Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·14 рӯз пешНашрия

ОЛИМИ НУРОНӢ

Худованд рӯзе аз Азроил пурсид:

— Оё то ба ҳол дар вақти ҷони касеро гирифтан гиря кардӣ?

Азроил ҷавоб дод:

— Як бор хандидам, як бор гиря кардам ва як бори дигар тарсидам!

Хандаам замоне буд, ки бо амри Ту мардеро бояд ҷонашро меситонидам ва ӯро назди дӯкони кафшдӯзӣ пайдо намудам, ки он мард ба кафшдӯз мегуфт, ки кафшамро ба гунае бидӯз, ки як сол равад ва ман ба ҳолаш хандидам ва ҷонашро бо амри ту ситонидам!

Гиряам замоне буд, ки ба ман дастур додӣ, ҷони занеро гирам, ки дар биёбони тафсону беобу дарахт буду ва ҳам дар ҳолати зоймон буд ва баъди зоймони он зан ҷонашро қабз намудам ва ба ҳоли тифлаки навзод гиристам!

Тарсам замоне буд, ки ҷони марди фақеҳ ва олимро бояд меситонидам ва ҳарчанд ба манзилаш наздик мешудам, нураш бештар мегашт!

Ва замоне, ки ҷонашро гирифтам, аз дурахшиши чеҳрааш тарсидам ва ваҳшатзада гаштам!

Дар ин ҳангом Худованд ба Азроил арз кард:

— Медонӣ, ки он олими нуронӣ кӣ буд?

Ӯ ҳамон навзоде ҳаст, ки ҷони модарашро дар саҳрои тафсон гирифта будӣ ва он навзод танҳо дар саҳро монда буд!

Ман масъулияти он тифли навзодро ба ӯҳда доштам!

Ҳаргиз гумон макун, ки бе вуҷуди ман, мавҷуде дар ин олам бесарпаноҳ бимонад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.