МавзӯъМаориф

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Китоби таълимии забони Go барои мактабиён, донишҷӯён ва омӯзгорон: аз алгоритм ва блок-схемаҳо то веб-сервер ва боти Телеграм. Таҷдиди китоби А. П. Назаров «Алгоритмсозӣ ва барномасозӣ дар забони Бейсик» (2009).
Мусаллам аст, ки устодон сарчашмаи донишу маърифат, пешравию комёбиҳо дар ҷодаи ҳаёти инсон ҳастанд, чунки эшон ҳар нафасу қуввати хешро барои аз бар намудани илм, соҳибмаърифат гардонидани ҷавонону наврасон харҷ мекунанд. Аз ин рӯ, донишҷӯён, бахусус
Муносибати босалоҳият дар таълим, фаъолиятест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, функсионалӣ) равона шуда, он ба саволҳои: “Хонанда чӣ кор карда метавонад?”, “Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?” ҷавоб гуфта, дониш
Тамоми иқдомот оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ислоҳот ва навсозии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) низоми маориф барои кӯдакони имконияташон ба идеологияи муҳофизат махсус кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Қонуни намудани ҳуқуқи кӯдак дар ҷомеа Ҷумҳурии
Ҳамасола дар ҷумҳуриямон Рӯзи байналмилалии китоби бачагона қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар кишвар як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мешаванд, ки «Корвони китоби бачаҳо» аз ҷумлаи онҳост. Мусоҳибаи мо бо Азизи Азиз, мудири бахши кӯдаки
Мақсади ҳақиқӣ ва асосии ҳамаи илмҳо ба инсон додани муҳимтарин Дар замони муосир таъсири илм ба тамоми дастовардҳои башарият, шинохти олам самтҳои фаъолияти ҳаёти инсон: истеҳсолот, ва кашфи асрори он мебошад. Ҳаёти техника, технология, иқтисодиёт,
Таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар ба як силсила омилҳое вобаста мебошад, ки татбиқи онҳо ба рушду пешравии соҳаи маориф мусоидат хоҳад кард. Яке аз вазифаҳои муҳимми роҳбарияти таълимгоҳҳо (директору ҷонишинони вай) тарбияи омӯзгорони ҷавон
Иштирокдорони семинарро омӯзгорони гӯё пешқадам ва олимони Чанд вақт пеш як семинари 9 - рӯза бо унвондори соҳаи забони тоҷикӣ ташаббуси Вазорати маориф ва илм бо ташкил мекарданд. Мушовири намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар байналмилалӣ
Рушду инкишофи назаррас дар ташаккулу пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар садаи ХХ дарки арзиши инсон, шаъну шарафи он буд, ки бо зарурати таъмини кафолатҳои ҳадди ақали мавҷудият ва рушди озодии инсон алоқаманд мебошад. Соли 1945 Оинномаи бонуфузтарин созмони
Таҳаммулпазирӣ, пеш аз ҳама, истилоҳи иҷтимоӣ – фарҳангӣ буда, дар Мафҳуми таҳаммулпазирӣ предмети омӯзиши соҳаҳои гуногуни илм, ба мисли илмҳои гуногун тобишу маънои нав фалсафа, ахлоқ, сиёсатшиносӣ, тиб, пайдо мекунад. Бо вуҷуди ин, педагогика ва
Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ, талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро
Ин мисраъҳои нахустин аз достони Ин шеъри устод Мирсаид Миршакар “Панҷи нором”-и устод Мирсаид чандин насли фарзандони тоҷикро дар рӯҳияи Миршакарро метавон чун мифтоҳе барои баланди муҳаббат ба Ватан ва меҳанпарастӣ кушодани дарвозаҳои табъи муаллифи
Мақсади таълим: то охири дарс Сохтори масъалаи таълим ба он хонандагон бояд: вобаста аст, ки то кадом андоза ба аз матн зарфҳоро муайян карда, мақсади дарс расидан самарабахш аст. шарҳ дода тавонанд; Истифодаи метод ҳеҷ гоҳ мақсади умумият ва фарқияти
Яке аз ҷузъҳои муҳимми ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ на танҳо хушбахтӣ ба даст меорад, балки пас аз оиладорӣ бештар дучори мушкиливу душвориҳои зиндагӣ мегардад. Зеро баъд аз хонадор
Қоидаҳои имло ё орфография маҷмуи қоидаҳои ба низом даровардашудае мебошанд, ки тарзи ягонаи ифодаи нутқро дар навишт муқаррар менамоянд. Ҳар забони соҳибхат, ба шумули забони тоҷикӣ, аз ин дастур бархурдор мебошад. Қоидаҳои имло як навъ муаррифгари
