Зеҳн
Дунё·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

РӮЗИ ИД

Мегӯянд, шоири маъруф Мирзо Абдулваҳҳоб Нишотро бо амри Фатҳалишоҳ зиндонӣ карда буданд.

Иттифоқан, дар яке аз рӯзҳои баҳор Фатҳалишоҳ, ки гоҳе шеър мегуфт ва «Хоқон» тахаллус мекард, дар боғ гардиш менамуд. Аз тамошои гулҳои баҳорӣ ва қатраҳои шабнами рӯйи гулбаргҳо ба завқ омада, ин мисраъро гуфт:

«Рӯзи ид асту ба ҳар шоха нами борон аст».

Вале ҳарчанд кӯшиш кард, ки мисраи дувумро гуфта, байтро тамом кунад, натавонист ва мисраи дувумро аз надими худ пурсид.

Надим гуфт:

– Агар иҷозат диҳед, Нишотро, ки дар зиндон аст, биёваранд, то мисрае суруда, байтро тамом кунад.

Фатҳалишоҳ, бо вуҷуди он ки намехост аз шоири зиндонӣ кумак бихоҳад, барои он ки мисраи худаш нотамом намонад, розӣ шуд. Шоирро ба ҳузури худ талабид ва мисраъро барои ӯ хонд:

«Рӯзи ид асту ба ҳар шоха нами борон аст».

Нишот бетаваққуф ҷавоб дод:

«Рӯзи бахшидани тақсири гунаҳкорон аст».

Бо гуфтани ин мисраи бамаврид шоир озодии худро ба даст овард.

Аз китоби «Лутфи латиф»

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.