Зеҳн

Ҳикмат

Суоле, ки бо нияти нек ва дар шакли зебо пурсида мешавад, барои посухдиҳанда сарчашмаи илҳом ба шумор меравад. Пурсида тавонистан маҳорат, ҷавоби қонеъкунанда додан мазият (афзалият) аст.

1 аъзоаз 7 августи 2026
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Иброҳим ибни Адҳам ва аҳли Басра

Овардаанд, ки Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) ба шаҳри Басра рафта буд. Аҳли он шаҳр назди ӯ ҷамъ шуданд ва гуфтанд: — Эй шайх, Худованд дар Каломи Маҷиди худ фармудааст, ки Ӯро дуо кунед, то дуои шуморо қабул кунад. Муддати чандин сол аст, ки мо дуо мекунем, аммо нишонаи қабули дуоҳои худро намебинем. Иброҳим ибни Адҳам (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфт: — Дилҳои шумо ба сабаби даҳ чиз мурдаанд. Пас чӣ гуна дуоҳои шумо мустаҷоб гардад? Аввал, Аллоҳ таъолоро мешиносед, аммо фармудаҳои Ӯро ба ҷо намеоред. Дуюм, Қуръон мехонед, вале ба он амал намекунед. Сеюм, даъвои муҳаббати Расулуллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мекунед, аммо суннатҳои ӯро тарк кардаед. Чаҳорум, шайтонро душман медонед, вале шабу рӯз фармони ӯро ба ҷо меоред. Панҷум, дохил шудан ба биҳиштро мехоҳед, вале барои дохил шудан ба он тӯша ва омодагӣ намекунед. Шашум, аз дӯзах наҷот ёфтанро мехоҳед, вале худро ба корҳои дӯзахӣ меандозед. Ҳафтум, маргро ҳақ медонед, вале барои он омодагӣ намебинед. Ҳаштум, айби худро намебинед, вале шабу рӯз айби бародари мусулмони худро меҷӯед. Нуҳум, неъматҳои Аллоҳ таъолоро мехӯред, вале шукри онҳоро ба ҷо намеоред. Даҳум, ҳар рӯз марги ҳамсоя ва хешовандони худро мебинед, аммо аз марги худ ғофилед.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Мансури Амор ва ғуломи сиёҳ

Овардаанд, ки Мансури Амор (раҳматуллоҳи алайҳ) рӯзе бар минбар нишаста, ваъз мегуфт. Дар ҳамин ҳангом соиле омад ва гуфт: — Эй шайх, чаҳор дирҳам ба ман бидеҳ, ки муҳтоҷ ҳастам. Мансури Амор гуфт: — Ҳар касе, ки ба ин талбанда чаҳор дирҳам диҳад, ман дар ҳаққи ӯ чаҳор дуо мекунам. Дар он маҷлис ғуломи сиёҳе ҳозир буд. Ӯ аз ҷой бархоста гуфт: — Эй шайх, ман ғулом ҳастам ва хоҷаи ман яҳудӣ аст. Ман дар бисоти худ чаҳор дирҳам дорам. Агар ин чаҳор дирҳамро ба ин талбанда диҳам, шумо ба ваъдаи худ вафо карда, дар ҳаққи ман чаҳор дуо мекунед? Шайх гуфт: — Чаҳор дирҳами худро ба ин талбанда бидеҳ. Ман низ ба ваъдаи худ вафо мекунам ва барои ҳар чӣ хоҳиш кунӣ, дуо менамоям. Ғулом чаҳор дирҳами худро ба талбанда дод ва сипас гуфт: — Эй шайх, аввалин дуои ман ин аст, ки аз ғуломӣ озод шавам. Дуюм, хоҷаи ман яҳудӣ аст; дуо кунед, ки ӯ мусулмон шавад. Сеюм, дуо кунед, ки Худованд маро сарватманд гардонад. Чаҳорум, дуо кунед, ки Худованд гуноҳони маро биёмурзад. Мансури Амор дар ҳаққи ӯ чаҳор дуо кард. Ғулом ба хона баргашт ва тамоми воқеаро ба хоҷаи худ нақл кард. Хоҷааш, ки яҳудӣ буд, ғуломро озод кард ва калимаи шаҳодатро ба забон оварда, мусулмон шуд. Сипас гуфт: — Ман туро дар тамоми молу дороии худ шарик мегардонам. Се дуои шайх дар ҳаққи ту ба ихтиёри ман ва дар назди чашми ман амалӣ шуданд, аммо дуои чаҳорум — мағфирати гуноҳон — дар дасти ман нест. Дар ҳамин ҳангом аз гӯшаи хона овозе ба гӯш расид: — Аллоҳ таъоло шуморо ва Мансури Аморро аз оташи дӯзах наҷот дод ва гуноҳони ҳамаи шуморо мағфират кард. Сипас гуфтаанд: Монеъҳои қабули дуо панҷ чизанд: Хӯрдани моли ҳаром. Зулм кардан ба мардум. Риёкорӣ дар ибодат. Дуо кардан бе таваккал ба Худованд. Бепарвоӣ нисбат ба ҳаққи дигарон.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Иброҳим (а) ва марди маҷусӣ

