Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

ШИКОЯТИ ШАЙТОН

Рӯзе шайтон дар як гӯшаи Масҷидул-Ҳаром истода буд.

Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) саргарми тавофи хонаи Каъба буданд.

Вақте он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи васаллам) аз тавоф фориғ шуданд ва диданд, ки иблис заъифу нотавон ва бо ранги парида канори масҷид истодааст.

Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:

— Эй малъун, чаро чунин заъифу ранҷурӣ?!

Гуфт:

— Аз дасти уммати ту ба ҷон омадам ва гудохта шудам.

Расулуллоҳ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:

— Уммати ман бо ту чӣ кардаанд?

Гуфт:

— Ё Расулаллоҳ, чанд хислате некӯ дар уммати ту ҳаст, ки ман ҳарчӣ талош мекунам, ин хислатро аз эшон баргирам, вале наметавонам.

Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:

— Он хислатҳо, ки туро нороҳат кардаанд, кадоманд?

Шайтони лаъин гуфт:

Ҳангоме, ки бо ҳам мерасанд, салом мекунанд.

Бо ҳам мусоҳафа мекунанд.

Барои анҷом додани ҳар кор, Иншааллоҳ мегӯянд.

Аз гуноҳи кардаашон истиғфор мекунанд.

То номи туро мешунаванд, салавот мефиристанд.

Дар ибтидои ҳар кор, Бисмиллаҳир раҳмонир раҳим мегӯянд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.