МУРҒИ ҲИЛОЛ
Парандаҳо манбаи бойгарии табиии кишварамон ба шумор рафта, дар зери назорату муҳофизат қарор доранд ва ҳамчун як гурӯҳи хеле зебои ҳайвонот диққати ҳазорон дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб мекунанд. Яке аз чунин парандагон мурғи ҳилол ба ҳисоб меравад, ки намунаи он дар шуъбаи табиати Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Мурғи ҳилол парандаи муқимии баландкӯҳҳои Помири Шарқӣ буда, дар қаторкӯҳҳои Вахон, Сарикӯл ва Аличури Ҷанубӣ паҳн гардидааст. Ин паранда калонҷуса буда, ба қатори мурғмонандҳо, оилаи тазарвҳо дохил мешавад. Дарозии баданаш 55–75 см, вазнаш 2–3 кг аст. Рангаш хокистарии тирагун, парҳои дум ва гарданаш сафед аст. Сари хурд, гардани кӯтоҳи ғафс, пойҳои боқувват дорад. Дар ҷойҳои сералафу буттазор вомехӯрад. Лонаашро дар зери буттаву камари сангпораҳо аз шохчаю пояҳои растанӣ месозад. Мурғи ҳилол аз ҷумлаи парандаҳои нодир ба ҳисоб рафта, рамзи табиати кӯҳсори кишварамон аст ва ҳифзу афзун гардонидани саршумори он бояд дар маркази таваҷҷӯҳи дӯстдорони табиат ва оммаи васеи мардум қарор гирад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