Ба таъкиди устод Мирзо Турсунзода, «Садриддин Саидмуродзода Айнӣ ҳамчун Устод Садриддин Айнӣ дар ватандӯсти ҳақиқӣ ҳамаи ҳаёти худро ба халқ таърихи адабиёти муосири тоҷик бахшида, дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои илм ва бо таълифи асарҳои илмию бадеӣ
Ҳеҷ як давру замон бидуни ғояи пешбаранда ба муваффақиятҳо ноил шуда наметавонад. Барои дуруст тавзеҳ бахшидани сиёсату ғояи давр дар ҳаёти иҷтимоӣ василаи таҳрикдиҳандае лозим аст, ки он публитсистика мебошад. Публитсистика тавъам бо рӯҳияву
Зарурати омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ-риёзӣ таваҷҷуҳро ба масоили мазкур бештар гардонд. Ин аст, ки дар сиёсати имрӯзаи давлат дар ин росто тадбирҳои гуногун андешида мешаванд. Аз ниҳодҳои масъуле, ки рисолати дар амал татбиқ намудани донишу андӯхтаҳои
21-уми декабри соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” дар “Кохи Сомон” ироа гардид. Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати
Инак, чанд пора аз он рӯзе, ки маъмурияти мактаб таълиму тарбияи дафтарҳоро баъди веростории яке аз синфҳои якумро ба мани то ин дам дар лозим ба ихтиёри хонандаҳои синфҳои болоӣ дарсгуфта бовар кард, фикре ба сарам маҷалла ҳавола месозем. роҳ ёфт, ки
Вазъи кунунии ҷомеа тақозо дорад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба тарбияи насли наврас эътибори зиёд дода шавад. Диққати роҳбарияти мактаб, омӯзгорон, роҳбарони синфҳо ва дигарон бояд, пеш аз ҳама, ба тарбияи шахсият равона гардад. Ҳамзамон,
Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.
Китоб ба волидон ва омӯзгорон дар бобати тарбияи кӯдакон, рушди шахсият ва ноил шудан ба муваффақият маслиҳат медиҳад. Дар он роҳҳои рушди қобилиятҳои кӯдак ва омода кардани ӯ ба ҳастии мустақилона баррасӣ шудаанд.
Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.
Ин маҷмӯа барои омӯзгорону шогирдон таалӣф шудааст ва дар ташаккули инкишофи нутқу саводи грамматикии хонандагон нақши муҳим мебозад. Дар он корҳои хаттӣ бо супоришҳои грамматикӣ оварда шудаанд, ки барои боз ҳам беҳтар кардани дониши хонандагон кӯмак мекунанд.
Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши лексикология, фонетика ва морфологияи забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Зан ва забон — ҳар ду аз як нури илоҳӣ офарида шудаанд. Яке рӯҳи зиндагиро бо меҳр гарм мекунад, дигар садои он зиндагиро ба ҷаҳониён мерасонад. Зан — рамзи сабр, вафо ва зебоист. Ӯ офариниши Худост, ки дунёро бо нафаси муҳаббат меорояд. Ҳар қадами ӯ дуоест, ки ба замин баракат меорад; ҳар ашки пинҳонии ӯ гӯё покии ҷаҳонро мешӯяд. Дарди зан ором аст, вале амиқ; хандааш кӯтоҳ, вале самимӣ. Ӯ ҳамеша ҷонҳоро ҷамъ мекунад, дар ҳоле, ки худ дар парокандагии рӯҳ сӯхтааст. Ӯ оромиро дӯст медорад, на барои худ, балки барои онҳое, ки дӯсташ медоранд. Забон бошад — рӯҳи миллат аст. Он мисли шохаи бедор дар боғи таърих аст — ҳар қадар, ки шамол бивазад, боз решаашро амиқтар мекунад. Дар ҳар ҳарфи тоҷикӣ садои Рӯдакӣ мерасад, нафаси Лоиқ ва орзуи Мирзо Турсунзода. Забон танҳо воситаи гуфтор нест — он нақши дили миллат аст, меъёри ҳувият ва пули робитаи наслҳост. Муаллимаи забон будан — мисли шамъест, ки шабро равшан мекунад. Шамъ месӯзад, вале ҷаҳонро нур медиҳад. Ҳар хонандае, ки аз калимаҳои ту маънӣ меомӯзад, гӯё як қатра рӯшноӣ аз дили ту мегирад. Ин вазифа фақат таълим нест — ин бедор кардани рӯҳ аст, бедор кардани он қисмати инсонист, ки ҳанӯз мехоҳад зебоӣ ва меҳрро бифаҳмад. Бигзор зан ҳамеша бовафо ва нерӯи рӯҳонааш зиндагиро зебо кунад, забон ҳамеша зинда бошаду садои модарӣ дар дилҳо наво диҳад. Зеро зан ва забон — ду оинаи нур ҳастанд: яке рӯҳи зиндагиро равшан мекунад, дигар рӯҳи миллатро. Миҷгона Махманасировна
Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибони ҷовидон ба камол расонид. Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегарднд. Чуноне, ки гуфтаанд: Расад ҷон бар лаби бечора устод. Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд. Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа, насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст.