Гуфта шудааст, ки рӯзе марди маҷусие назди Иброҳим Халилуллоҳ (алайҳиссалом) омад ва аз ӯ хоҳиш кард, ки ӯро меҳмон кунад. Иброҳим (алайҳиссалом) ба ӯ гуфт: — Агар мусулмон шавӣ, туро меҳмон мекунам. Марди маҷусӣ аз назди ӯ гузашт ва ба роҳи худ рафт. Пас Худованд ба Иброҳим (алайҳиссалом) ваҳй фиристод: — Эй Иброҳим! Чаро ӯро танҳо ба шарти тағйир додани динаш ғизо додан хостӣ? Мо ҳафтод сол аст, ки ӯро бо вуҷуди куфраш ризқ медиҳем. Агар ту ӯро танҳо як шаб меҳмон мекардӣ, чӣ зараре ба ту мерасид? Иброҳим (алайҳиссалом) ин суханро шунида, ба дунболи он мард шитофт ва ӯро бозгардонд. Сипас ӯро меҳмон кард. Марди маҷусӣ пурсид: — Чӣ шуд, ки назарат тағйир ёфт? Иброҳим (алайҳиссалом) он чиро, ки Худованд ба ӯ ваҳй карда буд, баён кард. Марди маҷусӣ гуфт: — Оё Парвардигор бо ман чунин муносибат мекунад? Сипас гуфт: — Исломро ба ман биомӯз. Иброҳим (алайҳиссалом) Исломро ба ӯ пешниҳод кард ва он мард мусулмон шуд. Панди ҳикоя: Ин ҳикоя инсонро ба меҳрубонӣ, саховат ва некӣ кардан ба дигарон, новобаста аз дину мазҳаби онҳо, даъват мекунад. Ҳамчунин нишон медиҳад, ки раҳмати Худованд нисбат ба бандагонаш васеъ аст.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Тавба

