Зеҳн
Дунё·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

АЁДАТИ МАВЛОНО ҶОМӢ

Шаби ҷумъа аз беқарорӣ хобам набурд ва аз шиддати изтироб нисфи шаб бархоста, ба асп савор шуда, ба хизмат ва аёдаташон рафтам. Баъзе асҳоб ва азизон дар сари он кас ҷамъ омада буданд ва он кас гоҳ беҳол ва гоҳ ба ҳоли худ буданд.

... То субҳдам дар як ҳол буданд. Чун халоиқ аз намози бомдод фориғ шуданд, ҳоли он кас дигаргунтар гардид.

Ҳазрати хоҷа Абдулазиз чун диданд, ки ҳол дигаргун шудааст, худашон мадад расонида, сари он касро аз ҷониби машриқ ба ҷониби шимол ниҳоданд ва рӯяшонро ба сӯи қибла гардониданд.

Мавлоно Зиёуддин Юсуф, ки фарзанди арҷманди он кас буданд, дар тарафи пояшон нишаста, ба чашмонашон чашм дӯхта буданд. Ҳар гоҳ чашм мекушоданд, аз рӯйи илтифот ба вай менигаристанд.

То вақти салоти ҷумъа фаро расид... Ва хоҷа Ҳофиз Ғиёсиддин Муҳаммади Деҳдор омада, дар сари он кас ба хатми Қуръон машғул шуданд...

Ҳанӯз мардум аз намоз фориғ нашуда буданд, ки он кас чашм пӯшиданд ва олам гӯё мисли бадани беҷоне холӣ монд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.