиёновар мешавад. Яъне ки тарзи нодурусти истифода метавонад чизи манфиатоварро дар ҳаққи инсон зиёновар кунад. Вале дар асл худи оташ ба фоидаи инсон офарида шудааст ва офариниши он кори хуб аст.

Ҳикмат·Зеҳн·20 рӯз пешНашрия

Ошпаз бо корд сабзӣ, гӯшт ва маҳсулоти дигарро реза мекунад, вале қотил бо корд одам мекушад. Дар ин ҳолат, магар корд ва ё кордсоз гуноҳе доранд?

Мисоли корд низ ҳамин гуна аст. Ҳар вақте ки онро дар нонбурӣ ва пӯст кардани меваю сабзавот истифода мекунем, намегӯем зарарнок аст. Аммо вақте бо корд одам кушта мешавад, ҷиноят содир мегардад. Одамкушӣ аз ҷумлаи ҷиноятҳои вазнин аст. Дар ин сурат, агар касе бо корд ҷиноят содир кунад, оё устое, ки он кордро сохтааст, дастгир мешавад? Албатта, он усто на танҳо дастгир намешавад, балки касе ҳам ӯро пурсуҷӯ намекунад. Чунки ӯ кордро на барои куштани инсон, балки барои буридани нон ва ё барои анҷом додани корҳои муайяне сохтааст. Содиркунандаи ҷиноят устои он корд нест, балки ҳамон касест, ки кордро бо мақсади нодуруст истифода бурдааст. Яъне ӯ кордро бар хилофи мақсади сохта шудани он истифода кардааст. Аз ин рӯ, корд ҳеҷ бадие надорад, балки тарзи истифодаи инсон нодуруст аст.

Ҳикмат·Зеҳн·20 рӯз пешНашрия

Агар дар ҳавои боронӣ бе чатр ба берун бароем ва дар натиҷа бемор шавем, оё метавонем даъво кунем, ки борон бад аст?!

Агар касе дар вақти боридани борони зимистон бо либосҳои тунук ва бе чатр ба берун барояд, борон ба ӯ фоида мерасонад ё зарар? Албатта, зарар дорад, ҳамин тавр не?! Зеро он гоҳ инсон бемор мешавад. Оё мо метавонем дар чунин ҳолат хулоса барорем, ки борон зарар дорад ва бояд тамоман наборад?! Оё ба чунин хулоса расидан ба ақлу мантиқ рост меояд?

Ҳикмат·Ахбор·21 рӯз пешНашрия

ОЁ ДИЛАШРО ШИКОФТӢ, ТО БИДОНӢ?!

Аз Усома ибни Зайд ривоят аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) моро барои таблиғи дин ба ҳар қабила равон мекард. Мо онҳоро ба ислом даъват мекардем, аммо баъзеашон бо силоҳ зиддият нишон медоданд. Боре яке аз онҳоро таъқиб намудем ва чун ба ӯ расидем, гуфт: «Ло илоҳа иллАллоҳ». Бо вуҷуди ин ман ӯро ба қатл расонидам. Чун ба Мадина расидем, ин хабар ба Паёмбари Худо (с) расид. Ӯ маро ба ҳузураш хонд ва гуфт: «Магар ту касеро ба қатл расондӣ, ки «Ло илоҳа иллАллоҳ» гуфта буд?!» Гуфтам: «Ӯ инро аз тарси ҷонаш гуфт!» Пас Расули Худо (с) фармуд: «Оё дилашро шикофтӣ, то бидонӣ, ки аз бими ҷон гуфта буд?!» Ва ин суханро ба андозае зиёд такрор намуд, ки орзу кардам, кош то он рӯз мусулмон намебудам.

Ҳикмат·Зеҳн·21 рӯз пешНашрия

Одамизод бо ҳисси парастиши Худо ба дунё омада, баъдан ҳастиву ягонагии Парвардигорро эҳсос мекунад.

Аввалин ва асоситарин масъулияти инсони болиғ ва соҳибақл имон овардан ба Худованди Донову Тавоно мебошад. Агар инсон бо чашми хирад ба худ ва ба ҳар он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, назар кунад, ҳастии Худованди Қодиру Тавоноро ба осонӣ дарк мекунад ва ба қадри идрокаш Ӯро дӯст медорад. Агар ӯ ба Худо имон надошта бошад, бовар карданаш ба фариштагон, китобҳо, паёмбарон, қазову қадар ва рӯзи қиёмат маъние надорад. Асли имон эътиқод доштан ба ҳастии Худованд аст. Инсон вобаста ба покиву устувории имонаш аз файзу баракати ибодатҳо баҳравар мегардад.