Як пораи оҳан ҳамагӣ 100 доллар арзиш дошт. Агар аз он наъли асп созанд - қиматаш 250 доллар мешавад. Агар аз ҳамон оҳан сӯзан тайёр кунанд — арзишаш ба 70 000 доллар мерасад. Ва агар аз он пружинаҳои соат созанд — қиматаш то 6 миллион доллар боло меравад! Муаллим гуфт: — Бинед, фарзандон, як чиз ҳамон аст, ки он ҳар қадар беҳтар корбаст шавад, ҳамон қадар арзиш пайдо мекунад. Инсон ҳам ҳамин гуна аст: ҳар кӣ қобилиятҳои худро инкишоф медиҳад ва ба нафъи дигарон истифода мебарад, қиматаш бештар мегардад. Бояд донем, ки қадру арзиши инсон аз зоҳир нест — аз меҳнат, дониш ва ҳунари ӯст.
Падару модар будан, аз як тараф, ифтихор бошад, аз тарафи дигар, масъулияти бузург аст. Зеро имрўз, ки ҷомеаҳо хавфи аз даст додани фарҳангу оинҳои хуби гузаштаашонро доранд, бегумон, ин дар хислату рафтори кўдакону наврасон бетаъсир нахоҳад монд. Дар мардуми мо мақоли хубе ҳаст, ки мегўянд: «Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар». Оре, ҳамин гуна аст, хулқу атвори писандида фарзанди моро метавонад дар чашми ҳама азиз гардонад ва дар сурати баръакс «фарзанди баддоғи падар» мегардад. Ривоят мекунанд, ки шахсе фарзандашро назди обиде мебарад ва мегўяд: «Фарзанди мо беморие дорад ва хўрдани асал ба бемориаш меафзояд, мо ҳар қадар ба ў мегўем, ба ҳарфи мо гўш намедиҳад. Шумо ба ў насиҳате кунед ё роҳе бар мо нишон диҳед». Обид мегўяд: «Фарзанди худро бибар ва чиҳил рўз баъд биё». Он шахс баъд аз чил рўз боз ҳам назди обид меояд. Обид писарбачаро ба назди худ мехонад ва мегўяд: «Писарам асал ба саломатии ту зарар дорад, дигар асал нахўр». Писарбача мегўяд: «Ман қавл медиҳам, ки дигар асал намехўрам». Падари писарбача каме хашин шуда мегўяд: «Ҳамин ҳарфҳоро чиҳил рўз пеш мегуфтед, мо ин қадар роҳро бо машаққати зиёд тай намекардем, ин ҳама ранҷ намедидем». Обид мегўяд: «Ҳамон рўз, ки ту фарзандатро овардӣ, ман худ асал хўрда будам ва ба саломатии ман низ зарар дошт, ман пас аз он рўз чиҳил рўз асал нахўрдам, то асари асал аз ман биравад, агар он рўз ба фарзанди ту талқин мекардам, ў ба ҳарфи ман гўш намедод, чӣ гуна метавон кореро, ки худ мекунӣ, ба дигаре манъ намоӣ? Ин гуна ривоятҳо баёнгари онанд, ки фарзандони мо рафторҳояшонро аз мо нусхабардорӣ мекунанд. Дар ин робита, равоншиносон мегўянд, ки кўдак мисли коғази сафед аст, ҳар чизеро, ки бинависӣ, ҳамонро ба худ мегирад. Чуноне ки дар боло зикр кардем, падару модар будан масъулият аст. Аз ин рў, падару модарро мебояд, дар таълиму тарбияи фарзанд бештар саҳим бошанд. Фарзанди худро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд.
Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгў ба талаботи муосир аз муассисаи таълимӣ тақозо менамояд, ки роҳу усулҳои гуногуни ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидаткунандаро роҳандозӣ намоянд. «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020 - 2040) дар назди омўзгорон вазифа мегузорад, ки ба таълими ин фанҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, сифати таълимро ҳам дар раванди таълим ва ҳам дар машғу лиятҳои беруназсинфӣ баланд бардоранд. Тамоми омўзгорон бояд бикўшанд, ки шогирдонашон, пеш аз ҳама, ба моҳияту аҳамияти ин ё он фан дуруст сарфаҳм раванд, эътимоди комил пайдо намоянд, ки омўзиши ин фан зарур ва омили пешрафти ҳаёт мебошад. Ҳар дарси шавқовару пурмазмун хоҳиши хонандаро ба омўзиши ҳар чи бештари фанни дахлдор тақвият мебахшад. Душворомўз будан ё осонфаҳмии ҳар фанне ба маҳорату истеъдоди омўзгорон ва таҷрибаи онҳо алоқамандии қавӣ дорад. Инро дар мисоли таълими фанни математика хеле амиқ дарк кардан мумкин аст. Пўшида нест, ки аксар хонандагон дар омўзиши ин фан душворӣ мекашанд, ба он рағбат надоранд ва шавқашон коста аст. Вале шавқу завқи шогирдонро ба омўзиши фанни математика пайдо кардан мумкин аст. Ин ҳадафро, пеш аз ҳама, бо амалҳову омилҳои зерин метавон татбиқ кард: 1. Бикўшем, ки дарсро бо забони содаю фаҳмо баргузор намуда, ҳар як ибораву ифода ва истилоҳи илмии навро тавзеҳ бахшем, ғалатҳои хонандагонро дар гуфторашон саривақт ислоҳ намоем. 2. Ба ҳар як дарс хеле ҷиддӣ омодагӣ гирифта, китобҳои дахлдорро варақ бизанем, рўзномаву маҷаллаҳоро таҷдиди назар бикунем, ба адабиёти методӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. 3. Ҳамчун омўзгори математика ман як навъ бойгонии худро таҳия намудаам. Он буридаи мақолаҳову формулаҳои асосии математикӣ, акси олимони математика, иқтибос аз гуфтаҳои пурҳикмати донишмандон ва монанди инҳоро дар бар мегирад. Дар машғулиятҳо бо донишҷўён аз ин бойгонии худ истифода мебарам. 4. Аёният ва воситаҳои тех никии таълимии муосир ва истифодаи онҳо аз омилҳои самаровари таълими фанни математика ба ҳисоб мераванд. 5. Бояд бо ҳамкорону ҳам ихтисосҳоямон иртиботи доимӣ дошта, бо ҳам табодули таҷриба намоем, дар мавзуъҳои алоҳида баҳс намоем. Дар сурати риояву корбасти ин омилҳо бовар дорам, ки донишҷўён бо шавқу рағбат ба дарси математика ҳозир мешаванд.
