Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

ҚИССАИ ШАБ...

Муаллим дафтарҳои талабагонро дар хонааш тафтиш мекард. Талабагонаш иншо навишта буданд дар мавзӯи «Орзуи ягонаи ман»...

Ногоҳ муаллим чашмони аз гиря сурхшудаашро ба занаш, ки ҳушу гӯш ба телефони дардастбудааш буд, афканд. Иншои навиштаи талабаро мехонду гиряаш зиёдтар мешуд.

Садои гиряи шавҳарашро шунида ҳамсараш телефонро яксӯ гузошта ба муаллим наздик шуда пурсид:

— Чӣ шудааст? Чӣ навиштааст талабатон?

Муаллим бо овози ларзон иншои талабаашро хонд:

«Орзуи ягонам ин аст, ки мехоҳам телефон шавам. Вақте падарам аз кор ба хона меояд, мехоҳам бо ӯ бозӣ кунам, ҳамсуҳбат шавам, падарам маро аз худ дур карда мегӯяд, хаста шудаам рав бозӣ кун.

Баъд телефонашро гирифта соатҳои дароз ба ӯ менигарад. Хастагиаш меравад.

Ба назди модарам меоям, бо телефон суҳбат дорад. Ҳатто ба гиряву хоҳишҳои ман аҳамият намедиҳад.

Агар мабодо телефони падарам ё модарамро ба дастам гирам, онҳо ба сарам доду фарёд мебардоранд, ки телефонашонро дар ҷояш монам, ки боз афтонда нашиканам.

Падару модарам аз ман дида телефонашонро эҳтиёт мекунанду бисёртар дӯст медоранд. Аз ин сабаб орзу дорам, ки телефон шавам».

Ҳамсари муаллим дар ҳолате, ки аз чашмонаш ашк беист мерехт, гуфт:

— Кош ин кӯдак дар наздам мешуд, ба оғӯшаш мегирифтам.

Муаллим гуфт:

— Ту метавонӣ ӯро ба оғӯш гирӣ. Иншоро писарамон навиштааст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.