Зеҳн
Парандаҳо·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

Пирӯзии гунҷишкҳо

Мавсими гандумпазӣ буд. Гунҷишкакон баъди ба серӣ хӯрдани гандуми ширагирифта ба кӯҳу ҷариҳо барои тухмгузорӣ парвоз карда рафтанд. Дар водиҳо гунҷишк хеле кам ба чашм мерасид.

Дар ҷарии баланде, ки сари сероҳа воқеъ буд, гунҷишкҳо ҳар сол лона мегузоштанд. Сӯрохиҳои зиёде, ки бо маҳорати баланд кофта шуда буданд, аз дур намоён буданд. Ба ин ҷо парандагон беист даробаро мекарданд. Ин ҷо «бозор»-и парандагонро мемонд.

Аз назди «бозор»-и парандаҳо мегузаштам. Чир-чири имдодталабонаи ду гунҷишк диққати маро ба худ ҷалб намуд. Зери дарахти писта нишаста, шоҳиди воқеаи ғайримуқаррарӣ гардидам.

Он ду ҷонвар дар гӯшаи канори ҷарӣ лона гузошта буданд. Навдаи калони дарахти пистаи хамзада дар болои лонаи онҳо овезон буд. Гунҷишкон гоҳ дар навдаи дарахти писта ва гоҳе болои лонаи худ парвозкунон, ҳамоно чир-чир карда, бонги изтироб мезаданд.

Аз чунин ранг гирифтани ҳодиса дар ҳайрат мондам. Баногоҳ чашмам ба шохаи поёнии дарахт афтод. Мори бузургҷусса аз болои шохаҳои писта печида-печида ба тарафи лона мехазид.

Гунҷишкҳо ба мор наздик шуда, онро аз назди лонаи худ ронданӣ мешуданд. Вале мор бепарвою ҷасурона ба пеш ҳаракат мекард.

Яке аз гунҷишкҳо якбора ҷониби «бозор»-и парандаҳо парвоз намуд. Дуюмӣ ҳамоно болои сари мор парвозкунон ба ҳаракати душмани худ халал мерасонд.

Дере нагузашта, гунҷишки ба кумак пурсидан рафта бо селаи гунҷишкҳои дигар баргашт. Селаи парандаҳо болои шохаҳои дарахти писта нишаста, беқаророна чир-чиркунон бонги изтироб мезаданд. Онҳо бо ҳамин морро огоҳ карданӣ мешуданд, ки манзили онҳоро бо хубӣ тарк намояд, яъне қаламрави онҳоро риоя кунад.

Ду гунҷишкаки соҳиблона ба мор ҳуҷум карда, хазандаи қотилро ронданӣ мешуданд. Парандаҳои ба кумак омада ҳоло ба ҳамла кардан ҷуръат намекарданд.

Мор ба сӯрохие, ки гунҷишкон дар он тухм гузошта буданд, торафт наздик мешуд. Баробари ба лона расидан, мор сари худро ба он халонд.

Дар ҳамин лаҳза селаи гунҷишкҳо чун абри сиёҳ аз ҷой бархеста, ба «ҳуҷум»-и ногаҳонӣ гузаштанд. Мор чунин ҳамларо интизор набуд. Вай сарашро аз сӯрох берун карда, фашшосзанон парандаҳоро метарсонид. Аммо онҳо ба тани мор беист нӯл мезаданд.

Мор ба ҳамлаи парандаҳо тоб наоварда, роҳи гурезро пеш гирифт. Гунҷишкҳои ба ғазаб омада ғолибияти хешро ҳис намуда, ба мор имконияти гурехтан намедоданд.

Оқибат мор аз шохаи дарахт канда шуда, ба замин, байни сангҳои бузург афтид…

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.