Субҳи зебои рӯзи ҷумъа фаро расид. Офтоб нурпошӣ мекард, боди нарм баргҳои дарахтонро мехиромонд. Донишомӯзон бо чеҳраҳои хандон ба мактаб меомаданд. Дар даромадгоҳи мактаб як эълон овехта шуда буд: Имрӯз - "Рӯзи пурсаховат!" Ҳама бо ҳайрат ба ҳам менигаристанд. Вақте муаллимаи азизашон Малика Анисовна ба синф даромад, бо табассум гуфт: — Бачаҳо, имрӯз мо мехоҳем дарсро бо некӣ оғоз кунем. Ҳар яки шумо метавонед бо як амали хурди саховатмандӣ — дили касеро шод кунед. Сӯҳроб аввалин шуда гуфт: — Ман китоберо, ки дӯст медорам, ба Зариф медиҳам, то ӯ ҳам онро бихонад. Манижа гуфт: — Ман барои ҳамсинфам, ки дафтар надорад, як дафтари нав меорам. Саъдӣ гуфт: — Ман имрӯз ба посбон-амак нон меорам, то ки заҳмати ӯро қадр кунем. Ҳама хонандагон аз ҳамдигар чизе мегирифтанд. Касе гул меовард, касе шириниҳоро тақсим мекард, касе сухани хуб мегуфт. Мактаб он рӯз пур аз меҳр, муҳаббат ва дӯстӣ гардид. Дар охири дарс муаллима Малика бо нигоҳи пур аз ифтихор гуфт: — Азизон, пурсаховат будан танҳо додани чиз нест. Саховатмандӣ маънои доштани дили пок, муҳаббат ба инсон ва кӯмак ба дигаронро дорад. Агар ҳар рӯз мисли имрӯз бошем, дунёи мо пур аз нури меҳру дӯстӣ мегардад. Он рӯз ҳар як хонанда бо дили пур аз шодӣ ба хона баргашт. Онҳо дарк карданд, ки саховатмандӣ хурдтарин амалест, ки метавонад дунёро зебо ва одамонро хушбахту меҳрубон гардонад.
Инсон ҳар қадар зеҳни боз дошта бошад, ҳамон қадар камтар бераҳм мешавад. Инсони воқеан таҳсилдида наметавонад бераҳм бошад, зеро ин номумкин аст. Ӯ танҳо метавонад муҳаббат ва раҳму шафқат дошта бошад. Инсони аҳмақ маҷбур аст бераҳм бошад, зеро танҳо бо ҳамин роҳ ӯ фикр мекунад, ки метавонад пирӯз шавад. Инсони оқил хоҳише барои пирӯз шудан надорад, Инсони оқил аллакай дар зеҳни худ пирӯз аст. Ӯ аллакай дар фаҳмиши худ аз бисёр чизҳо боло аст ва ба рақобат ниёз надорад. Инсони аҳмақ ҳамеша бояд дар рақобат бошад. Ва чун аҳмақ аст, наметавонад ба зеҳни худ такя кунад, зеро маҷбур аст ба чизи дигар такя кунад. Аз ин рӯ бераҳм мешавад, маккор мешавад, фиребгар мешавад, дуруя мешавад. Ба назари ман, «аҳмақӣ» ягона гуноҳ аст ва ҳар чизи дигар танҳо паёмади он аст. Ва «зоқилӣ» ягона фазилат аст ва ҳар чизе ки мо онро фазилат медонем, мисли соя аз он пайравӣ мекунад.
Чаҳор фасли сол, чаҳор нерӯи бузурги мӯъҷизакор, чаҳор бародари тавонову накӯкор аст, ки аҳли башарро ризқу хушрӯзиҳо мебахшанд, замину замонро ободу амон медоранд. Аз баҳор ёд мекунем, ки бедории табиат, эҳёи арзу само ибтидои гирудорҳои деҳқон ба хотири фардост. Баҳор эъҷозгар аст, дашту даманро сабзҷома ва ҳариру пургулу мунаққаш мепӯшонад. Боғистонҳоро чанбари гул ба cap медиҳад, мурғони хушилҳонро ба наво меорад, дилҳоро фараҳу нузҳат мебахшад... Тобистон фаро мерасад, ки авҷи кору ғайрат, фасли долу зарби амали деҳқон аст. Тирамоҳи заррин фасли баракату заҳмати айёми лабрез кардани анборҳо, қадкашии кӯҳҳои "тиллои сафед", шаҳдрезии боғистонҳои мост. Деҳқон мехоҳад, ки хонадони мардум обод, дастархонашон пури нон, лаболаб аз шаҳду шакар, рӯзгорашон хушу саодатманд бошад. Зимистон сафедпӯш омада давр меронад. Дашту биёбон, боғоту марғзорон, киштзорони се фасл заҳматкашида зери кӯрпаи барф фаpoғат доранд. Деҳқон ором нест, дар андешаи фардост. 1. Замину замонро ободу амон доштани чаҳор фасли сол. 2. Баҳор – эъҷозгар. 3. Тобистон авҷи кору ғайрат. 4. Тирамоҳ баракот, зимистон – фароғат. Луғат: Эъҷозгар – эъҷозба аҷз овардан, кори ҳайратовар ва аз одат берун. Мунаққаш – нақшу нигор кардашуда, нақшин. Нузҳат – покизагӣ, беайбӣ, некӯӣ.