Чаро хониши парандаҳои бешагӣ пурпечутоб аст?
Бисёр парандаҳое, ки дар беша зиндагӣ мекунанд, аз қабили булбул, саъва ва амсоли инҳо дар байни баргҳои зичи дарахту буттаҳо якдигарро намебинанд. Ин барои ҳаёти онҳо хавфнок аст, зеро ҳар лаҳза метавонанд туъмаи парандагони соҳибчанголу ҷонварони даранда гарданд. Бинобар ин, онҳо дар байни шохсорон пинҳон гашта, бо нағмасароии махсус ҳамдигарро аз хатар огоҳ месозанд. Нағмасароиро шунида, парандаҳо ҳатто дар бораи саломатию «кайфият»-и якдигар хулоса мебароранд.
Тӯтии заринтоҷ парандаи дарозумртарини олам аст, ки то 80 сол зиндагӣ мекунад.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