Абӯтуроби Наҳшабӣ Раҳимаҳуллоҳ мегӯяд: рӯзе дар кӯчае мегузаштам. Ногоҳ овози ғулғула ба гӯшам расиду дидам, ки гурӯҳе мардон ҷамъ омадаанду бо пиразане ҷанҷол доранд. Ба худ гуфтам: он ҷо биравам, шояд мазлуме бошад ӯро ёрӣ расонам. Чун рафтам, заифае наздам омаду гуфт: - эй шайх, писаре дорам фосиқ ва умри худ дар бераҳагӣ гузаронидааст. Дирӯз мехост маҷлис орояду арақхӯранд. Дар аввали шаб Ҳак таьоло ӯро беморӣ фиристоду акнун бар бистари беморӣ афтодааст. Хонаи мо дар ҳамсоягии масҷид аст. Ҷамоати масҷид овоз шунида омадаанд, ки ӯро аз маҳалла берун кунанд. Ман ба онҳо фаҳмонда истодаам, ки ин замон ӯ бемор аст, амонаш гузоранд. Шояд аз беморӣ бимираду ҳама аз вай халос шавем ва ё тавба кунаду ба салоҳ ояд. Агар намирад ё тавба накунад, он гоҳ ӯро аз шаҳр берун кунанд. Шайх мегӯяд: дар мобайн даромадаму аз онҳо хохиш кардам, то аз он ҷанҷол бозистоданд. Он гоҳ ба хотирам расид, ки ҷавонро бояд бинаму ба тавба фармоям, шояд тавба кунад. Чун қадам дар хона ниҳодам, ҷавон маро бидид фарёду зорӣ аз ӯ баромад. Гуфт: шукри Худованди Карим, ки дуои мани гунаҳгорро чунин зуд қабул кард. Гуфтам: - эй ҷавон, чӣ дуо кардаӣ? Гуфт: - эй шайх, ин саҳар ду дуо кардам. Яке он ки гуфтам: - Илоҳо, бомдод маро ба дидори Абӯтуроб рӯзӣ гардон. Дуюм, он ки гуфтам: - Илоҳо, маро тавбаи насуҳ каромат фармоӣ. Як дуоям қабул шуд. Умед дорам, ки они дигар низ қабул гардад. Эй шайх, гуноҳи бисёр дорам, маро тавба бошад? Гуфтам: - эй ҷавон, навмед мабош, ки дарёҳои раҳмати Ҳақ таъоло мавҷ мезананд. Ҳақ таъоло қабулкунандаи тавба ва омӯрзандаи гуноҳи бандагон аст. Тавба аз ҳама гуноҳон мақбул аст. Ҷавон дар назди ман тавба ва гиряи бисёр кард. Чун шайх бозгашт, ҷавон модари худро гуфт: - эй модар, ба ту як васият дорам ба ҷой ор. Гуфт: - ҷони модар, чи васият дорӣ? Гуфт: - он ки маро аз рӯи бистари нарм бар хок ба хори андозӣ, то дар назди Абӯтуроб тавба кардам, ин замон бо Худои таъоло тавба кунам, ки бемориям сахт шудааст. Ҳис мекунам, ки бемориям бемории марг аст. Модар васияти ӯро ба ҷой оварду ӯро аз рӯи бистари хоб ба рӯи хок андохт. Ҷавон рӯй дар хок мемолиду аз ҷони пурдард менолиду мегуфт: - бор, Худоё, аз кардаҳои худ пушаймон шудаму тавба кардам. Ба ҷуз даргоҳи ту дари дигар надорам, дастгири дардмандон ва паноҳи ниёзмандон туй. Бар мани хоксори гунаҳгор раҳмат фармой. Ҳамчунон тазаррӯъ ва зорӣ мекард, ки ӯро аз рӯи хок ба рӯи бистар бурданд. Чун шаб даромад, ҷавон вафот кард. Абӯтуроб мегӯяд: он шаб Расули Худо (с)-ро ба хоб дидам, ки меомад ду пир ҳамроҳи ӯ буданд ва халоиқи бисёр баробари онҳо меомаданд. Яке маро гуфт: - он ҳазрати Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам аст ва он пире, ки бар дасти роста ӯст, Иброҳими Халилуллоҳ аст. Ва оне, ки бар дасти чапи ӯст, Мусо алайҳи-с-салом аст ва он халоиқи бисёр ҳама пайғамбарон салавотуллоҳи алайҳим аҷмаинанд. Ман пеш давидаму салом кардам. Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам ҷавоби саломи ман дод. Ман гуфтам: - ё Расулаллоҳ, Шумо ба шаҳри Нахшаб омадед? Гуфтанд: - эй Абӯтуроб, он ҷавоне, ки вай рӯз бар дасти ту тавба карда буд, имшаб вафот ёфт. Ҳақ таъоло ӯро ба дараҷаи дӯстони худ расониду ӯро мақоми авлиё каромат кард. Ман ва ҷамъи пайғамбаронро ба зиёрати вай фиристод. Эй Абӯтуроб, ҷавонро ба чашми иззат нигаред ва бар ҷанозаи вай ҳозир шавед. Шайх мегӯяд: - бедор шудам, аз он ҳол маро тааҷҷуб омад, ки аҷаб парвардигори меҳрубоне? Фосиқе, ки аз бадии фисқаш ӯро аз маҳалла берун мекарданд, ба як нолаву зорӣ ва як тавбаву пушаймонӣ ӯро бо ин қурбат расонид. Аз лутфи ӯ ҳеҷ банда навмед нашавад. Абӯтуроб мегӯяд: - дар ин завқу ҳолат будам, ки аз хонаи дигар овози духтараки хурдсоли худро шунидам, ки мегирист. Гуфтам: - эй фарзанд, барон чи гиря мекунӣ? Гуфт: - эй падар, маро дар хоб намуданд, ки дар фалон маҳалла ҷавон тавбакоре вафот кардааст, ҳар киро назар бар ҷанозаи вай афтад, ҳар ҳоҷате, ки аз Ҳақ таъоло бихоҳад, раво гардонад. Эй падар, ҳаргиз иҷозати берун рафтан нахоста будам, акнун мехоҳам иҷозат диҳӣ, то биравам ва ҷанозаи ҷавонро бубинаму аз Худованд омурзиши гуноҳи худ ва бандагони ӯро бихоҳам. Ӯро иҷозат додам ва яқини ман зиёдат шуд. Аз хона берун омадам, то мардумонро аз ҷавон хабар диҳам. Заифаи солиҳае буд, ки муддати ҳафтод сол ба ибодати Ҳақ машғул буд. Дидам, ки меомад. Чун назари вай бар ман афтод, гуфт: - Эй Абӯтуроб, дидӣ, ки раҳмати Ҳақ таъоло чӣ корҳо кард? Ҷавони фосиқе, ки ӯро аз маҳалла берун мекарданд, имшаб вафот ёфт. Ва ӯро дар қатори авлиёҳо даровардаанду маро дар хоб намуданд, ки ҳар кас ба ҷанозаи вай ҳозир шавад, гуноҳони ӯ омурзида мегарданд. Яке аз муттақиёни дигарро низ мисли ин дар хоб намуданду ӯ маро хабардор кард. Мардумонро аз он ҳол огоҳ кардам. Аҳли шаҳр ба якборагӣ берун омаданд ва бар ҷанозаи ҷавон намоз хондем. Ӯро бо эъзозу икроми тамом дафн кардем, то бидонӣ, ки ба як нолаи саҳару ба як оҳи пушаймонӣ Худованд гуноҳи ҳамаи умрро омурзад. Бар ин даргоҳ касеро ҷои навмедӣ нест. Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар дардеро давоест. Давои дарди гуноҳ тавба кардан аст. Ҳар ки рӯзе ду мартаба тавба накунад, пас ба таҳқиқ бар нафси худ зулм кардааст.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Суханчинӣ

