Дониш
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат, кордону нуктафаҳм мегардонад. Мегӯянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчун ғизо неру мебахшанд.
Шахсе, ки аз хираду дониш баҳраи кофӣ надорад, ҳамчун инсони аз ғизо маҳруммонда дар зиндагӣ мекалавд ва дар ҷомеа ангуштнамо мегардад.
Афзудани дониши ҳар як инсон ба андозаи омӯзиш, кӯшиш ва талоши ӯ вобастагӣ дорад. Аммо дониш танҳо дар сурате арзиш пайдо мекунад, ки инсон онро дар амал истифода барад.
Зеро гуфтаанд:
Илм чандон ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




