Зеҳн
Ҳикмат·Зеҳн·6 рӯз пешНашрия

ДАР НИҲОЯТ ҲАМА БА АСЛИ ХУД БАРМЕГАРДАД

Пас аз чанд рӯз Аслия ном талабаи фаъолам, ки пештар суоли «Магар шайтон хоксорӣ мекунад?»-ро пурсида буд, ба наздам омад. Ман аз ӯ хеле розӣ будам, чун дарсҳоро бо диққат гӯш мекард ва ҳатто боре ба ӯ гуфта будам: «Офарин, ту мусулмони комил мешавӣ!».
Вақте ба наздам омад аз шарм забонаш лакнат мехӯрд ва дар ҳамин ҳол гуфт:

– Муаллим, дар дарси гузашта шумо гуфтед, ки ман метавонам мусулмони ҳақиқӣ шавам. Аз ҳамон рӯз дар андешаи онам, ки шояд худро дар назди дигарон дилсофу поквиҷдон вонамуд мекунам ва ҳамаро фиреб медиҳам. Ҳар вақте ин андеша ба сарам меояд, хиҷолат мекашам. Беҳтараш ҳақиқатро ба шумо гӯям, то ки дилам ором бигирад.

– Майлаш, ҳақиқати ҳолро бигӯ, аммо фикри ман дар бораи ту тағйир намеёбад. Як наврасе, ки мисли ту покдилу серғайрат, ботарбия, мутаваҷҷеҳи мавзӯъҳои динӣ аст, наметавонад, ки дар асл дигаргуна бошад. Ман дар ин фикри худ устуворам, аммо ба ҳар ҳол, чизе гуфтанӣ бошӣ, бигӯ.

– Медонам, муаллим, – гуфт ӯ. – Вале ман гумон дорам, ки ҳатто мусулмони оддӣ ҳам буда наметавонам. Зеро баъзан ба корҳое даст мезанам, ки тамоман ба динамон дуруст намеояд. Масалан, ман бо либосҳои шиноварӣ дар баҳр оббозӣ мекунам ва намозамро низ дурусту саривақт намехонам.

– Аввал ин ки чунин андеша доштанат қобили таҳсин аст. Чунки ҳадди ақал амалҳои худро арзёбӣ карда метавонӣ. Аз гуфтаҳоят бармеояд, ки амалҳои бад бароят хушоянд нестанд ва дилат ба корҳои нек моил аст. Ин хуб аст, зеро нишоне аз имону ислом аст. Маълум мешавад, ки ман дар андешаам нисбат ба ту хато накардаам.

Дувумаш мо гуфта наметавонем, ки «ҳар касе гуноҳ содир кунад, мусулмон нест». Имкон дорад, ки мусулмон ҳам каму беш айбу гуноҳе дошта бошад. Чунки ӯ одам аст, фаришта нест. Дигар ин ки вақте Худованд бандагонашро мавриди пурсиш қарор медиҳад, бо як-ду гуноҳ онҳоро дарҳол ба дӯзах намеандозад. Гуноҳҳо ва савобҳо ба тарозу гузошта мешаванд ва кадом паллае вазнинтар ояд, ҳукми ниҳоӣ аз рӯйи ҳамон бароварда мешавад.

Гуноҳҳо ба монанди баҳоҳои рӯзномаи шумоанд. Баҳои як фан ба баҳои фанни дигар таъсир расонда наметавонад. Масалан, нафаре аз дарси забони модарӣ баҳои паст гирад, аз фанни математика ҳам ба ӯ баҳои паст намегузоранд. Талаба танҳо аз дарсе мононда мешавад, ки аз он дарс баҳои ғайриқаноатбахш гирифта бошад.

Намозу рӯза, одобу ахлоқ, аҳкоми шариат ва дурӣ ҷустан аз бадкориҳо ба дарс шабоҳат доранд. Дар поёни соли хониш маълум мешавад, ки аз кадом дарсҳо баҳои хубу аъло гирифтаем ва аз кадом дарсҳо баҳои бад. Вале агар баҳои аксари дарсҳо ва ё дарсҳои муҳим хуб бошанд, шарту шароитҳои дигар ҳам ба инобат гирифта мешаванд ва дар ҳаққи хонанда гузашт мекунанд.

Худованд бахшандаву меҳрубон аст. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шафоатгари уммат аст ва намехоҳад, ки касе аз онҳо ба дӯзах равад. Бинобар ин ноумед шудан лозим нест. Вале ин роҳҳои наҷотро ба назар гирифта, инсон набояд бепарвоӣ кунад. Чунки дар ин ҳолат ӯ ба монанди хонандае мешавад, ки барои баҳои беҳтар кӯшиш намекунад ва чунин инсон сазовори авфу омурзиш намегардад.

Муҳим он аст, ки инсон аз корҳои зишт дурӣ ҷӯяд ва аз хатоҳои содир кардааш пушаймон бошад. Ҳар касе гуноҳро бад мешуморад ё пас аз содир кардани он изҳори пушаймонӣ карда, мегиряд, аз гуноҳ пок мешавад. Ӯ бояд кӯшиш намояд, ки дубора он гуноҳро содир накунад. Аз сабаби гуноҳҳо ноумед шудан хатост. Зеро аз раҳмати Худо ноумед шудан, худ гуноҳи азим аст. Раҳмату меҳрубонии Офаридгори ҳастӣ беинтиҳост.

Аслия, аз гуноҳҳо дурӣ биҷӯ! Агар мабодо аз ту гуноҳе содир шуд, аз он бояд нороҳат шавӣ ва тавбаю надомат карда, кӯшиш намоӣ, ки онро дубора содир накунӣ. Азм кун, то қасди ба ҷо овардани тамоми ибодатҳо ва дурӣ ҷустан аз гуноҳҳоро дар дил дошта бошӣ. Нияти инсон бояд ҳамеша ҳамин бошад. Ман туро ҳамин тавр мешиносам ва ба ин хотир мегӯям, ки ту мусулмони ҳақиқӣ мешавӣ.

– Ташаккур ба шумо, муаллим! Маро аз ғаму андӯҳ наҷот додед. Иншоаллоҳ, кӯшиш мекунам, ки мусулмони ҳақиқӣ бошам.

Аслия аз ҳолати яъсу ноумедӣ раҳо ёфта, акнун табассум мекард. Дар дилам бори дигар умеде пайдо шуд, ки рӯзе ҳамаи роҳгумзадагон ба асли худ бармегарданд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.