Бидон, ки суханчинӣ он аст, ки касе сухане аз ҷое шунавад ва ба ҷои дигар ҳикоят кунад, ки он мусулмононро зиён дорад. Яъне сухани касеро ба каси дигар бурдан, ки сабаби хусумати онҳо мегардад. Дар ҳадис омадааст, ки суханчинро дар қисмат Худованд ба сурати маймун гардонад. Имом Ҳасани басрӣ раҳматуллоҳро шахсе гуфт; -Фалонӣ туро бад гуфт. Ҳасан гуфт: - Ту ӯро дар куҷо дидӣ? Гуфт: - Дар хонаи вай. Гуфт: - Он ҷо барои чӣ рафтӣ? Гуфт: - Он ҷо меҳмон будам. Гуфт:, - Дар меҳмонӣ чӣ хӯрдӣ? Гуфт: - Фалон чиз ва фалон чиз. Гуфт: Эй ноҷавонмард, чандин таъом дар шиками ту ғунҷид ва ин як сухан нағунҷид? Расули акрам (салаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди ду гур бигзашт, пас гуфг: - Соҳибони ин гурҳо ба азоб гирифторанд. Якеаш либосҳояшро аз пешоб пок намедошт, дигараш суханчин буд. Сухан дар миёни ду кас ҳамчу оташ аст, Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.

0
Ҳикмат·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Ғайбаткунанда дӯсти шайтон аст

Холид бинни Рабиъ мегӯяд: вақте бо ёрони худ дар масҷиди ҷомеъ будем, мусулмонеро дидам ғайбат карданд ва ман манъ накардам. Он шаб дар хоб дидам, ки марди сиёҳи бо ҳайбат даромад ва пораи гӯшти гандаи хукро бар табақе ниҳода биёварду дар пеши ман ниҳода бонг бар ман зад, ки бихӯр. Гуфтам: - Ман мусулмонам ва мусулмон гӯшти хук намехӯрад. Гуфт: - Гӯшти мусулмонро метавонӣ хурда, ки он ҳазор бор аз ин ҳаромтар аст, - ва аз он гӯшт бибуриду дар даҳони ман ниҳод. Бедор шудам он гӯшт дар даҳони ман буд ва бӯи гандаи он то чиҳил рӯз аз даҳони ман меомад. Макун ғайбат агар ақлат тамом аст, Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст. Агар айби ту гардад бар ту зоҳир, Ба айби кас қуҷо пардозӣ охир.

0